
Марде дар беруни як паноҳгоҳи гарм дар шаҳри Донетски Укройн
Бориши барфи зиёд ва сармои камсобиқа дар саросари Урупо ва қисматҳое аз ҷамоҳири Шӯравии собиқ ба коҳиши гози воридотӣ аз Русия мунҷар шудааст.
Аз ҷумла, ҳашт кишвари урупоӣ эълом кардаанд, ки интиқоли гози содиротии Русия ба ин кишварҳо дар асари сардии бесобиқа ва афзоиши ниёзи дохлии масрафкунандагон дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.
Як сухангӯйи умури энержии Иттиҳодияи Урупо гуфтааст, ки ба далели масрафи зиёд дар Русия интиқоли гози содиротии ин кишвар ба Урупо коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд вазъият фавқулъода нест, вале мақомҳои урупоӣ бар наҳваи интиқоли гоз аз Русия назорат мекунанд. Кишварҳои Лаҳистон, Ислувокӣ, Утриш, Маҷористон, Булғористон, Румонӣ, Юнон ва Итолиё аз коҳиши интиқоли гоз аз Русия хабар додаанд.
Дар бархе аз кишварҳои Урупои Шарқӣ, ки сардии ҳаво то -35 дараҷаи Селсиюс пойин рафта, чандин нафар фавт кардаанд, ки марги онҳо ба сардии ҳаво муртабит дониста мешавад.
Ҳавои сард Итолиё ва Фаронсаро низ фаро гирифта ва бритониёиҳо низ худро барои сармои шадиде омода мекунанд.
Гози содиротии Русия ба Урупо аз хоки Укройн мегузарад ва ин амр ба нигарониҳо дар бораи эҳтимоли такрори буҳрони энержӣ ва таниш байни Русия ва Укройн дар соли 2009 доман задааст.
Он замон таниши байни Маскав ва Киев бар сари танзими нархи гози интиқолӣ ба Укройн ба қатъи интиқоли гоз ба қисматҳое аз Урупо дар зарфи ду ҳафта мунҷар шуд.
Кишварҳое монанди Булғористон, Сербистон ва Буснӣ тақрибан вобастаи бечунучарои воридоти гози Русия аз тариқи Укройн ҳастанд. Ширкати "Газпром"-и Русия гуфтааст, ки ҳамаи талоши мумкин барои расондани гоз ба урупоиёнро анҷом хоҳад дод.
Дар ин миён, давлати Укройн гуфтааст, ки беш аз 100 нафар дар асари сармои камсобиқа дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ки бештари онҳо афроди бехонавудар ҳастанд.
Мақомоти укройнӣ ҳудуди 3000 сарпаноҳи гарм ва ғизо дар саросари ин кишвар таъсис карда ва пизишконро дастур додаанд, ки дар чунин шароите афроди бехонумонро аз бемористонҳо мураххас накунанд.

Барфи камсобиқа дар Рум мӯҷиби баста шудани мадорис ва омфитеотр шудааст
Вазорати кишвари Лаҳистон низ аз кушта шудани ҳашт нафар дар сармо ва ду нафар аз танаффуси дуди ангишт (зуғол) хабар додаанд. Бориши барф дар Рум низ камсобиқа буда ва оброҳҳои Венис ях бастааст.
Дар Булғористон низ бахшҳое аз рӯдхонаи Донуб ях кардааст. Беш аз 20 нафар дар асари сармо дар Румонӣ ҷони худро аз даст додаанд ва дари садҳо мадраса ба рӯйи шогирдон баста шудааст.
Мақомҳои шаҳри Порис мегӯянд, ки талош доранд барои теъдоди ҳарчи бештари афроди бесарпаноҳ паноҳгоҳҳои гарм фароҳам кунанд, чун ҷавви ҳаво дар ин кишвар низ башиддат дар ҳоли пойин рафтан аст.
Идораи ҳавошиносии Бритониё аз сардии шадиди ҳаво то рӯзи якшанбе ҳушдор додаааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, интизор меравад дар қисматҳои бештари Инглистон ва Уелз барфи зиёде борад ва сармо дар манотиқи ҷануб ва марказии ин кишвар асароти бештаре хоҳад дошт.
Асароти сармо дар Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, дар асари бориши барфи зиёд ва эҳтимоли резиши баҳман ё тарма дар гарданаи Шаҳристон, ҳаракати васоили мусофирбарӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан мамнӯъ шудааст.
Кумитаи умури изтирорӣ ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз авоқиби нохуши барфу баҳман барои ҳаракати васоили ҳамлу нақл дидбонгоҳе дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар дараи Майхура ташкил додааст.
Ин кумита бо таваҷҷӯҳ ба бориши барфи зиёд ва сардии камсобиқа фаъъолияти ҳайъати шахсии худро "пурзӯр карда" ва аз шаҳрвандон хостааст, ки қабл аз сафар ба манотиқи мухталиф бо шумораи 111 ба маркази амалиёти кумитаи умури изтирорӣ занг зананд ва аз кормандон машварат бигиранд.
Бар асоси пешбиниҳои ҳавошиносон, интизор меравад бориши барфи зиёд ва сардии шадид то 7 феврал дар Тоҷикистон идома ёбад. Бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки аз эҳтимоли бурузи мушкилоте дар системи барқрасонии ин шаҳр нигарон ҳастанд.















