
Раиси ҷумҳурии Исроил мегӯяд, ки Ғарб ҳанӯз ҳарфи охарро дар мавриди барномаи атумии Эрон назадааст
Шимун Перез, раиси ҷумҳури Исроил, дирӯз, чаҳоршанбе, 19 баҳман (8 феврал), дар як суханронӣ дар порлумони ин кишвар мустақиман дар мавриди душмании Эрон ва Исроил бо мардуми Эрон сухан гуфт.
Ӯ хитоб ба мардуми Эрон гуфт: "Мо душмани якдигар зода нашудаем ва маҷбур нестем дар душманӣ бо ҳам зиндагӣ кунем."
Оқои Перез аз эрониён хост, ки иҷоза надиҳанд ин душманӣ бар "мероси торихӣ"-и онон соя бияфканад.
Яҳудиён ба Куруши Ҳахоманишӣ, подгоҳи бостонии Эрон, ба далели нақше, ки дар озод шудани бардагони яҳудии Бобул дошт эҳтиром мегузоранд. Ҳамчунин гуфта мешавад, теъдоде аз диплумотҳои эронӣ дар баъзе сафортахонаҳои урупоӣ дар ҷарёни ҷанги ҷаҳонии дуввум наҷоти ҷони теъдоде аз хонаводаҳои яҳудӣ аз саркӯби нозиҳои Олмон кумак кардаанд.
Оқои Перез миллати Эронро миллате фаҳим ва мутамоил ба дӯстиву сулҳ тавсиф кард.
Ӯ дар айни ҳол ба тундӣ аз амалкарди ҳукумати исломии Эрон интиқод кард ва гуфт, ки ин ҳукумат "хатаре воқеъӣ барои кулли башарият" аст.
Оқои Перез гуфт: "Режими феълии Эрон ҳукумате султаҷӯст, ки мехоҳад дар минтақа тасаллут дошта бошад.
Раиси ҷумҳури Исроил бо ёдоварии "ҷиноёти нозиҳо" гуфт, ки дунё бояд аз ин ҷиноёт дарс бигирад.
Ӯ гуфт, ки барои мумонеъат аз такрори ин гуна ҷиноёт аз мавзеъи давлати Омрико ва Иттиҳодияи Урупо дар қиболи Эрон ҳимоят мекунад.
Оқои Перез гуфт: "Муътақидам, ки онҳо ҳанӯз ҳарфи охари худро назадаанд."
Омрико ва Иттиҳодияи Урупо Эронро таҳти фишор қарор додаанд, то даст аз тавсеъаи барномаи атумии худ бардорад.
Исроил ва кишварҳои ғарбӣ ақида доранд, ки Эрон махфиёна дар пайи даст ёфтан ба тавоноии тавлиди таслиҳоти атумӣ аст, аммо Эрон ин иддаъоро радд мекунад.















