bbc.co.uk navigation

Ҷоизаи "Ҳонрӣ Лонглуо" барои Фотимаи Муътамидориё

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 31 Январ соли 2012 - 09:48
Фотимаи Муътамидориё

Фотимаи Муътамидориё дар суҳбатҳои худ дар бораи сулҳ ҳарф зад

Фотимаи Муътамидориё, бозигари синемои Эрон, душанбе шаб дар Порис ҷоизаи ҷаҳонии “Ҳонрӣ Лонглуо”-и Фаронсаро дарёфт кард.

Ин ҷоиза ҳар сол ба як бозигар ба хотири талош дар ростои иртиқои ҳирфаи синемо, ҳифзи арзишҳои фарҳангии ҳирфаи бозигарӣ ва таъаҳҳуду ҳифзи ҳурмати рӯҳи ҳунари синемо таъллуқ мегирад.

Ин маросим дар ҳошияи фестиволи ҷаҳонии филми Венсен баргузор шуд.

Хонуми Муътамидориё пас аз дарёфти ҷоизааш гуфт: “Ҳамаи мо имшаб далеле муштарак барои бо ҳам будан дорем. Бе он ки бияндешем ба чӣ забоне ҳарф мезанем ва кадом кишвар зиндагӣ мекунем ва аз куҷои ҷаҳон ба ин ҷо омадаем. Бе он ки бигӯем, дар сарзаминамон сиёсатмадорон чӣ чизро байни худашон бидеҳу бистон мекунанд.”

Ӯ гуфт: “Мо сулҳ, оромиш ва зебоиро байни худамон тақсим мекунем ва саҳми худамонро ҳам бар медорем.”

Фотимаи Муътамидориё

Хонуми Муътамидориё дар наздик ба чиҳил филм бозӣ кардааст

Хонуми Муътамидориё гуфт: “Синемо ба мо ишқ варзиданро омӯхта, суҳбат карданро ва тақсими ин ишқро. Барои ин ки ёдамон наравад мо инсонҳо якдигарро дӯст дорем бо ҳар забону бо ҳар рангу ҳар мазҳабе ки дорем ва мо ба ин дӯстӣ муфтахарем.”

Фотима Муътамидориё аз ҷумлаи бозигарони эронӣ аст, ки дар жонрҳои мухталифе аз филм бозӣ кардааст. Аз кумедӣ то дром.

Хонуми Муътамидориё ҳудуди чаҳор моҳ пеш ҳам аз ҷашнвораи Мунтреоли Конодо ҷоизаи беҳтарин бозигари занро гирифт. Ҷоиза барои бозӣ дар филми “Инҷо бидуни ман” ба ӯ эҳдо шуд.

Аз ҷумла нақшҳои ба ёд мондании Фотима Муътамидориё метавон ба бозии ӯ дар филми “Гелона,” сохтаи Рахшони Баниэътимод, ишора кард. Ӯ барои он филм номзади дарёфти ҷоиза аз ҷашни Хонаи Синемо ва ҳамин тавр ҷашнвораи Филми Фаҷр шуд.

Хонуми Муътамидориё то ба ҳол ҳашт бор номзади дарёфти ҷоизаи бозигарӣ аз ҷашнвораи филми Фаҷр шуда ва чаҳор бор ин ҷоизаро гирифтааст.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.