bbc.co.uk navigation

Баргузории ҷашни бостонии Сада дар Кирмон

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 31 Январ соли 2012 - 15:14

Ҷашни Садаи Зартуштиёни Эрон дар боғчаи Бадоғобод дар хиёбони Садаи Кирмон баргузор шуд.

Ҷашни Сада бузургтарин ҷашни оташ аст, ки ҳар сол дар шомгоҳи даҳуми моҳи Баҳман (30 феврал) баргузор мешавад. Дар ин ҷашн афрод даври оташ ҷамъ мешаванд ва таронаҳое мехонанд ва дар он рафтани сармо ва омадани гарморо орзу мекунанд. Ин ҷашн ҳар сол аз суи зартуштиён баргузор мешавад.

Вожаи "сада" аз решаи "сата" дар забони паҳлавӣ омадааст ва маънии он адади "сад" мебошад. Ҳангоме ки эрониён солро ба ду фасли тобистон ва зимистон тақсим карда буданд, аз оғози моҳи Фарвардин то поёни моҳи Меҳр ҳар солро тобистон мегуфтанд ва аз аввали обон то поёни моҳи Исфандро зимистон меномиданд. Онон ҳангоме ки сад рӯз аз зимистон ва аз шуруъи моҳи обон мегузашт ва рӯзи даҳуми Баҳман фаро мерасид, онро сада меномиданд ва ҷашн мегирифтанд.

Зартуштиён бар ин бовар буданд, ки сармои зимистон аз он пас ба оромӣ коҳиш хоҳад ёфт. Пас дар рӯзи ҷашни Сада ба дашт ва саҳро рӯй меоварданд, ҳезум ва хору хошок фароҳам мекарданд ва бо фаро расидани шаб оташи бузурге меафрӯхтанд ва ба умеди афзоиши рӯшноӣ дар рӯзи баъд, ки онро ҷилваҳои аҳуроӣ медонистанд, ба шодмонӣ мепардохтанд.

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.