Шаҳрдори шаҳри Гуонгжу дар ҷануби Чин вазъи маҳдудияти замонӣ бар тӯли суханронии мақомотро мавриди баррасӣ қарор дода ва гуфтааст, ки дар филмҳои хабарӣ гоҳ мухотабоне дида мешаванд, ки ба хотири тӯлонӣ будани суханрониҳо ба хоб рафтаанд.
Шаҳрдории ин шаҳр дар як суханронии панҷоҳу ҳашт дақиқаӣ дар ҷаласаи шуъбаи маҳаллии Ҳизби кумунист гуфт, ки бояд тӯли суханрониҳо дар ҷаласоти муҳимм ҳадди аксар як соъат ва дар ҷаласоти камаҳамияттар ҳадди аксар ним соъат таъйин шавад.
Як мақоми дигари чинӣ низ ахиран аз ниҳодҳои давлатӣ хостааст, аз интишори матолибе, ки хонандаи чандоне надорад худдорӣ варзанд ва гуфтааст, ки бисёре аз касоне, ки чунин навиштаҳоеро дарёфт мекунанд, пас аз нигоҳе ба унвони матлаб кулли онро дур меандозанд.















