bbc.co.uk navigation

Эҳтимоли саргирии маъмурияти Иттиҳодияи Араб дар Сурия

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 09 Феврал соли 2012 - 06:14
Мухолифони сурӣ

Даргирӣ дар шаҳри Ҳумси Сурия ҳамчунон идома дорад

Бон Кӣ Мун, дабир кулли Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, Иттиҳодияи Араб барнома дорад, маъмурияташро дар Сурия аз сар бигирад ва барои анҷоми ин кор аз Созмони Милал дархости кумак кардааст.

Бон Кӣ Мун гуфт, шикасти "шум"-и қатъномаи Шӯрои Созмони Милал дар бораи Сурия боъис шуда, ин кишвар "ҷанг алайҳи мардумашро афзоиш диҳад."

Пас аз он ки Русия ва Чин тасвиби ин қатънома дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал шуданд, кишварҳои дигари ҷаҳон дар талошанд роҳи ҳалли ҷадиде пайдо кунанд.

Аз сӯйи дигар нерӯҳои артиши Сурия ба ҳамалоти худ алайҳи мухолифин идома медиҳанд.

Дар пайи бумбборонҳои сангин дар шаҳри Ҳумс садҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Оқои Бон дар идомаи суханони худ дар Созмони Милал гуфт: "Ман нигаронам, ки хушунати ваҳшатноке, ки дар шаҳри Ҳумс шоҳиди он ҳастем, пешзаминае раъбовар барои иттифоқоти бадтар дар оянда бошад.

Ба гуфтаи оқои Бон, Набил Арабӣ, раиси Иттиҳодияи Араб, ба ӯ иттилоъ додааст, ин иттиҳодия қасд дорад маъмурияти пешини худро, ки бо шикаст мувоҷеҳ шуд, бори дигар аз сар бигирад.

Оқои Арабӣ аз Созмони Милал барои азсаргирии ин маъмурият дархости кумак карда ва пешниҳод додааст, як ҳайъати эъзомии муштарак миёни Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб барои ин кор ба вуҷуд ояд.

Оқои Бон гуфт: "Дар рӯзҳои оянда мо бо Иттиҳодияи Араб гуфтугӯ ва ҷузъиётро ниҳоӣ хоҳем кард."

Ӯ идома дод: "Мо бо ҳар амале, ки боъиси беҳбуди вазъият дар ин кишвар шавад, ҳамкорӣ мекунем."

Фурсати аз даст рафта

Пештар Омрико пешниҳоди Русия барои гуфтугӯ миёни давлати Сурия ва мухолифинро радд карда буд.

Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, гуфт, Башор Асад "фурсат" барои гуфтугӯро аз даст додааст.

Оқои Корнӣ идома дод: "Аз рӯзҳои аввали ин иттифоқот дар Сурия режими оқои Асад фурсати гуфтугӯ бо мухолифинро дошт. Аммо ба ҷойи ин ки аз ин фурсат истифода кунад, ӯ мардуми худро ба шиддат мавриди саркӯб қарор дод. Ба назари мо, ин фурсат дигар вуҷуд надорад."

Возеҳ аст, оқои Асад масири худашро мушаххас карда ва ин масир боъиси кушта шудани бисёре аз мардуми Сурия, аз ҷумла кӯдаконе бегуноҳ, шудааст.

Оқои Корнӣ ҳамчунин гуфт, Омрико қасд дорад дар ояндаи наздик бо дигар кишварҳои ҷаҳон гуфтугӯ кунад ва бо онҳо дар бораи роҳҳои таваққуфи куштор ва ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба Сурия музокира кунад.

Аҳмад Довудӯғлу, вазири умури хориҷаи Туркия, низ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, агар Шӯрои Амният муваффақ нашуд аз мардуми Сурия ҳимоят кунад, кишварҳое, ки дар ин замина ҳам ақида ҳастанд, бояд барои пайдо кардани як роҳи ҳалл талош кунанд.

Оқои Довудӯғлу қарор аст ҳафтаи оянда бо Ҳилорӣ Клинтун дар Вошингтун дидор кунад.

Мавқеъияти "асафнок"

Фаъъолони сиёсӣ мегӯянд, хонаҳо дар шаҳри Ҳумс тавассути бумбборон тахриб шудаанд

Дар ин миён маркази "расади ҳуқуқи башар дар Сурия," ки дар Бритониё фаъъолият мекунанд, рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, дар бумбборонҳои шаҳри Ҳумс 50 нафар кушта шуданд. Ҳамчунин ин марказ аз марги дастикам ҳашт нафари дигар хабар додааст.

Шоҳидон дар маҳаллаи Боб Амр аз бумбборони тонкҳо ва тирандозии мусалсал ва хумпораҳо хабар додаанд.

Амр Шокир, як фаъъоли сиёсӣ дар Ҳумс, гуфт: "Вазъият асафнок аст. Мо камбуди ғазову имконоти пизишкӣ дорем. Дуктурҳое ҳам, ки доштем аз хастагии муфрит пас аз кор кардан ба муддати панҷ ё шаш рӯз бидуни вақфа аз по даромадаанд."

Қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз назари Иттиҳодияи Араб ҳимоят мекард, ки дар он пешниҳод шуда буд барои эҷоди тағйир қудрат ба дасти як ҷонишин супурда шавад.

Русия, ки муттаҳиди Сурия аст, эълом карда буд, ин амал ба маънии тағйири режим дар Сурия аст.

Давлати Сурия хушунатҳоро натиҷаи нуфузи нерӯҳои хориҷӣ медонад ва эълом карда, то замоне, ки "назм" дар Ҳумс ба вуҷуд ояд, ҳамалот дар ин шаҳр идома пайдо хоҳад кард.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.