
Росмусен таъкид кард, ки тавофуқи аъзои НОТУ мабнӣ бар идомаи маъмурияти ин созмон то поёни 2014-и мелодӣ ҳунӯз муътабар аст
Ондрес Фуг Росмусен, дабири кулли Паймони Отлонтики Шимолӣ (НОТУ), гуфтааст, ҳар тағйире, ки дар маъмурияти нерӯҳои таҳти фармони ин паймон дар Афғонистон анҷом мешавад, бояд бо дигар аъзои ин паймон ҳамоҳанг бошад.
Ин изҳороти дабири кулли НОТУ дар пайи изҳороти ахири Леун Понето, вазири дифоъи Омрико, мабнӣ бар тавфиқи маъмуриятҳои размии нерӯҳои омрикоӣ дар нимаи дуввуми соли 2013-и мелодӣ мунташир шуд.
Вазири дифоъи Омрико, ки дар ҷарёни сафараш ба Белжик барои дидор бо вузарои дифоъи НОТУ дар ҳавопаймо ба хабарнигарон суҳбат мекард, гуфт: "Умед ин аст, ки аз авосит то авохири 2013 битавонем нақши размиро ба нақше омӯзишӣ-машваратӣ тағйир диҳем, ки асосан ҳамон хостаҳои паймони Лисбунро бароварда мекунад."
Омрико ҳудуди 90 ҳазор сарбоз дар Афғонистон дорад, аммо 22 ҳазор нафар аз онҳо қарор аст то авоили пойиз (тирамоҳ) ба кишварашон бозгарданд.
Аммо оқои Росмусен, ки дар ҳошияи иҷлоси вузарои дифоъи НОТУ дар Бруксел сухан мегуфт, таъкид кард, ки тавофуқи аъзои НОТУ мабнӣ бар идомаи маъмурияти ин созмон то поёни 2014-и мелодӣ ҳанӯз муътабар аст.
Аъзои НОТУ дар ноябри соли 2010-и мелодӣ дар Лисбун тавофуқ карданд, то поёни соли 2014-и мелодӣ ба маъмурияти низомии худ дар Афғонистон идома диҳанд.
Бар асоси тавофуқи Лисбун, интиқоли марҳала ба марҳалаи масъулиятҳои амниятии манотиқи мухталифи Афғонистон ба нерӯҳои афғон оғоз шудааст, вале ҳанӯз масъулияти таъмини амнияти бахши аъзам аз манотиқи Афғонистон ҳамчунон бар уҳдаи НОТУ аст.
Эъломи хабари коҳиши маъмуриятҳои размии Омрико дар Афғонистон дар нимаи дуввуми соли 2013-и мелодӣ бо ончӣ раҳбарони НОТУ дар Лисбун тавофуқ карданд ҳамхонӣ надорад.
Зоҳиран ин изҳороти вазири дифоъи Омрико тағйир дар ҷадвали замонбандишудаи хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон талаққӣ шуда ва вокуниши дабири кулли ин созмонро дар пай доштааст.
Вазорати дифоъи Афғонистон низ ба изҳороти ахири вазири дифоъи Омрико вокуниш нишон дода ва гуфтааст, ки барои пазируфтани масъулиятҳои амниятӣ омода аст, аммо ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ бояд ба таъаҳҳудоти худ дар қиболи таҷҳизоти нерӯҳои амниятии Афғонистон ба силоҳу таҷҳизоти мудерн амал кунад.
Як сухангӯйи Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, ки кишвараш, ба вижа дар заминаи нерӯи ҳавоӣ, ба кумаки ҷаҳонӣ ниёз дорад.
Вазири дифоъи Омрико гуфтааст, ки ҳанӯз тасмиме дар мавриди ин ки чӣ теъдоде аз нерӯҳои омрикоӣ дар соли оянда Афғонистонро тарк хоҳанд кард, гирифта нашудааст ва гуфт, ки набардҳое ҷиддӣ дар пеш аст.
Ин дар ҳоле аст, ки гузоришҳои ахири НОТУ нишон медиҳад, ки ҳимоятҳои мардумии Толибон дар манотиқе, ки НОТУ аз он хориҷ шуда бештар шуда ва ҳамчунин созмони иттилоъоти артиши Покистон ҳимояти худро аз гурӯҳҳои шӯришӣ, бавижа Толибонро, қатъ накардааст.















