bbc.co.uk navigation

Нашрияҳои Душанбе: 2 феврал

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 02 Феврал соли 2012 - 10:26
матбуъот

Боздошти гурӯҳе аз қочоқчиёни маводди мухаддир, ки аз ҷумлаи пайвандони мақомоти аршад ҳастанд, баҳси бародарон Тӯраҷонзода бо муфтии Тоҷикистон, интиқод аз телевизиюнҳои давлатӣ аз мавзуъоти аслии матруҳа дар нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе аст.

Дар як назарсанҷии сойти интернетии ASIA-Plus 58 дарасади хонандагон изҳор доштаанд, ки афсарони пулис, ки ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд, табраа хоҳанд шуд. Ва танҳо 11 дарсад мутмаин ҳастанд, ки ин афрод муҷозот хоҳанд шуд.

Ҳафтаномаи Нигоҳ дар робита бо боздошти гурӯҳе аз қочоқчиёни маводди мухаддир ин суолро матраҳ кардааст, ки чаро Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасод, мубориза бо маводди мухаддирро оғоз кардааст?

Муаллиф афзудааст: “Албатта, такиягоҳи ҷаноби Саидов дар ҳар ҷабҳа ба бисёриҳо маълум аст, ки кист. Вале ин бозии футбол нест, ки бохти 8 бар 0 ба фоидаи командаи пирӯз чизеро тағйир надиҳад.”

Ин нашрия дар матлаби дигаре зери унвони “Бху бгард, депутат!” алоқаи бисёре аз мардум ба вакили порлумон шуданро матраҳ кардааст. Нависандаи матлаб афзудааст: “Сабаб: имтиёз, маъоши баланд, кори кам, дастнорасӣ ва дахлнопазирии вакил давоми панҷ сол аст...”

Озодагон, нашрияи хусусӣ, дар матлабе мавзӯъи иҷораи қитаъоти замини Тоҷикистон аз сӯйи чиниҳо барои кишоварзиро ба баррасӣ гирифта, навиштааст, ки “чашми яъҷуҷу маъҷуҷ сӯйи кишвари мост.”

Муаллиф афзудааст, ки ҳарчанд назари мақомот ба ин мавзӯъ содалавҳона аст, “аммо мо метарсем, зеро фурӯ бурдани мо хеле осон шудааст. Ба ҳадде, ки дигар овози ин халқ ҳам таъсир надорад, мисле ки дигар қаҳрамон надошта бошем...”

Нашрияи рӯзи душанбеи ASIA-Plus дар матлабе ин суолро матраҳ кардааст, ки оё тибқи Қонуни асосӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳақ дорад, ки ҳамзамон раиси ҳукумати кишвар бошад?

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдон, гуфтааст, ки ин амр хилофи қонун аст, вале Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони дигар, мегӯяд "бале". Ба эътиқоди оқои Қудратов, Қонуни асосии Тоҷикистон мушаххас кардааст, ки президент раҳбари ҳукумат аст, на раиси он.

Гузашта аз ин, як моддаи Қонуни асосӣ таъкид кардааст, ки президент ҳақ надорад узви ҳукумат бошад.

ASIA-Plus дар матлаби дигаре эҳтимоли тақвияти ҳузури Омрико дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, ки омрикоиҳо бо худ ба ин кишвар оташи даргириҳои Афғонистонро меоваранд.

Муаллиф афзудааст: “Вале ин даъфа Русия дар ин қазия бетараф нахоҳад монд ва барои дифоъ аз муҷтамаъи кайҳонии “Окно” ва пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон иқдом хоҳад кард. Дар ин сурат мо миёни чакушу сандон қарор хоҳем гирифт.”

Нашрияи русизабони Бизнес и политика дар матлабе иддаъои бархе аз сиёсатмадорони Русия мабнӣ ба наслкушии рустаборон дар Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990-ро рад кардааст.

Ба навиштаи муаллиф, дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз кишвар ҳама фирор мекарданд, ҳам русҳо, ҳам узбакҳо ва ҳам худи тоҷикон. Ва ҳеҷ нерӯи вориди даргирӣ ба қатли оми рустабарон даст назадааст.

Миллат, нашрияи мустақил, дар матлабе аз муҳтавои барномаҳои Шабакаи аввали телевизиюни давлатии Тоҷикистон шадидан интиқод карда ва навиштааст, ки ҷаҳон дар остонаи хатари оғози ҷанги севуми ҷаҳонӣ аст, вале Шабакаи аввал машғули пахши хабари “чукбурон”-и чаҳор кӯдак аст.

Нависандаи матлаб афзудааст, ки ин шабакаро телевизиюн гуфтан ба номаи аъмоли худ як гуноҳро зам кардан аст. “Зеро, агар ба гунаи мисол “Шабакаи аввал” телевизиюн бошад, пас ВВС-ву CNN чӣ мебошанд?”

Вечёрка, нашрияи русизабон, дар матлабе мавзӯъи мушкилоти ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Ба навиштаи муаллиф, таҳдиди пулис тавассути телефун, ихроҷ аз ҷойи кор ва адами тафоҳум дар хонавода аз мушкилоти аслии ин афрод дар Тоҷикистон аст.

Муаллифи матлаб аз 40 нафар аз сокинони Душанбе назари онҳо нисбат ба ҳамҷинсгароёнро пурсон шудааст ва 29 нафар гуфтаанд, ки вуҷуди ин гуна афродро таҳаммул надоранд.

Хуршеди Атовулло, сардабири Фараж, дар матлабе аз тасмими мақомоти Ӯзбакистон ба манъи ҷашни Волентойн ё “Рӯзи ошиқон” пуштибонӣ карда ва ба давлати Тоҷикистон низ пешниҳод кардааст, ки дар ин замина иқдом кунад.

Ба навиштаи муаллиф, 14-феврали соли 1990 дар Душанбе ҳодисаи Баҳманмоҳ рух дода буд, ки 27 кушта бар ҷой гузошт.

Вай бо киноя ба онҳое, ки рӯзи Волентойнро ҷашн мегиранд, меафзояд: “Ё нуфузи талабгорони фаҳш дар ин кишвар ба ҳадде боло шудааст, ки ҳатто рӯҳи 27 қурбонӣ онҳоро нороҳат намекунад?”

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.