bbc.co.uk navigation

Сафорати Тоҷикистон аз марги ду муҳоҷир хабар дод

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 06 Феврал соли 2012 - 05:18

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст, ки рӯзи якуми феврал Тоҳир Каримов, шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Удинсувои Русия кушта шуд.

Бино ба иттилоъи ниҳодҳои интизомии Русия дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва як шаҳрванди Русия боздошт шудааст.

Бино ба гуфтаи масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон 30-юми январ дар ҳамин шаҳр ба далели беморӣ ҷони худро аз даст додааст.

Аҷсоди ҳар ду шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймоҳо ба ин кишвар интиқол ёфтанд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.