bbc.co.uk navigation

Ҳазфи "давраи ҷанги дохилӣ"-и Афғонистон аз китобҳои дарсӣ

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 08 Феврал соли 2012 - 09:35
Донишомӯзони афғон

Мунтақидон мегӯянд, ҳазфи давраи ҷанҳои дохилӣ аз китобҳо таҳти фишори фармондеҳони собиқи ҷиҳод сурат гирифтааст

Вазорати маъорифи (омӯзишу парвариши) Афғонистон мегӯяд, ки бахше аз торихи чиҳил соли ахирро, ки ба хушунатҳо марбут мешавад, аз китобҳои дарсии торихи мадрасаҳо ҳазф кардааст.

Масъулони Вазорати маъориф мегӯянд, далели ин иқдом "таъмини ваҳдати миллӣ" дар миёни насли ҷадиди афғонҳо ва ҷилавгирӣ аз густариши фарҳанги хушунату кинатӯзӣ дар миёни онҳо аст.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ҳазфи рӯйдодҳои чиҳил соли ахир ах китобҳои дарсӣ ба дастури касоне сурат гирифтааст, ки намехоҳанд корномаҳояшон сабти торих шавад.

Афғонистон дар ҳудуди сиву панҷ соли ахир даргири ҷанги дохилӣ будааст.

Дар ин солҳо ҷангҳои сахте миёни ақвоми мухталифи сокин дар Афғонистон ҷараён дошт.

Ҳанӯз омори дақиқ аз талафоти инсонии ҷангҳои дохилии се даҳаи ахир миёни гурӯҳҳои муҷоҳидин ва ҳамчунин ҷангҳо байни гурӯҳҳои муҷоҳидину Толибон дар даст нест.

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар борҳо дар гузоришҳое, ки мунташир кардаанд, аз вуқӯъи ҷиноёти зидди башарӣ ва наслкушӣ дар ин солҳо ёд кардаанд.

Афзун бар талафоти инсонӣ, зиёнҳои иқтисодиву фарҳангии зиёде низ дар ин солҳо ба бор омад: шаҳри Коблу ба шиддат осеб дид ва дар замони Толибон муҷассамаҳои бузурги Буддо дар Бомиён ва ҳамчунин тамомии муҷассамаҳои бо арзише, ки дар музеҳои Афғонистон буд, нобуд шуданд.

Шуморе аз касоне, ки фармондеҳии ҷангҳоро дар даст доштанд, дар ҳоли ҳозир курсиҳои муҳиммеро дар давлати Афғонистон дар ихтиёр доранд.

Ҳабибуллоҳи Рафеъ, нависанда ва пажӯҳишгари афғон, мегӯяд, Вазорати омӯзишу парвариш ба лиҳози қонунӣ ҳаққ надорад бахше аз торихи кишварро ҳазф кунад.

Ӯ мегӯяд: "Торих зиндагиномаи миллатҳо аст. Торихро наметавон тағйир дод. Торих нигошта мешавад ва ҳифз мешавад. Торихи Афғонистон пурифтихор аст ва торихи муборизаи миллат дар баробари таҷовуз аст. Аммо баъзе гурӯҳҳое, ки дар Афғонистон ҷанг карданд, ҷанги онҳо бар сари қудрат буд ва миллат дар он шомил нашуд."

Оқои Рафеъ меафзояд: "Ин масоил ҳама бояд сабти торих шаванд: ҳам фидокории миллати Афғонистон ва ҳам хиёнати як иддае, ки хостанд миёни ақвоми Афғонистон нифоқ бияндозанд."

Аммо мақомҳои Вазорати маъорифи Афғонистон намепазиранд, ки касе ё касоне барои ҳазфи ин барҳа аз торихи Афғонистон бар онҳо фишор оварда бошад.

Амонуллоҳи Имон, сухангӯйи Вазорати маъориф, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин тасмим чанд сол пеш гирифта шуд.

Оқои Имон гуфт: "Ҳашт сол пеш замоне, ки рӯйи тартиби нисоби дарсӣ суҳбат мешуд, тасмим гирифта шуд, ки аз баҳс рӯйи шахсиятҳо (афроде, ки дар ҳаводиси ҷиҳил соли ахир даргир будаанд) сарфи назар карда ва онро ба наслҳои баъдӣ вогузор кунем."

Ӯ афзуд: "Рӯйдодҳои муҳимм монанди тасвиби қонуни асосӣ, баргузории Луя Ҷиргаҳои Афғонистон ҳазф нашудаанд, аммо аз табсира дар мавриди шахсиятҳо худдорӣ кардаем."

Китобҳои дарсии мадориси Афғонистон дар чиҳил соли ахир чанд бор бар асоси хости низомҳои ҳоким тағйир кардааст.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.