
Ҷеймз Клапер (аз рост) бар ин ақида аст, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз "Баҳори арабӣ" ба тарс уфтодаанд
Раиси Созмони Иттилоъоти Миллии Омрико мегӯяд, ки Тоҷикистон дар баробари хатароти ношӣ аз ифротгароӣ ва мушкилоти иҷтимоъӣ осебпазир аст.
Ҷеймз Клапер, ки рӯзи сешанбеи 31 январ ба Сенои Омрико гузориш медод, дар ин бора ибрози назар кард.
Дар робита бо вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ оқои Клоппер гуфт, ки раҳбарони ин кишварҳо аз Баҳори арабӣ ба тарс уфтодаанд ва талош доранд ҳамаи умури кишварҳояшонро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Ба эътиқоди ин мақоми омрикоӣ, ин амр ба ҷойи роҳандозии ислоҳоти густарда, озодиҳои бештар ва ҷалби ҷомеъа ба ҳалли масоили ин кишварҳо сурат мегирад.
Созмони Иттилоъоти Миллии Омрико бар ин аст, ки барои кишварҳои минтақа фаъъолияти гурӯҳҳои пайкорҷӯ ва теруристӣ, ки дар Афғонистон ва Покистон мустақар ҳастанд, таҳдидҳои бештаре дорад.
Дар гузориши оқои Клапер таъкид шудааст, ки ин амр бавижа бо дарназардошти тасмими давлати Омрико ба берун бурдани нерӯҳояш аз Афғонистон дар соли 2014, аҳаммияти бештаре касб мекунад.
Дар мавриди Тоҷикистон вай гуфта, ки имтидоди марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҳама тӯлонитар аст ва бештари хатарот барои ин кишвар ба ин мушкил бастагӣ дорад.
Оқои Клапер ёдовар шуда, ки дар соли 2010 давлати Тоҷикистон ночор шуд барои хунсо кардани гурӯҳе аз пайкорҷӯён вориди амалиёти низомӣ шавад.
Дар мавриди Қирғизистон Созмони Иттилоъоти Миллии Омрико аз хатари даргириҳои қавмӣ дар ин кишвар ҳушдор додааст.
Бо ишора ба даргирии миёни қирғизҳо ва ӯзбакҳо дар ҷануби ин кишвар дар соли 2010 таъкид шудааст, ки дар сурати рух додани даргирии ҷадид ин ҳаводис мумкин аст бар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ асароте барҷо гузорад.
Ҷеймз Клапер, раиси Созмони Иттилоъоти Миллии Омрико, ҳамчунин вазъи кишварҳои Қафқозро ба баррасӣ гирифта ва таъкид кардааст, ки Қаробоғи Кӯҳистонӣ ҳамчунон минтақае доғ боқӣ мондааст.
Ба эътиқоди ин мақоми омрикоӣ, изҳороти тунди ҳар ду ҷониби қазия, адами эътимод ва хушунат аз ҳар ду ҷониб метавонад боъиси даргириҳои тоза дар ин минтақа шавад.
Дар робита бо Гурҷистон гуфта шудааст, ки Михоел Соокошвили қасд дорад аз роҳи ислоҳи Қонуни асосии ин кишвар салоҳиятҳои нахуствазирро афзоиш дода ва мехоҳад баъд аз соли 2013 дар ин симат дар сари қудрат боқӣ мондани худро таъмин созад.
Ба эътиқоди оқои Клапер, равобити тунди миёни Русия ва Гурҷистон низ метавонад омили бесуботӣ ва рух додани даргирӣ дар Қафқоз бошад.
Дар робита бо дурнамои вазъияти Русия, раиси Созмони Иттилоъоти Миллии Омрико гуфтааст, ки баъд аз ба сари қудрат баргаштани эҳтимолии Владимир Путин набояд базудӣ таҳавуллоти ҷиддиеро дар сиёсати хориҷии ин кишвар интизор дошт.
Вале вай таъкид мекунад, ки Кремлин ҳамчунон дар мавриди ҳамкориҳои Омрико бо кишварҳои собиқи шӯравӣ ҳассосият нишон медиҳад ва аз эъломи таҳримҳои тоза алайҳи Эрон ва Сурия пуштибонӣ нахоҳад кард.















