Дуруд ба алоқамандони барномаи тафреҳи тоҷикӣ.
Ин ҳафта охирин барномаи тафреҳиро шунавандаҳои мо аз мавҷи мутавассити 1251 килуҳерз дар родию шуниданд ва аз 5-уми феврал ба баъд ин барнома дар родию қобили дарёфт нахоҳад буд.

Барномаи тафреҳӣ замоне таъсис шуд, ки ҳодисаҳои 9 сентябр дар Омрико дар соли 2001 рух дод. Родиюи Би-би-сӣ барномаҳои бахши форсиро хеле густардатар карда, замони бештаре барои онҳо ихтисос дод, то ҳодисаҳое, ки дар Афғонистон иттифоқ меуфтоданд, пӯшиш бидиҳад.
Ҳоло шояд баъзеҳо суол кунанд, ки барномаи тафреҳии тоҷикӣ чи рабте ба ин дорад? Дар ҳоле ки барномаҳои Чашмандоз ва Ҷоми ҷаҳоннамо ва Маҷаллаи Осиёи Миёна густардатар шуданд, 15 дақиқа фазои холӣ миёни ин барномаҳо буд, ки ин фазои холиро мебоист пур кард.

Дориюши Раҷабиён, ҳамкори собиқи мо, ки он забон дар бахши форсии Би-би-сӣ дар Ландан кор мекард ва муҷрӣ ва таҳиякунандаи барномаи Маҷалаи Осиёи Миёна буд, дар суҳбат бо ман гуфт:
"Баста шудани ин барнома бисёр хабари нохушоянде буд ва бояд таслият гуфт ба ману ба худат ва ба мардуми тафреҳпарваре, ки ба ин барнома аз соли 2001 ҳар ҳафта гӯш медоданд.
Дориюш аз пахши нахустин барномаи тафреҳӣ дар родиюи Би-би-сӣ чунин ёдовар шуд: Аз ман хостанд, то як барномаи мусиқии 15-дақиқаӣ дуруст кунам. Албатта, касе интизорашро ҳам надошт, ки ин барномаи тафреҳӣ бошад, мехостанд фақат суруду оҳангҳои тоҷикӣ дар ин 15 дақиқа пахш кунам.

Ҳамин тавр, нахустин барномаи тафреҳии тоҷикиро дар авохири соли 2001 Дориюш бо истифода аз Си-Диҳои оҳангу таронаҳои тоҷикӣ, ки ҳамроҳи худаш аз Тоҷикистон бурда буд, таҳия кард.
Албатта, бидуни интизори ҳамкорон, ки фикр мекарданд танҳо оҳангҳоро пушти ҳам пахш мекунаду халос. Вале диданд, ки васати мусиқӣ Дориюш ҳарф мезаду хабарҳои ҷолибе аз ҷаҳони тафреҳ пахш мекард.
Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 3 феврал
'
Қобили пахш намешавад. Шумо нусхаи муносиби Флэшро надоред.
Дориюш афзуд: Истиқболи ҳамкорон аз ин барнома хеле ҷолиб буд, Шаҳриёри Родпур, яке аз ҳамкорон, гуфт, ки хеле барномаи ҷолиб буд ва ҳатман ин барномаҳоро бояд идома бидиҳам.

Рузито, яке дигар аз ҳамкорон, гуфт, ки ман мехостам галуту бигирам, ки чаро васати ин ҳама оҳангҳои қашанг ту дорӣ, ҳарф мезанӣ, яъне барои мардуми хориҷ аз Тоҷикистон шунидани оҳангу таронаҳои тоҷикӣ хеле ҷолиб буд, чун онҳо ба суруду таронаҳои тоҷикӣ он замон дастрасӣ надоштанд.
Баъди пахши чанд барнома шунавандаҳо аз гӯшаву канори дунё занг мезаданд ва иттилоъи бештаре дар мавриди овозхонҳои тоҷикӣ ва ҷаҳони фарҳангу ҳунар дар Тоҷикистон аз мо дархост мекарданд.
Нахустин зангҳои телефунӣ аз Тоҷикистон низ дунболи ҳамин барнома ба Ландан расиданд, ки бештар Дориюшро ташвиқ мекарданд, ки ин барномаро идома бидиҳад.

Дориюш дар баробари таҳияи барномаҳои таҳлилӣ ва сиёсӣ, дар тӯли ҳафта вақт пайдо мекард ва барои барномаи тафреҳӣ матолибе ҷамъоварӣ мекарду бо ҳамкории Шукуҳи Амиронӣ рӯзҳои ҷумъа ин барномаи тафреҳии тоҷикиро барои шунавандаҳо иҷро мекарданд.
Дар 11 соли пахши худ дар родию барномаи тафреҳӣ кулоҳи хоссе надошт. Барнома ҳамеша тавре шуруъ мешуд, ки барои шунаванда ғофилгиркунанда ва дур аз интизори шунаванда буд. Ҳеҷ гоҳ шунаванда интизорашро надошт, ки бо чи мусиқӣ ва ё чи гуна барнома шуруъ мешавад.
Яке дигар аз вижагиҳои ин барнома он буд, ки ҳеҷ гоҳ ҳангоми забти барнома дар истудию муҷриҳо ҳамроҳашон коғазу қалам надоштанд. Ҳамеша бо шунавандаи худ суҳбат бикунем, на он ки аз рӯйи коғаз барояш хабареро бихонем. Сӯҳбати озоду самимӣ ва худмонӣ буд.

Дориюш мегӯяд: Баъдан эҳсос мекардем, ки аз Ландан ҳамаи дархостҳои шунавандагони барномаро дар мавриди суруду мусиқӣ ва ҷаҳони синемову ҳунар дар Тоҷикистон пӯшиш бидиҳем.
Ҳамин буд, ки соли 2004 Зеваршоҳ ба ин барнома ҷалб шуд ва барнома пурмуҳтавотару рангинтар шуд ва иртиботи мустақим бо шунавандагонашро пайдо кард. Аз 15 дақиқа ба 30 дақиқа ва баъдан 45 дақиқа ин барнома ҳар ҳафта пахш мешуд.
Заринаи Хушвахт ва Шамсия Қосим, аз ҳамкорони ман, дар Душанбе буданд, ки ҳамеша дар таҳияи ин барнома ба ман кумак мекарданд ва бахшҳои ҷудогонаи ин барномаро барои алоқамандони барнома таҳия мекарданд.

Шунавандагони барномаи тафреҳии тоҷикӣ аз Олмон, Омрико, Конодо, Ҳуланду Суис ва Эрону Афғонистон занг мезаданд ва аз мо дархост мекарданд, ки суруду оҳангҳои тоҷикӣ ва аз зиндагиву фаъъолияти овозхонҳо ва ҳунарпешаҳои синемову теотр барояшон матолиберо таҳия кунем.
Он замон барномаҳои телевизиюни Тоҷикстон дар моҳвора набуд ва дар интернет низ оҳангу таронаҳои тоҷикӣ мисли имрӯз фаровон набуданд ва барои ҳамватанони мо, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебурданд, ягона манбаъе, ки хабарҳои тоза ва оҳангу таронаҳои ҷадиди тоҷикиро бишнаванд, танҳо барномаи тафреҳии тоҷикӣ буд.

Бо омадани интернет дар бисёре аз кишварҳо шунавандаҳои родию бамаротиб кам шуд. Шунавандаи имрӯз дигар ба шунидани садо ва мусиқӣ қаноъат намекунад. Ӯ мехоҳад ҳам садоро гӯш бидиҳад, ҳам матни мусоҳиба ва ё гузоришҳоро мутолиъа кунаду ҳам аксу видиюро бубинад.
Имрӯз мухотабони мо бештар барномаҳоро аз интернет гӯш медиҳанд. Абзорҳои тозае вориди бозор шудаанд, ки мардум аз тариқи онҳо дунболи барномаҳо мераванд, зеро метавонанд дар лаҳзаи барои худашон мувофиқ ин барномаро гӯш бидиҳанд ва ҳам бубинанд.

Номи хоссе ин барнома надошт, танҳо Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, шояд фикр мекарданд, ки ин барнома дер давом нахоҳад кард, аммо ҳоло мебинем, ки 11 сол идома дошт.
Ҳамакнун, ки пахши барномаи тафреҳии тоҷикӣ дар родию мутаваққиф мешавад, аммо ҳаводорони ин барнома набояд навмед бошанд.
Ахбору иттилоъот ва мусоҳибаҳои ҷолибе, ки ҳар ҳафта дар барнома мешунидед, акнун дар сойти форсии Би-би-сӣ ва дар сафҳаи "Тоҷикӣ" www.bbctajik.com ба хутути сириллик ва форсӣ ва дар қолабҳои матн, акс, садо, видию ва тасвир метавонед дарёфт кунед.
Назарот ва пешниҳодҳои худро ба имейли мо, bbc_dushanbe@yahoo.com, бифиристед.
Бедрууууууууд.....!






























