bbc.co.uk navigation

Туркия мехоҳад барои таваққуфи хушунатҳо дар Сурия эътилоф ташкил диҳад

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 09 Феврал соли 2012 - 07:19
Аҳмад Довудӯғлу

Оқои Довудӯғлу мегӯяд, ки паёми ҳамбастагии ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ҳар чи зудтар ба мардуми Сурия бирасад

Давлати Туркия эълом кардааст, ки қасд дорад барои водор кардани ҳукумати Сурия ба таваққуфи ҳамалоти шадид ба марокизи мухолифони давлат як эътилофи байналмилалӣ ташкил диҳад.

Аҳмад Довудӯғлу, вазири умури хориҷаи Туркия, имрӯз, чаҳоршанбе, 8 феврал (19 баҳман) пеш аз сафар ба Вошингтун гуфт, ки агар Шӯрои Амнияти Созмони Милал наметавонад аз ғайринизомиён дар Сурия ҳимоят кунад, кишварҳои ҳамфикр бояд роҳе барои ин кор пайдо кунанд.

Ӯ гуфт, ки мақомоти ин кишварҳо бояд ҳар чи сареътар бо якдигар мулоқот кунанд, то паёми ҳамбастагии худро ба мардуми Сурия бирасонанд.

Ин пешниҳод мавриди истиқболи давлати Омрико қарор гирифта, аммо Русия нисбат ба ҳар гуна дахолати хориҷӣ дар буҳрони Сурия ҳушдор додаст.

Талошҳои диплумотики байналмилалӣ баро ҷаилавгирӣ аз хушунатҳо дар Сурия пас аз ветуи пешнависи қатъномаи мавриди ҳимояти Ғарб дар Шӯрои Амният тавассути Русияву Чин ноком монд.

Мақомоти ин ду кишвар ақида доштанд, ки дар пешнависи мазкур хушунати мухолифони ҳукумати Башор Асад мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифтааст ва хоҳони таъдили лаҳни қатънома буданд.

Ҳамзамони бо оғози талошҳои ҷадид тавассути давлати Туркия сокинони шаҳри Ҳумс аз идомаи гулӯлаборони сангини бахшҳое аз ин шаҳр тавассути артиш хабар медиҳанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия пештар ба Сергей Лавров, вазири умури хориҷа, гуфта буд, ки омодаи оғози музокира бо мухолифон барои поён додан ба хушунатҳо аст.

Як хабарнигори Би-би-сӣ дар Ҳумс, ки шоҳиди гулӯлаборони шаҳр будааст, мегӯяд, ки сокинони Ҳумс эҳсос мекунанд, ки ҷомеъаи байналмилалӣ онҳоро ба ҳоли худ раҳо кардааст.

Ба гуфтаи фаъъолони мухолиф, ҳукумати Сурия дирӯз ҳудуди 40 нафар дар Ҳумс куштаанд.

Гузоришҳое ҳам дар мавриди қатъи барқ дар саросари ин шаҳр мунташир шудааст.

Ба гуфтаи мухолифони давлат, қатъи барқ боъиси марги теъдоде аз навзодон шудааст, ки дар бемористон дар дастгоҳҳои пизишкӣ нигаҳдорӣ мешуданд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.