bbc.co.uk navigation

Талош барои тағйири номи Ҷумҳурии Озарбойҷон

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 10 Феврал соли 2012 - 08:26

Равобити Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар моҳҳои ахир пуртаниш будааст

Намояндагоне аз ҳизби ҳоким дар порлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон пешниҳод кардаанд, ки номи кишварашонро ба "Озарбойҷони шимолӣ" тағйир диҳанд.

Хабаргузории Тренд хабар додааст, ки Сиёвуш Наврӯзов, намояндаи ҳизби ҳокими "Озарбойҷони навин" гуфтааст, ки ҳамчун кишварҳои Куреи Шимолӣ ва Куреи Ҷанубӣ "беҳтар буд Озарбойҷон ҳам аз он ҷо, ки давлате аст, ки мавриди таҷзия воқеъ шуда, номаш ба Озарбойҷони Шимолӣ тағйир ёбад."

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва истиқлоли Ҷумҳурии Озарбойҷон шуморе аз миллигароёни тундрав дар ин ҷумҳурӣ ҳамвора иддаъоҳое дар бораи манотиқи шимоли ғарбии Эрон ва бахшҳое аз шарқи Туркия матраҳ мекунанд ва хоҳони "иттиҳоди шаҳрҳои озаризабон" таҳти унвони як кишвари воҳид мешаванд.

Фишори сиёсии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳамсоягон

Ба гузориши хабаргузории Тренд, Фазоил Оқомолӣ, аз дигар намояндагони маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфтааст: "Дар сурати баргузории ҳамапурсии дигаре [баро тағйири номи кишвар] ин мавзӯъ бояд ба моддаи 11 қонуни асосӣ афзуда шавад, ки Озарбойҷон муташаккил аз Озарбойҷони шимолӣ, ҷанубӣ ва ғарбӣ аст."

Ба гуфтаи соҳибназарон, тарҳи шуморе аз намояндагони порлумони Озарбойҷон барои тағйири номи кишварашон бо ҳадаф ворид кардани фишорҳои сиёсӣ ба ду ҳамсояи ин кишвар, ба хусус Эрон, матраҳ шудааст.

"Агар кишварҳои мусалмон тикка-тикка шаванд ба сурати роҳаттаре тавассути қудратҳо хурду леҳ мешаванд"

Масъууди Пизишкиён, намояндаи мардуми Табриз дар Маҷлис

Эрон ва Ҷумуҳрии Озарбойҷон ба унвони ду кишвари мусалмон равобити гарме бо якдигар надоранд ва муносиботи ин ду тайи наздик ба бист соле, ки аз истиқлоли Ҷумуҳрии Озарбойҷон мегузарад, дар мавориде тира ва буҳронӣ будааст.

Сукути мақомҳои давлатӣ, вокуниши намояндаи Табриз дар Маҷлис

Мақомҳои давлатии Эрон то кунун ба мартаҳ шудани эҳтимоли тағйири номи Ҷумҳурии Озарбойҷон вокуниш нишон надодаанд, аммо Масъуди Пизишкиён, намояндаи Табриз дар Маҷлиси Эрон ва аз вузарои кобинеи Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар, аз ин тарҳ интиқод кардааст.

Оқои Пизишкиён аз намояндагони порлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон хостааст, ки "ба ҷойи эҷоди маҳдудият ба ваҳдат фикр кунанд" ва монеъи "қатъи равобит" ва заминасозӣ барои "тикка-тикка шудани кишварҳои исломӣ" нашаванд.

Намояндаи Табриз дар Маҷлиси Эрон гуфтааст, ки кишварҳои мусалмон ҳамчун Иттиҳодияи Урупо, ки аз қавмиятҳои мухталифе ташкил шуда, бояд битавонанд марзҳоро бардоранд ва бо доштани пули воҳид заминаи рушди иқтисодӣ, сабот, амният, тавсеъа ва иштиғолро фароҳам кунанд.

Дархости лағви ду муъоҳидаи Гулистон ва Туркманчой

Руасои ҷумҳурии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон соли гузаштаи хуршедӣ (марти 2010-марти 2011) дар ҷараёни иҷлоси раҳбарони кишварҳои соҳилии дарёи Хазар дидор карда буданд

Қудратҳасан Қулиев, намояндаи порлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон, гуфтааст, ки қарордодҳои Туркманчой ва Гулистон "хориҷ аз иродаи мардуми Озарбойҷон тасвиб шудааст ва бояд лағв шавад,"

Ин ду муъоҳида дар поёни ду давра ҷангҳои Эрон ва Русия дар даврони салтанати Фатҳалишоҳи Қоҷор миёни ду кишвар мунаъқид шуд ва тайи он бахшҳое аз мамолики маҳрӯсаи Эрон, аз ҷумла шаҳрҳои Ганҷа, Шакӣ, Шервон, Боку ва Дарбанд (дар Доғистони Русия) ба тасарруфи Русия даромад.

Баҳмани Оқоии Дебо, коршиноси ҳуқуқи байналмилал, мегӯяд, ки давлатҳои феълии Русия ва Эрон давлатҳои ҷонишини имзокунандагони муъоҳидаҳои мазкур ҳастанд ва таҷдиди назар дар муъоҳидоти қадимӣ тавассути давлатҳои ҷойгузин пешбинӣ шудааст.

Ба эътиқоди оқои Дебо, гуфтаҳои намояндагони порлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон "таблиғотӣ" аст ва бо ҳадафи фишори сиёсӣ ба давлати Эрон "матраҳ шудааст."

Сардии равобити Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Равобити Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Исроил яке аз авомили муассир дар боло бурдани сатҳи ихтилофҳои ду кишвари Эрону Ҷумуҳрии Озарбойҷон будааст.

"Қарордодҳои Туркманчой ва Гулистон хориҷ аз иродаи мардуми Озарбойҷон тасвиб шудааст ва бояд лағв шавад"

Ихроҷи намояндаи родю ва телевизиюни давлатии Эрон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон дар пайи эътирози ин кишвар ба муҳтавои барномаҳои шабакаи озаризабони Саҳар яке аз мавориди ихтилофи ду кишвар аст.

Ихтилофи назари Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мавриди як даргирии марзӣ, ки ба кушта шудани як марзбони озарӣ мунҷар шуд, аз дигар масоили ду кишвар дар соли ҷории хуршедӣ (аз марти 2011 то марти 2012) будааст.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон, дар тобистони соли ҷорӣ бо ҳадафи тармими равобити ду кишвар ба Боку сафар кара буд.

Чанд рӯз пас аз сафари оқои Лориҷонӣ сарлашкар (генерал-майор) Ҳасани Фирӯзободӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, дар бораи рафтори мақомҳои озарӣ, ки ӯ онро "ғайримазҳабӣ" тавсиф карда буд ва "ояндаи тирае," ки дар интизори Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Озарбойҷон аст, ҳушдор дода буд.

Дар пайи ин изҳорот Ҷумҳурии Озарбойҷон бо эҳзори сафири Эрон дар Боку ба таври расмӣ ба давлати Эрон эътироз кард.

Таҳаввули тозаи равобити Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоле рух медиҳад, ки давлати Эрон барои даст бардоштан аз барномаи ғанисозии урониюм таҳти фишорҳои камсобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла таҳримҳои густурдаи сиёсиву иқтисодӣ, қарор гирифтааст.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.