
Баҳсҳои миёни Тураҷонзодаҳо ва Абдуқодирзода шиаҳои исмоилиро нигарон кардааст
Мурур ба мавзӯъи баҳманмоҳи хунин, қазияи додгоҳии Тӯраҷонзодаҳо ва равобити миёни Тоҷикистон ва Русия аз матолиби мавриди таваҷҷӯҳи нашрияҳои ин ҳафтаи Душанбеанд.
Самак дар матлабе таҳти унвони КГБ гунаҳкори баҳманмоҳ саволи: Гунаҳкорони асосии баҳманмоҳи хунин кистанд? матраҳ кардааст.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби куммунист гуфт: Гунаҳгори воқеъа Горбачев бо командааш буд. Инро ӯ ташкил кард. Мулло ба кумитаи марказӣ чӣ кор дошт? Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос мегӯяд: Қувваҳои озодихоҳ мехостанд мубориза баранд ва системаи идоракуние, ки дар ҳамон вақт буд аз ин чиз тарсид. Фикр мекунам, дасти Маскав ҳам инҷо буд.
Бӯрӣ Каримов, муъовини раиси Шӯрои Вазирони вақт низ дар ин бора мегӯяд: Пуго, Петкел, Веселков, Михайлину дигар аз аҷнабиён, ки ҷилави амнияту дифоъи Тоҷикистони мутеъи Маскав дар дасти инҳо буд.
Аммо нашрияи Тоҷикистон дар матлабе дар ҳамин бора менависад: Касе гунаҳкор намеҷӯяд, вале ҳақиқати таърихро бояд донист!
Ба ин хотир нашрия суратҷаласаи нишасти Бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби куммунисти Тоҷикистон аз рӯзи 2-уми марти соли 1990-ро, ки дар он ҳаводиси 11- 14 феврали ҳамон сол дар баррасӣ шуд, нашр кардааст.
Сархати матлаби Озодагон дар бораи баҳманмоҳ Хуни шаҳидон аз дари қасри ҳукумат шуста шуд? аст. Муаллиф ба аснод, ёддоштҳо ва наворҳои мавҷуд дар бораи ҳаводиси он сол мурур кардааст.
Вай менависад: Бисту ду сол мегузарад аз он рӯзҳои сиёҳ...Тарроҳон ва иҷрогарони аслии қатли тоҷикон нафақат беҷазо намонданд, балки дар курсӣ устувор нишастанд.
Бизнес & Политика, нашрияи русизабони Душанбе матлаберо дар бораи масоили миллатгароӣ дар Русияро таҳти унвони Душанбе-и ростгӯ дар баробари Душанбеи ростгӯ чоп кардааст.
Муаллифи ин матлаб менависад, ки ахиран раиси идораи муҳоҷирати Русия пешниҳод кардааст, ки муҳоҷироне, ки муқарраротро нақз кардаанд, ройгон дар корҳои ҷамъиятӣ истифода шаванд. Вай меафзояд: ...ин гуна бархурд, сахт сиёсати Олмони нозӣ ё замони бардадории Румро ба ёд меорад.
Дар бахши Розҳои пинҳони ҷаноби икс дар Нигоҳ мехонем: Русҳо яку ним аср боз моро дар рӯ ба рӯи фактҳо шинонданд. Чун ҳукуматҳои мо коре барои мо кард наметавонистанд, аз амир Олимхон то ба имрӯз, мо маҷбурем тобеъияти русҳоро тан гирем.
Аммо Фараж Толибҷон Қурбонхонов, сокини тоҷиктабори Русия, ки ахиран оҳанги таблиғотӣ ба тарафдорӣ аз Владимир Путин дар интихоботи қариб-ул-вуқуъи Руисяро иҷро кардааст, ҷеҳраи ҳафта унвон кард.
Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ин нашрия дар сармақолаи худ бо нешханд менависад: Бале, ҳунари истеъдоди овозхонии мо ниҳоят Кремлро низ тасхир кард.
Муаллифи матлабе дар СССР, ки зоҳиран аз намояндагони минтақаи шианишини Тоҷикистон аст, баҳси миёни Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси кумитаи дини Тоҷикистон нигаронкунанда хонд, зеро ҳам муфтӣ ва ҳам қозӣ гоҳо ошкорову гоҳо пардапӯшона аҳли мазҳаби шиаро таҳқиру тундгӯӣ мекунанд."
Некӯшои Иқболшо меафзояд: Мо шиамазҳабони исмоилӣ рӯҳоние надорем, ки ба маросиму мазҳаби дигарон кор гирад ё таҳқир кунад.
Нашрияи Миллат дар матлабе пешниҳод мекунад, ки Шералӣ Гул, Абдураҳим Қаҳҳоров ва Қосим Қосимов бояд истеъфо раванд.
Дар ин матлаб мехонем, Крис Ҳютон, вазири энергетикаи Бритониё барои баланд кардани суръати ҳаракати мошин, истеъфо дод. Шералӣ Гул, вазири энергетика ва Қосим Қосимов, вазири кишварзии мо бояд барои гум шудани миллюнҳо сомонӣ дар ниҳодҳои зери роҳбариашон такон намехуранд.
Нашрия бо дарназардошти ифшои ахири фасоди густарда дар вазорати кишвар таъйиноти ҷадиди Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири қаблии ин вазорат ба симати раиси Шӯрои амниятро таноқузи даҳсолаи ахир унвон кард.
ИмрӯзНюз аз ин ибрози таасуф мекунад, ки сиёсатмадорони тоҷик дар сойтҳои иҷтимоъии интернетӣ фаъъол нестанд.
Вале ҳамзамон муъаллифи ин матлаб аз ибрози назари Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистон дар анҷумане аз Фейсбук дилхур шудааст. Вай ин навиштаи оқои Кабириро, ки қаблан фикр мекардам, ки ҷавонони соҳибандеши мо ангуштшуморанд..., эрод мегирад.
Тоҷикистон матлаберо аз Иззатбеки Идизод, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон бо номи Агар ман Бозор Собир мебудам... чоп кардааст.
Муъаллифи матлаб муаллифони интиқоди Бозор Собир дар нашрияҳоро ба гургоне монанд кардааст, ки гурги маҷрӯҳро то мурданаш мехоянд. Муаллиф менависад, Агар ман Бозор Собир мебудам, барои суханони таҳқиромезатон шуморо ба додгоҳ мекашидам. Дареғо, ки Бозор фарди раҳмдилу дилсӯз аст...















