
Дар бештаре аз манотиқи Тоҷикистон шаби гузашта дамои ҳаво пойинтар аз бист дараҷа сард будааст
Вазорати маъорифи Тоҷикистон барои шогирдони куллия мадориси кишвар аз рӯзи душанбеи 6 феврал то 10 феврал таътил эълом кард.
Ин тасмим дар пайи сардиҳои шадид ва резиши барфи зиёд дар бештаре аз манотиқи Тоҷикистон гирифта шудааст.
Субҳи рӯзи душанбеи 6 феврал бештаре аз донишомӯзон озими мадорис шуданд, вале баъд аз дарси дуввум ба онҳо эълом шуд, ки ба манзил баргарданд ва рӯзи ҷумъаи 10 феврал ба дарс ҳозир шаванд.
Сиддиқи Муборак, сухангӯйи вазорати маъорифи (омӯзишу парвариши) Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки тасмими эъломи таътил субҳи рӯзи душанбе дар ҷаласаи изтирории масъулони вазорати маъориф гирифта шудааст.
Ба гуфтаи оқои Муборак, дар бархе аз манотиқи кишвар дамои ҳаво то 20 дараҷа зери сифр шуда ва барои анҷоми раванди тадрис дар мадорис мушкилоти фаровоне эҷод шудааст.
Гузашта аз ин, масъулони вазорати маъорифи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар сурати идомаи раванди таҳсил хатари бемории донишомӯзон бамаротиб афзоиш меёбад ва ба ин далел таътили чаҳоррӯза эълом шудааст.
Ин дар ҳолест, ки донишомӯзони мадориси муттавасити Тоҷикистон пас аз як моҳи таътил дар охирин рӯзҳои моҳи январ ба мадраса баргаштанд. Вале, сардиҳои шадид омили қатъи тадрис шуд.
Зимнан, дар бештаре аз манотиқи Тоҷикистон, ба ҷуз аз шаҳри Душанбе, интиқоли нерӯи барқ реҷабандӣ шуда, сокинони кишвар дар як шабонарӯз ҳамагӣ то 4-5 соъат бо барқ таъмин ҳастанд.
Ба ин далел, сохтмонҳои мадорис дар манотиқи мухталиф, аз ҷумла дар рустоҳои кишвар маъмулан бо ангишт, ҳезум ё таппак гарм мешаванд. Вале, маъмулан захоири ин анвоъи маводди сӯхт андак аст ва барои зимистони сарду тӯлонӣ нокофӣ мебошад.
Вале, ба гуфтаи масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар се рӯзи ахир дар ин кившар сардии шадид ва бориши зиёди барф мушоҳида мешавад. Зимнан, шаби гузашта дар Душанбе низ дамои ҳаво ҳудуди бист дараҷа зери сифр буд.
Чунин вазъи ҳаво мунҷар шуд, ки рӯзи шанбеи гузашта ҳаркати васоили нақлия аз Душанбе ба самти шимол ва шарқи Тоҷикистон ба сурати муввақат масдуд шавад. Ниҳодҳои изтирорӣ аз эҳтимоли резиши баҳман дар манотиқи кӯҳистонӣ ва гарданаҳо ҳушдор додаанд.
Масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон афзуданд, ки тӯли чаҳор рӯзи оянда ҳавои кишвар батадриҷ гармтар мешавад. Вале бо ин вуҷуд, дар авохири ҳафтаи ҷорӣ ва аввали ҳафтаи оянда резиши барф дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулони ин марказ пешгӯйӣ карда буданд, ки дамои ҳаво дар моҳи феврал дар муқоиса бо солҳои гузашта ба сурати муттавасит то ду дараҷа гармтар хоҳад шуд.
Ҳамчунин пешгӯйӣ мешуд, ки бориши барфи зиёд, ки солҳои гузашта дар Тоҷикистон хосси моҳи феврал буд, имсол камтра мушоҳида хоҳад шуд. Вале авоили моҳи ҷорӣ ин пешгӯйиҳои Маркази ҳавошиносии Тоҷикистонро ботил кард.















