
Гарданаи Шаҳристон муваққатан баста шудааст
Дар асари бориши барфи зиёд ва эҳтимоли резиши баҳман ё тарма дар гарданаи Шаҳристон, ҳаракати васоили мусофирбарӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан масдуд шудааст.
Манобеъи Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯянд, ки бо таваҷҷуҳ ба боди тунде, ки роҳро ҳар замон аз барф пур мекунад ва меҳ (туман)-и ғализе, ки аз ҳаракати васоили ҳамлу нақл монеъ мешавад, кормандони пулиси роҳ ва умури изтирорӣ сафар дар ин гарданаро мамнӯъ кардаанд.
Кумитаи умури изтирорӣ ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз авоқиби нохуши барфу баҳман барои ҳаракати васоили ҳамлу нақл дидбонгоҳе дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар дараи Майхура ташкил додааст.
Ба гуфтаи як манбаъи дафтари матбуъотии ин кумита, ин дидбонгоҳ дар фосилаи 63-64-килуметрии ин роҳ аз Душанбе таъсис шуда ва ҳудуди даҳ нафар аз кормандони гурӯҳи наҷоти ин кумита омодаи кумак ба осебдидагон дар сурати рух додани ҳаводиси нохуш ҳастанд.
Ситоди вилоятии умури изтирорӣ дар устони Суғд ва ноҳияи Айнӣ ҳам ба ҳолати омобадош даромадаанд, то ба осебдидагони эҳтимолии барфу баҳман дар роҳи Душанбе-Хуҷанд кумак кунанд.
Кумитаи умури изтирорӣ, бо таваҷҷӯҳ ба бориши барфи зиёд ва сардии камсобиқа фаъъолияти ҳайъати шахсии худро дар саросари Тоҷикистон "пурзӯр кардааст."
Ин кумита ҳамчунин аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки қабл аз сафар ба манотиқи мухталифи кишвар, монанди Бадахшону Рашт ва манотиқи дигари кӯҳистонӣ бо шумораи 111 ба маркази амалиёти кумитаи умури изтирорӣ занг зананд ва аз кормандон машварат бигиранд.
Бар асоси пешбиниҳои ҳавошиносон, интизор меравад бориши барфи зиёд ва сардии шадид то 7 феврал дар Тоҷикистон идома ёбад. Бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки аз эҳтимоли бурузи мушкилоте дар системи барқрасонии ин шаҳр нигарон ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, аз бориши барфи зиёд ва сармои камсобиқа дар саросари Урупо ва қисматҳое аз ҷамоҳири Шӯравии собиқ низ гузориш шудааст. Дар бархе аз кишварҳои Урупои Шарқӣ сардии ҳаво то -35 дараҷаи Селсиюс пойин рафтааст.
Давлати Укройн гуфтааст, ки беш аз 100 нафар дар асари сармои камсобиқа дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ки бештари онҳо афроди бехонавудар ҳастанд. Вазорати кишвари Лаҳистон низ аз кушта шудани ҳашт нафар дар сармо ва ду нафар аз танаффуси дуди ангишт (зуғол) хабар додаанд.
Дар Булғористон низ бахшҳое аз рӯдхонаи Донуб ях кардааст. Беш аз 20 нафар дар асари сармо дар Румонӣ ҷони худро аз даст додаанд ва дари садҳо мадраса ба рӯйи шогирдон баста шудааст.















