bbc.co.uk navigation

Таъйини сақфи ҳуқуқи бознишастагӣ барои маълулон

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 08 Феврал соли 2012 - 11:00
Раҳмон

Давлати Тоҷикистон пайваста мегӯяд, ки сиёсати иҷтимоъиро дар авлавият қарор медиҳад

Порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонун дар бораи ҳуқуқи бознишастагӣ сақфе барои ҳуқуқи куҳансолони маълул муқаррар кардааст.

Тибқи ин ислоҳот, аз ин ба баъд сақфи (потолоки) ҳуқуқи бознишастагӣ 800 сомонӣ таъйин шуда ва бознишастагони маълул ҳақ надоранд бештар аз ин маъош бигиранд.

Дар гузашта ин мизон маҳдуд набуд ва бархе аз бознишастаҳо беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҳуқуқ дарёфт мекарданд. Аммо барои бознишастагоне, ки маълул нестанд, сақфи ҳуқуқ 400 сомонӣ буд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон, зимни муъаррифии ин санад ба аъзои порлумон гуфт, ки ислоҳи қонуни ҳуқуқи бознишастагӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз фасод дар ин замина ва ҳисоби дурусти маъоши бознишастагон сурат мегирад.

Аз ҷумла, вай хабар дод, ки аз ин ба баъд сарфи назар аз мизони маъоши бознишастагӣ, дар сурати фавти як фарди бознишаста пайвандони вай аз давлат як бор ба маблағи 800 сомонӣ кумакпулӣ хоҳанд гирифт. Дар гузашта ин рақам бо мизони маъоши бознишастагии куҳансолон мутобиқ буд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, низ мӯътақид аст, ки ҳадафи ислоҳи ин қонун беҳбуди вазъи таъмини иҷтимоъии сокинон аст. Вай гуфт: “Мақсуди мо ин аст, ки роҳҳои афзоиши ҳуқуқи бознишастагии куҳансолонро пайдо кунем.”

Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров муътақид аст, ки ислоҳоти қонуни ҳуқуқи бознишастагӣ ҳифзи иҷтимоии сокинонро ҳадаф дорад

Вай иттилоъ дод, ки ҳоло дар кишвар 585 ҳазор нафар аз афроди бознишаста ба сар мебаранд. Аз ин миён 375 ҳазор нафар ҳар моҳ аз давлат 80 то 150 сомонӣ ҳуқуқ дарёфт мекунанд. Маъоши куҳансолони боқимонда аз 150 то 400 сомонӣ будааст.

Зимни баррасии ислоҳияи қонун дар бораи ҳуқуқи бознишастагӣ мубоҳисоти тунде дар мавриди маъоши куҳансолони маълул дар порлумон сурат гирифт. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 11,5 ҳазор нафар аз куҳансолони маълул аз 400 ва беш аз 10 ҳазор сомонӣ маъош мегиранд. Аз ин миён 110 нафар беш аз ду ҳазор сомонӣ ва 124 нафар ҳудуди 10 ҳазор сомонӣ музд мегиранд.

Ба гуфтаи оқои Зуҳуров, "таҳлилҳо" собит карданд, ки бештари ин афрод, ки қаблан кормандони бонкҳо ва муассисоти молӣ буданд, то ҳол шуғл доранд ва ҳамзамон аз ҳаққи дарёфти чунин маъоши баланди бознишастагӣ бархурдор ҳастанд.

Вай афзуд: “Ҳамасола давлати Тоҷикистон барои пардохти ҳуқуқи бознишастагии ин гурӯҳи 11,5-ҳазорнафарӣ 110 милюн сомонӣ ихтисос медиҳад. Дар ҳоле ки маъоши кӯдакони маълул 210 сомонӣ асту теъдоди куллияи маълулон дар Тоҷикистон 220 ҳазор нафар мебошад.”

Ҳамакнун, бо ислоҳи ин қонун куҳансолони маълул метавонанд на бештар аз 800 сомонӣ маъоши бознишастагӣ дарёфт кунанд. Оқои Зуҳуров пешниҳод кард, ки дар оянда барои лағви маҳдудият дар маъоши бознишастагони дигар, ки ҳоло то 400 сомонӣ муъайян шудааст, иқдом бояд кард.

Шодӣ Шабдолов

Раҳбари куммунистҳои тоҷик мухолифи ислоҳи қонуни ҳуқуқи бознишастагӣ шуд

Вале бархе аз аъзои порлумон аз чунин наҳваи ислоҳи қонуни ҳуқуқи бознишастагӣ шадидан интиқод карданд. Аз ҷумла, Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, гуфт, ки чунин ислоҳот мухолифи арзишҳои ҳифзи иҷтимоъии сокинон, бавижа кӯдакони маълул, аст.

Ба гуфтаи вай, қонуни феълӣ замонат медиҳад, ки шахси маълул 75 дарсади музди кории худро ба унвони маъоши бознишастагӣ дарёфт кунад.

Вай афзуд: “Шояд ин шахс дар гузашта маъоши баланд дошт ва молиёти зиёде пардохт кардааст. Вале ҳоло бояд танҳо 800 сомонӣ маъош бигирад. Ин рақам се маротиба камтар аз меъёри феълӣ аст.”

Вале эътирозоти мухолифони ин ислоҳот натиҷае дар пай надошт ва Маҷлиси намояндагон бо аксарияти оро ва танҳо бо чаҳор раъйи мухолиф аз ин санад пуштибонӣ кард.

Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси масоили иҷтимоъӣ, мегӯяд, ки барояш шарҳи чунин тасмими порлумон хеле душвор аст, зеро бо ин иқдом аз арзишҳои марбут ба адолати иҷтимоъӣ сарфи назар шудааст.

Вай афзуд: “Вале чунин ба назар мерасад, ки буҷети давлати Тоҷикистон бо мушкилоте рӯбарӯ аст ва давлат талош дорад, ки аз ин роҳ хароҷоти худро коҳиш бидиҳад.”

Аз сӯйи дигар, давлати Тоҷикистон сиёсати худро пайваста иҷтимоъӣ унвон карда ва иддаъо дорад, ки бахши умдаи буҷети кишвар барои ҳалли масоили иҷтимоъӣ ҳазина мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ахиран гузориш шуд, ки бархе аз теотрҳои шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд маъоши кормандони бознишастаи худро, ки ҳамзамон дар теотр кор мекарданд, коҳиш бидиҳанд.

Иддае аз масъулони теотрҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд бо сарфаҷӯйӣ кардан аз маъоши бузургсолон ҷавонони бештареро ба кор дар теотр ҷалб кунанд, вале манобеъи огоҳ мегӯянд, ки давлат мехоҳад бо коҳиши ҳазинаҳои худ дар ин замина барои тарҳҳои дигар сармоя андӯзад.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.