bbc.co.uk navigation

Даргирии пулис ва муътаризон дар шимоли Афғонистон

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 06 Феврал соли 2012 - 09:24
Сайид Анвари Раҳматӣ

Волии Сарипул ин тазоҳуротро "шӯрише тамомъайёр" тавсиф кардааст

Тазоҳуркунандагони муътариз дар вилояти (устони) Сарипул дар шимоли Афғонистон ба дафтари волӣ (устондор) ҳуҷум бурда ва хушунат дар ҷарёни ин тазоҳурот талафоте ба ҷо гузоштааст.

Сайид Анвари Раҳматӣ, волии Сарипул, рӯзи якшанбе, 16 баҳман (5 феврал), дар гуфтугӯйе бо Би-би-сӣ ин тазоҳуротро "шӯрише тамомъайёр" хонд ва гуфт, ки ин эътирозот аз сӯйи гурӯҳҳое, ки ба гуфтаи ӯ аз қудрат баруфтодаанд, созмондеҳӣ шудааст.

Аммо ӯ аз ироаи тавзеҳи бештар дар бораи ҳувияти ин гурӯҳҳо худдорӣ кард.

Оқои Раҳматӣ афзуд, ки муътаризон ба дафтари маҳалли кори ӯ ҳуҷум бурданд, бахшҳое аз ин дафтарро тахриб карданд ва барои муддати кӯтоҳе дафтари кори ӯро ҳам ишғол карданд.

Ӯ афзуд, ки дар пайи ҳуҷуми ин муътаризон аз дафтари худ хориҷ шуда ва дар ҳоли ҳозир дар маҳалле берун аз дафтари худ ба сар мебарад.

Волии Сарипул таъйид кард, ки дар асари ин тазоҳурот як нафар кушат ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.

Сахӣ Коргар Нурӯғлӣ, сухангӯйи Вазорати беҳдошт ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҷасади як фарди кушташуда ва нуҳ нафари захмӣ ба бемористони Сарипул мунтақил шудааст.

Оқои Нурӯғлӣ афзуд, ки яке аз афроди захмӣ ба асари гулӯла захмӣ шуда ва бақия дар асари оташсӯзӣ дучори сӯхтагӣ шудаанд.

Бархе аз муътаризон ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки онҳо ба далели адами расидагӣ ба парвандаи таҷовузи ҷинсӣ, ки дар он яке аз муҳофизони волии Сарипул муттаҳам аст, иқдом ба тазоҳурот кардаанд.

Оқои Раҳматӣ ин иддаъоро радд кард ва гуфт, ки ин парванда дар додгоҳи Сарипул дар дасти баррасӣ аст ва фарди муттаҳам ҳам дар зиндон аст.

Ӯ таъкид кард, ки созмондиҳандагони тазоҳурот ин мавзӯъро "баҳонае" барои иқдомоти "ғайриқонунӣ"-и худ қарор додаанд.

Оқои Раҳматӣ дар гуфтугӯйи худ бо Би-би-сӣ гуфт, ки тазоҳурот ҳамчунон идома дорад ва зоҳиран муътаризон бо барпойии чодар дар муқобили дафтари ӯ тасмим ба идомаи иқдомоти эътирозии худ доранд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.