bbc.co.uk navigation

Мавҷи дастгириҳо дар иртибот бо Би-би-сӣ таъйид шуд

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 07 Феврал соли 2012 - 08:53

Сухангӯйи Би-би-сӣ бори дигар таъкид карда, ки бахши форсии ин созмон ҳеч намояндае дар Эрон надорад

Хабаргузории Меҳр ба нақл аз як манбаъи амнияти Эрон дастгирии афроде, ки ӯ онҳоро "ҳамкорони Би-би-сии форсӣ дар Эрон" номида, таъйид кардааст.

Ин манбаъи амниятӣ ба хабргузории Меҳр гуфтааст, ки ин афрод "ба далели ҷамъоварии ахбору иттилоъот, тавлиди муҳтаво, ҷазб, омӯзиш, истихдом ва хуруҷи нухбагони расонаӣ аз Эрон" дасгир шудаанд.

Як сухангӯйи Би-би-сӣ рӯзи душанбе, 17 баҳман (шашуми феврал), дар вокуниш ба ин иддаъо гуфта, чунин гузоришҳое бепояи ахир фишори ҳукумати Эрон ба коркунони Би-би-сии форсиро таъйид мекунад.

Би-би-сӣ мегӯяд, ин навъ гузоришҳо "бояд мояи нигаронии амиқи ҳама касоне бошад, ки ба вуҷуди расонаи озоду мустақил эътиқод доранд."

Сухангӯйи Би-би-сӣ гуфтааст, иттиҳомоти матраҳшуда нишон медиҳад, ки мақомҳои эронӣ дар талоши пайваста барои иръоб (тарсондан) ва боздошти касоне ҳастанд, ки ба иддаъои ҳукумати Эрон бо бахши форсии Би-би-сӣ иртибот доранд.

Федеросиюни Байналмилалии Рӯзноманигорон ҳам имрӯз бо судури баёнияе эъмоли фишори ҳукумати Эрон ба бастагон ва дӯстони коркунони Би-би-сии форсиро маҳкум кард.

Эрнест Согого, мудири бахши иртиботот ва ҳуқуқи башари Федеросиюни Байналмилалии Рӯзноманигорон дар гуфтугӯ бо телевизиюни форсии Би-би-сӣ гуфт, таҳаввулоти ҷадиде тайи се соли гузашта дар Эрон иттифоқ уфтода ва он саркӯби шадиди расонаҳост, ки баъд аз интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ рӯй дода ва он замон ҳам рӯзноманигорони зиёде боздошт шуданд ва теъдоде ҳам фирор карданд.

Ӯ гуфт, ин федеросиюн аз он замон корзореро шурӯъ кард, ки мақомот озодии ин рӯзноманигоронро фароҳам кунад ва ҳам фишор ба давлати Эрон ворид кунад, ки аз озору азият ва аръобу таҳдиди рӯзноманигорон даст бардоранд, вале ба рағми гузашти се сол ҳанӯз ҳеч нишонае аз беҳбуди авзоъ дида намешавад.

Оқои Согого афзуд, иқдомоти ахир нишон медиҳад, ки давлати Эрон ба талошҳои худ алайҳи озодии баён идома медиҳад.

Маъмурони амниятии Эрон дар ҳафтаҳои ахир бо озору азият ва боздошти аъзои хонавода ё наздикони теъдоде аз кормандони Би-би-сии форсӣ талош кардаанд, ки онҳоро таҳти фишор қарор диҳанд.

Сухангӯйи Би-би-сӣ бори дигар таъкид кард, ки бахши форсии ин созмон ҳеч намояндае дар Эрон надорад ва ҳеч шахсе дар Эрон барои Би-би-сии форсӣ кор намекунад. Ӯ гуфт, ки мо ҳар гуна иқдом алайҳи хонаводаҳо ва ошноёни коркунони Би-би-сии форсиро қавиян маҳкум мекунем.

Би-би-сӣ аз давлатҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ хостааст, то ҳадди аксари фишори худро барои поён додан ба "аръоб ва сонсур"-и давлати Эрон алайҳи рӯзноманигорон ва фаъъолиятҳои мустақили хабарӣ ба ин давлат ворид кунанд.

Пештар Морк Томпсун, мудири кулли Би-би-сӣ, аз афзоиши фишори дастгоҳҳои амниятии Эрон бар ин шабакаи хабарӣ ва дастгирии чанд тан аз бастагону ошноёни кормандони Би-би-сии форсӣ интиқод карда буд.

Ӯ аз мақомҳои расмии Эрон хост, ки бо ин иқдомот бархӯрд кунанд.

Оқои Томпсун шеваҳои ҷадиди бархӯрд бо коркунони Би-би-сии форсиро дар идомаи эҷоди ихтилол ва ирсоли порозит рӯйи шабакаҳои телевизиюнии байналмилалӣ, аз ҷумла телевизиюни "Би-би-сии форсӣ" арзёбӣ кард, ки боъис мешавад, мардуми Эрон натавонанд ба ҷараёни озоди иттилоъот дастрасӣ дошта бошанд.

Пештар созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар ва Кемпейни Байналмилалии Ҳуқуқи Башари Эрон бо интишори иттилоъияиҳои ҷудогона фишорҳои ҳукумати Эрон алайҳи баъзе аз коркунони Би-би-сии форсиро маҳкум карда буданд.

Созмонҳои ғайридавлатии мудофеъи ҳуқуқи башар хоҳони поён ёфтани фаврии ин фишорҳо шудаанд.

Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, бо ишора ба иқдоми маъмурони амниятии Эрон дар боздошти узви хонаводаи яке аз коркунони бахши форсии Би-би-сӣ ин корро "як иқдоми шанеъ (зишт) ва ғайриинсонӣ" хонда ва онро маҳкум карда буд.

Созмонҳои мустақили мудофеъи ҳуқуқи башар, бо интиқод аз нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон, нисбат ба фишори густурдаи рӯзноманигорони ин кишвар ҳушдор додаанд.

Кумитеи Муҳофизат аз Рӯзноманигорон дар тозатарин гузориши худ гуфтааст, ки Эрон дар соли 2011-и мелодӣ боз ҳам "бузургтарин зиндони рӯзноманигрони ҷаҳон" будааст.

Мақомҳои эронӣ ин гузоришҳоро радд мекунанд ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, мегӯяд, ки ин кишвар "оздтарин кишвари ҷаҳон аст."

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.