bbc.co.uk navigation

Мухолифати Соркузӣ бо ҳамла ба Эрон

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 09 Феврал соли 2012 - 10:00

Никуло Соркузӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса, гуфтааст, ки ҳамлаи низомӣ ба Эрон равиши дурусте барои бархӯрд бо барномаи энержии ҳастаии ин кишвар нест.

Оқои Соркузӣ рӯзи чаҳоршанбе дар меҳмонии шоме, ки тавасути яке аз аслитарин гурӯҳи яҳудиён дар Фаронса баргузор шуда буд, гуфт, амнияти Исроил барои ӯ муҳимм аст, аммо ҳамлаи низомӣ ба Эрон роҳи ҳалли бархӯрд бо ин мавзӯъ нест.

Ӯ гуфт: "Роҳи ҳалл истифода аз равишҳои сиёсӣ, диплумотик ва таҳрим аст."

Ӯ ҳамчунин изофа кард, мақомҳои Эрон бояд бидонанд, аз "хатти қирмиз" убур кардаанд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.