bbc.co.uk navigation

Владимир Путин аз "демукросии интернетӣ" ҳимоят мекунад

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 06 Феврал соли 2012 - 08:15
Путин

Владимир Путин дар бораи демукросӣ дар нашряи "Коммерсант" мақола навишт

Владимир Путин, нахуствазири Русия ва номзад ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар мақолаи навбатии пешазинтихоботии худро ба мавзӯъи демукросӣ бахшидааст.

Дар мақолаи мавсум ба “Демукросӣ ва кайфияти давлат”, ки дар нашрияи “Коммерсантъ” чоп шуд, оқои Путин шаклҳои нави ширкати мардум дар умури давлатдориро пешниҳод кардааст.

Оқои Путин аз ин оғоз мекунад, ки рушди ҷомеъа бидуни давлати кордон имкон надорад ва демукросии воқеъӣ давлатест, ки ба манфиъати ҷомеъа фаъъолият мекунад.

Нахуствазир меафзояд, ки демукросӣ баякбор бунёд намешавад ва зарур аст, ки ҷомеъа барои истифодаи мекониcмҳои демукросӣ омода бошад.

Ӯ менависад, ки демукросӣ дар он сурат ба дард мехӯрад, ки одамон омода ҳастанд ба таври муназзам барои ширкат дар раванди давлатдорӣ вақт ва энержии худро сарф кунанд.

Ба бовари оқои Путин истибдоди “нухбагони” худинтисобӣ дар солҳои 1990 дар Русия, ки “манофеъи мардуми оддиро рӯйирост нодида мегирифтанд, боъиси нобоварии устувори мардум ба демукросӣ ва худдории онҳо аз ширкат дар ҳаёти маданӣ мунҷар шуд.”

"Демукросӣ дар он сурат ба дард мехурад, ки одамон омода ҳастанд ба таври муназзам барои ширкат дар равандаи давлатдорӣ вақт ва энержии худро сарф кунанд."

Владимир Путин

Оқои Путин исрор дорад, ки ҷомеъаи Русия “раванди мушкили рушдро” пушти сар гузоштаа дар солҳои 2000 дар кишвар сиёсате ба кор омад, ки зина ба зина манофеъи мардумро таҷассум мекард.

Ба навиштаи ӯ, пас аз ин ки давлат, яъне ӯ ва Дмитрий Медведев, ба ҷомеъа ҳуқуқҳои асосӣ, яъне ҳаққ барои кор ва даромад, таҳсил ва хадамоти ройгони беҳдоштиро фароҳам карданд, ҳоло ҷамъяити Русия аз ҷамъияти солҳои 2000 тафовут дорад, чун сарватмандтар, таҳсилкардатар ва сахтгиртар шудааст.

Оқои Путин менависад: “Ҳадафи мо ҳам ҳамин буд”.

Дар бораи рушди демукросӣ

Бо ишора ба ин, ки ҷомеъаи Русия "акнун ба балоғат расидааст", оқои Путин менависад: “Мо бояд меконисмҳои демукросии худро таҷдиди назар кунем, то ба ҷомеъаи мадание, ки фаъъолтар шудааст, фурсати ширкати бештар бидиҳем.”

Оқои Путин мегӯяд, ҳоло чандин пешниҳод барои озодтар кардани низоми ҳизбӣ дар дасти баррасии порлумон аст, ки лағви зарурати ҷамъоварии имзоҳо барои ширкат дар интихоботи Думо ва ниҳодҳои давлатии ноҳияӣ, ва коҳиши шумори имзоҳо барои сабти ном дар номзадӣ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз ин пешниҳодҳо будааст.

Аз сӯйи дигар нахуствазири Русия дар мақолааш пешниҳод мекунад, ки бо дарназардошти қарор доштан дар “қарни иттилоъотӣ”, давлат бояд меконисми вокуниши сареъ ба ниёзҳои ҷомеъаро омӯзад. Вай аз тарроҳони вебгоҳҳо хостааст, дар ин росто ба давлат кумак расонанд.

"Порлумон бояд ҳар тарҳ ва пешниҳодеро, ки аз сӯйи шаҳрванди Русия пешниҳод шудааст ва дар вебгоҳ беш аз сад ҳазор имзо ҷамъ кардааст, баррасӣ кунад."

Владимир Путин

Вай таъкид кард, ки бояд вебгоҳҳое тарроҳӣ шаванд, ки миёни давлат ва мардум пулеро ба миён биёрад ва мардум аз тариқи онҳо тавонанд, масоили худро матраҳ кунанд. Пешниҳоди вай дар ин замина ин аст, ки порлумон бояд ҳар пешниҳодеро аз сӯйи ҷомеъа, ки дар вебгоҳ беш аз сад ҳазор имзо ҷамъ кардааст, баррасӣ кунад.

Афзун бар ин, оқои Путин менависад, ки тавассути ончи вай “демукросии интернетӣ” меномад, метавон ҳамапурсиҳо баргузор кард, “ба хусус ҳамапурсиҳо дар сатҳи шаҳрдорӣ ва ноҳияӣ”.

Оқои Путин барои мисол пешниҳод кардааст, ки бигузор мардум андешаи худро дар бораи фаъъолияти ин ё он мақом дар поёни ҳар сол аз тариқи ҳамапурсӣ баён кунанд.

Вай мегӯяд, ки мардум бояд тавонанд “дар сатҳи шаҳрдорӣ ва ноҳияӣ раъйгирӣ кунанд, ҳамапурсиҳои дохилӣ баргузор кунанд ва мушкилоти худро аз ин тариқ матраҳ ва ҳалл кунанд.”

Нахуствазири Русия пешниҳод мекунад, ки барои ғайримутамарказсозии ҳукумат бояд ба низоми интихоботи губернаторҳо баргашт.Оқои Путин дар ин бора меафзояд, ки "ҳамзамон фишанги кунтрул дар дасти раиси ҷумҳур боқӣ хоҳад монд, барои мисол ҳаққи раиси ҷумҳурӣ барои барканории губернотур вуҷуд хоҳад дошт."

Ба бовари оқои Путин чунин рӯйкард "омезиши мутаодили" тамаркуз ва ғайримутамарказсозиро фароҳам мекунад.

Дар мақола мехонем: "Марказ бояд тавони қисмат кардан ё ҷобаҷосозии салоҳиятҳои худро дошта бошад. Афзун бар ин, чунин рӯйкард бояд дар заминаи натанҳо салоҳиятҳо, балки манобеъи сармоягузории буҷетҳои маҳаллӣ ва ноҳиявӣ низ ба кор гирифта шавад."

Вале номзад ба раёсати ҷумҳурии Русия таъкид мекунад: "Аммо дар баробари ин набояд идораи давлатро аз даст дод. Парокандасозии қудрати давлатӣ амре номумкин аст."

Зимнан дар мақолаҳои қаблии пешазинтихоботии худ, Владимир Путин, нахуствазир ва номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ба мавзӯъоти гузор аз бӯҳрони иқтисодӣ, масоили муҳоҷирон ва миллатгароӣ ва ҳадафҳои сиёсии Русия пардохта буд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.