
Олим Бобоев дар асари бемории кабид(ҷигар) даргузашт
Олим Бобоев, овозхони саршинос, ки унвони ҳунарманди шоистаи Тоҷикистонро дошт, дар синни 52-солагӣ дар асари бемории тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Рӯзи 8 феврал ҷанозаи ӯ ба зодгоҳаш ноҳияи Панҷакент интиқол дода шуд.
Олим Бобоев фарзанди Искандар Бобоев, ҳунарманди шинохта ва яке аз тавонотарин ҳунармандони водии Зарафшон, буд.
Баъд аз фориғуттаҳсил шудан аз Донишкадаи ҳунарҳои зебо дар соли 1980 Олим Бобоев ба зодгоҳаш ба ноҳияи Панҷакент бозгашта пас аз чанде ба Душанбе омада, фаъъолияти ҳунарии худро дар дастаи "Ганҷина"-и филормунии давлатӣ шурӯъ кард.
Муддате дар дастаи мақомсароёни родию ва телевизиюн низ кор кардааст. Пас аз нооромиҳои солҳои 1992 дар Тоҷикистон ба зодгоҳаш ноҳияи Панҷакент рафт ва то охири умр онҷо буд ва барои шогирдони мадраса дарси пиёну ва рубоб медод.
Тайи чанд соли ахир Олим Бобоев аз дарди кабид (ҷигар) ранҷ мекашид ва пизишкон иллати марги ӯро низ бемории кабид медонанд. Дар зер назароти чанде аз афроди шинохта дар бораи Олиб Бобоевро мехонед:
Хуршеди Атовулло, рӯзноманигор:
"Хислати озодипарастӣ ва озодихоҳӣ ҳамеша хосси Олим буд. Ӯ ҳамон тавр ки мехост, ҳамон тавр зиндагӣ мекард. Баъд аз рафтанаш аз дастаи "Шашмақом" чандин маротиба аз ӯ хостанд, ки дубора ба ин даста бозгардад, ҳатто чанд муддат ба Душанбе омад ва дар дастаи "Шашмақом" ба кор шуруъ кард, аммо дубора ҳамаро канор гузошту бозгашт ба Панҷакент.

Хуршед: "Олим аз зумраи он ҳунармандоне набуд, ки ба хотири обрӯ ва унвону шуҳрат овозхонӣ кунад"
Ҳамеша он оҳангҳоеро месуруд, ки дилаш мехост. Ҳаргиз ҳеч оҳанги фармоишӣ ва ё бо дархости раҳбарон иҷро накарда буд. Ин ҳам яке аз хислатҳои озодихоҳӣ ва ғурури ӯ буд.
Ҳатто баъд аз рафтанаш аз дастаи "Шашмақом" низ дар аксари ҷашнвораҳои мақомсароён, ки дар Тошканд ва Самарқанд баргузор мешуданд, ширкат мекард ва ҷойи аввалро касб мекард. Ҳунари мақомсароии Олим на танҳо ба мутахассисини мусиқии мақом дар Узбакистон, балки ба мақомҳои баландпояи ин кишвар низ писанд буд.
Дар яке аз ҷашнвораҳои мақом, ки дар Тошканд баргузор шуд, баъди касби ҷойи аввал ба Олим пешниҳод карданд, ки барояш тамоми шароитро фароҳам мекунанд, то дар дастаи мақомсароён дар Тошканд бимонад ва бо забони узбакӣ овоз бихонад.
Аммо Олим мегӯяд ки "ман ҳамеша бо забони тоҷикӣ (форсӣ) мехондам ва ҳаргиз ба забони узбакӣ нахоҳам хонд" ва ин пешниҳодро рад мекунад.
Ончи ки маро ҳамчун як шунаванда ва ҳаводори ҳунари ин сарояндаи асил дилхун мекунад, он аст, ки Олим оҳангҳои носурудаи зиёде дошт ва он тозагиҳо ва он навовариҳое, ки мехост дар мақомсароӣ ворид кунад, бо худаш ба хок бурд.
Чанд сол қабл телевизиюни "Сафина" барномаеро бо ширкати Олим Бобоев таҳия кард, ки суҳбати ҷолибе аз ҳунару эҷодиёт ва ҷаҳони мусиқии мақом дар он буд. Ҳатто наворҳое аз барномаҳои кунсертии Олим дар ин барнома пахш шуданд, ки барои нахустин бор тамошочиёни телевизиюн ин суруду оҳангҳоро медиданду мешуниданд.
Олим аз зумраи он ҳунармандоне набуд, ки ба хотири обрӯ ва унвону шуҳрат овозхонӣ кунад. Ӯ танҳо барои таскини дили худаш овозхонӣ мекард. Ҳар оҳанге, ки месуруд пур аз дард буд, пур аз ишқ буд."
Ҷӯрабек Мурод, овозхони маъруф:
"Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар
Аа фироқи дӯстони пурҳунар.

Ҷӯрабек Мурод: "Хеле мутаассифам, ки мо натавонистем ӯро дубора ба Душанбе биёварем ва ба дастаи мақомсароён ҷалб кунем"
Сад афсус, ки ҳамин гуна як чавони боҳунар дар айни ҷавонӣ аз мо рафт.
Хеле мутаассифам, ки мо натавонистем ӯро дубора ба Душанбе биёварем ва ба дастаи мақомсароён ҷалб кунем.
Овози худододи Олимҷон беҳамто буд, шояд агар як андоза сабр мекард ва баъзе мушкилиҳоро таҳаммул мекард, дар ҳамин дастаи мақом бештар муваффақ мешуд.
Баъзан ду-се одами аз ҷаҳони мусиқӣ ва ҳунар дур бо таърифҳои беасоси худ чандин овозхонҳои хубро гумроҳ мекунанд ва ё баъзан туҳматҳои беасос дар роҳи ҳунар ва эҷод шояд пеш ояд, аммо иродаи қавӣ доштан даркор (лозим), ки ҳамаи инро таҳаммул карда, ба ин васвасаҳо набояд дода шуд.
Мо бояд ки эътибори волоро эътироф карда тавонем. Ҳатто дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Истолин ба беҳтарин ҳунармандон, ба беҳтарин овозхонҳо имтиёз дода буд. Раҳбар бояд аҳли ҳунар ва аҳли қаламро бештар қадр кунад ва сарашонро сила кунаду нозу нузашонро бардорад.
Бадбахтона, мо бештар ба шахсият кордор мешавем ва ҳунару истеъдоди ин шахсиятҳоро нодида мегирем. Дар поёни сухан байте аз Мавлавӣ ёдам омад, ки мегӯяд: "Мо мардуми зиндахору мурда азизем."
Шаҳобиддин Ҳақназаров, коршиноси мусиқӣ
"Олим дар сурудани "Шашмақом" забардаст буд ва мусиқии мақомро бо тамоми нозукиҳояш медонист ва бо овози нотакрор ин навъи мусиқиро хеле хуб иҷро мекард.

Яке аз беҳтарин оҳангҳое, ки Олим Бобоев иҷро кард, "Сарахбори Саразм" буд
Авҷи оҳангҳои "Зебопарӣ" ва ё "Турк"-ро дар сатҳи олӣ иҷро мекард.
Яке аз беҳтарин оҳангҳое, ки иҷро кард, мисли "Сарахбори Саразм" ва он навовариҳое, ки дар ин оҳанг ворид кард, тамоми донандаҳои мусиқии мақомро қоил (қонеъ) карда буд.
Ҳамеша дар фикри он буд, ки оҳангҳои нав бо сабкҳои мухталиф дар сабки мусиқии мақом эҷод кунад. Соли 2001 дар ҷашнвораи "Таронаҳои шарқ" дар Самарқанд мақоми севумро касб кард.
То ба имрӯз ман дар иҷрои авҷи мусиқии мақом ва пурқувватии овоз ба дараҷаи Олим касеро намебинам.
Дили нозук дошт Олимҷон, як ҳарфи ноҷоро зуд ба дил мегирифт ва ҳатто рӯзҳо зери таъсири ҳамин як ҳарф дар ҷаҳони худаш пинҳон мешуд ва бо касе ҳарф намезад, шахси нозукписанд ва нозукмиҷоз буд."
Фурқати Саид, овозхони мақомсаро
"Барои алоқамандони ҳунараш Олим Бобоев аз дастаи "Ганҷина"-и филормунӣ таҳти раҳбарии устод Зафар Нозим муъаррифӣ шуд.

Фурқати Саид: "Олим оҳангҳои "Шашмақом"-ро тоҷикона мехонд"
Агар Олимро яке аз беҳтарин иҷрокунандагони мусиқии "Шашмақом" дар авохири қарни 20 ва авоили қарни 21 бигӯем, хато намекунем. То ба ҳол овози мардонае дар мусиқии мақом дар Тоҷикистон ба саҳна наомадааст.
Ватани худашро, мардуми худашро, хеле дӯст медошт ва аз тоҷик буданаш ифтихор дошт ва ҳамеша оҳангҳои "Шашмақом"-ро тоҷикона мехонд, нолаҳои мусиқии мақомро тоҷикона иҷро мекард.
Чанд соле қабл дар шаҳри Исфара як ҷашнвораи мусиқии суннатӣ баргузор шуд ва аз Узбакистон Раҳматҷон Қурбонови Хоразмӣ, яке аз беҳтарин иҷрокунандагони мусиқии мақом, ҳангоми иҷрои оҳанги мақом яке аз баландтарин парда, пардаи "Ре"-ро гирифт ва толор ба по истода ба ин овозхони узбакистонӣ каф мекуфтанд"
Ва муҷрии ин барнома гуфт: "Куҷо ҳоло он овозхони боҳунаре, ки дар баробари ин овозхони беҳамто овоз бихонад ва обрӯи моро бихарад."
Дар ҳамин миён, Олим Бобоев, ки дар барномаи ин озмун низ номнавис нашуда буд ва бо либоси маъмулии худ ба саҳна рафт ва оҳангеро иҷро кард ва дар авҷи ин тарона пардаи "Ми"-ро гирифт, ки аз пардаи "Ре" баландтар аст.
Пас аз овозхонӣ Олим ба мардуми дар толор нишаста рӯ оварда ва бо табассум гуфт: "Ман номи Тоҷикистонро харидам."
Раҳматҷон Қурбонов бо ҳайрат ба ӯ менигарист. Баъдан Раҳматҷон дасти Олимро гирифт ва ӯро таҳният кард, ки беандоза овози боқуввате дорад.
Оҳанги "Зулфи парешон"-и Нериё Аминовро дар пояи Олим Бобоев то ҳанӯз касе иҷро накардааст.
Ман бовар дорам, ки дар фарҳанги мусиқии тоҷик номи Олим Бобоев сабт хоҳад шуд."















