bbc.co.uk navigation

Ҳисобҳои бонкии Тоҷикистон дар CITI-бонки Омрико баста шуданд

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 01 Феврал соли 2012 - 13:56
Бонк

Бонкҳои Тоҷикистон барои анҷоми муъомилот бо дулор маъмулан дар CITI - бонки Омрико суратҳисобҳо боз карда буданд

Масдуд шудани суратҳисобҳои бонкҳои Тоҷикистон дар CITI-бонки Омрико ба мавзӯъи таҳримҳо алайҳи Эрон рабт надорад.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯйи Бонки миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ рӯзи чаҳоршанбеи 1 феврал ин хабарро таъйид карда ва сару садоҳо дар мавриди таҳти таҳрим қарор гирифтани бонкҳои тоҷикистониро бепоя хонд.

Ба гуфтаи вай, воқеъан ахиран тасмим шудааст, ки ҳисобҳои бонкии бархе аз Бонкҳои Тоҷикистон, ки дар CITI-бонки Омрико воқеъ буданд, баста шудааст.

Вай гуфт: “Вале ин амр танҳо ба вазъи молии худи CITI-бонки Омрико бастагӣ дорад. Яъне, дар фаъолияти ин бонк мушкилоти молие пеш омадааст. Ба ҷуз аз суратҳисобҳои бонкҳои Тоҷикистон боз ҳисобҳои бонкҳои бархе аз кишварҳои дигари ҷаҳон дар ин бонки омрикоӣ масдуд шудаанд.”

Оқои Қурбонов афзуд, ки CITI-бонки Омрико маъмулан бо бонкҳои кишварҳое ҳамкориро қатъ кардааст, ки муъомилоти молиашон чандон бузург набудааст.

Ба гуфтаи намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон, ин амр дар фаъолияти бонкии кишвар мушкиле эҷод нахоҳад кард, зеро бонкҳо тасмим гирифтаанд базудӣ дар бонкҳои дигари Омрико суратҳисобҳои худро боз карда ва аз ин роҳ муъомилоти моли тавассути дулорро идома диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки давлати Омрико метавонад дар чорчӯби эъмоли маҳдуият ва таҳримҳо алайҳи Эрон дар мавриди кишварҳо ё ширкатҳое, ки бо ҷониби Эрон ҳамкорӣ мекунанд, низ таҳримҳое роҳандозӣ кунад.

Дар ҳафтаи гузашта Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар як нишасти матбуъотӣ эълом кард, ки таҳримҳо алайҳи Эрон имкони сармоягузории ин кишвар дар иқтисоди Тоҷикистонро душвор месозад.

Гуфта мешавад, ки дар панҷ соли ахир давлат ва ширкатҳои эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди як милёрд дулор сармоягузорӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилоъи манобеъи огоҳ, давлати Тоҷикистон ба ҷалби мизони бештари сармояи эронӣ ба иқтисоди кишвар умедвор аст ва ба ин далел роҳандозии парвозҳои ҳамарӯзаи ҳавопаймо миёни ин ду кишварро дар назар доранд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.