bbc.co.uk navigation

Инфиҷори маргбор дар Қандаҳор 7 кушта дод

Ба рӯз шуда:  , 05 Феврал соли 2012 - 10:50

Сарбозони омрикоӣ ва нерӯҳои амниятии афғон тадобири амниятиро дар маҳалли инфиҷор иҷро мекунанд

Дар асари инфиҷори як худрави бумбгузоришуда дар шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон дастикам 5 маъмури пулис ва ду ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Ин инфиҷор дар наздикии як пойгоҳи пулис дар ҷануби шаҳри Қандаҳор рӯй додааст.

Мақомоти амниятӣ мегӯянд ҳудуди 19 нафари дигар дар асари ин ҳодиса захмӣ шудаанд.

Яке аз шоҳидони айнӣ дар Қандаҳор гуфт, ки ба дунболи вуқуъи инфиҷор садои тирандозии силоҳи сабук низ "то чанд дақиқа" ба гӯш расидааст.

Гурӯҳи Толибон ба шакли суннатӣ дар Қандаҳор нуфуз дорад. Ин вилоят пойгоҳи аслии фармондеҳии Толибон дар замони ҳокимияти ин гурӯҳ бар Афғонистон буд ва пеш аз фурӯпошии Толибон дар авохири соли 2001 ин гурӯҳ камокон дар Қандаҳор ва манотиқи ҳамҷавори он ҳузур доштааст.

Ин инфиҷор дар гармогарми талошҳо барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон сурат мегирад.

Толибон ибрози омодагӣ кардаанд, ки бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди авзоъи Афғонистон "ба тафоҳум бирасанд" ва ҳамзамон талошҳое барои гушоиши як намояндагӣ барои Толибон дар Қатар сурат гирифтааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.