
Шаҳрдории Душанбе муддаъист, ки музояда барои харидории минибусҳо ба сурати шаффоф ва одилона баргузор хоҳад шуд
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст барои ҳалли мушкилоти системи ҳамлу нақли мусофирон 150 адад минибус харидорӣ кунад.
Ба ин далел миёни ширкатҳо музояда эълом шудааст. Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдорӣ, мегӯяд, ки ин озмун ба сурати шаффоф ва одилона баргузор хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбеи 8 феврал Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, аз наҳваи баргузории чунин озмун ва музоядаҳо дар кишвар шадидан интиқод кард.
Шавкат Саидов мегӯяд, ки шароити баргузории музояда барои харидории 150 минибус барои шаҳри Душанбе шадидтар шудааст. Аз ҷумла, дар назар аст, ки таҷрубаи ширкатҳо дар заминаи иҷрои муқаррароти чунин музояда дар се соли ахир ба назар гирифта шавад.
Ҳамчунин, эҳтимоли ба додгоҳ кашида шудани ин ширкатҳо ва пардохтҳои молиётии ин ширкатҳо таҳқиқ карда мешаванд.
Вай хабар дод, ки шаҳрдорӣ ҳамчунин шартҳое гузоштааст, ки минибусҳо бояд бо сӯхти дизелӣ кор кунанд ва на камтар аз 12 ҷойи нишаст барои мусофирон дошта бошанд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки муҳаррики ин минибусҳо бояд бо меъёрҳои мусофирбарии мавсум ба ЕВРО-3, ки дар кишварҳои урупоӣ роиҷ аст, мутобиқ бошад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбе аъзои порлумони Тоҷикистон қонуни ин кишвар дар бораи харидорӣ ва иҷрои супоришҳои давлатиро ислоҳ карданд.

Шукурҷон Зуҳуров мегӯяд, ки барои пирӯзӣ дар музояда ё тендер соҳибкорон ришва медиҳанд
Дилмурод Давлатов, раиси Идораи харидорӣ ва иҷрои супоришҳои давлатии Тоҷикистон, ба вакилони порлумон гуфт, ки ҳадаф аз ислоҳи ин қонун ҷилавгирӣ аз фасод ва лағви имтиёзот барои ширкатҳое аст, ки худ тавлидкунанда нестанд.
Вай хабар дод, ки тибқи ин ислоҳот, шароити баргузории музоядаҳо ё тендерҳо бо меъёрҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, ки Тоҷикистон барои касби узвият дар ин созмон талош дорад, мутобиқ мешаванд.
Вай афзуд, ки дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон музоядаҳо барои харидорӣ ва ё иҷрои супоришҳои давлатӣ ба маблағи як милёрду 280 милюн сомонӣ баргузор хоҳанд шуд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷараёни баррасии ин ислоҳия аз оқои Давлатов хост, ки шаффофият ва риъояти қонун зимни баргузории ин музоядаҳо таъмин карда шавад.
Вай гуфт: Ҳоло дар миёни мардум ва мақомот чунин сару садоҳое паҳн шудаанд, ки бидуни додани ришва пирӯзӣ дар ин тендерҳо ғайримумкин аст. Пардохти ришва дар ниҳоят ба кайфияти умури сохтмонӣ ва колоҳои харидоришуда таъсир мегузорад. Зеро соҳибкорон бояд маблағи ришваро ҷуброн кунанд.
Оқои Зуҳуров пешниҳод кард, ки ба кумисиюнҳои баргузории музоядаҳо танҳо афроди ҳирфаӣ, вакилони порлумон ва намояндагони расонаҳои гурӯҳӣ ҷалб карда шаванд ва аз ин роҳ бо фасод дар ин замина мубориза шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид кард, ки дар чунин озмунҳо бояд бештар ба ширкатҳои тавлидкунандаи дохилии Тоҷикистон авлавият дода шавад.
Ба гуфтаи вай, дар гузашта мавориде буда, ки ҳатто ғизо барои ниҳодҳои низомӣ ва интизомии Тоҷикистон аз ширкатҳои хориҷӣ харидорӣ шудааст.















