"Наздикони пулиси кушташуда ба додгоҳи Фирдавсӣ бовар надоранд"

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 27 Январ соли 2012 - 09:09
Шарипов

Падари Равшан: Додгоҳ ҳам дархости мо барои тафтиши иловагӣ, ҳам аризаи нобоварии мо ба қуззотро рад кард

Шодӣ Шарипов, падари пулиси роҳи кушташуда, ба ҳайъати додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе расман ибрози беэътимодӣ карда ва дархости тағйири ҳайъати додгоҳро кардааст.

Аммо додгоҳ ин дархостро рад кардааст.

Ҳомид Маъмуров, вакили мудофеъи Шодӣ Шарипов, мегӯяд, ки “раддияро” ба додгоҳ пас аз он ирсол доштаанд, ки додгоҳ нахост парвандаро барои таҳқиқи изофӣ ба додситонӣ баргардонад.

Наздикони Равшан Шарипов, пулисе, ки тобистони соли гузашта ба ҳангоми ифои вазифа кушта шуда буд, аз иттиҳомоте, ки додситонӣ алайҳи муттаҳамони парванда ворид кардааст, норозӣ ҳастанд.

Додситонӣ Озодбек Одинаев ва Саидмухтор Мирҷонов, ду сокини шаҳрро, бар асоси модаи 108 қонуни кайфарӣ ба қатли Равшан Шарипов "дар натиҷаи беэҳтиётӣ" муттаҳам кардааст.

Ин афрод ҳамчунин ба авбошӣ, талош барои ришвадиҳӣ ва истифода аз зӯр алайҳи корманди давлатӣ муттаҳам шудаанд.

Аммо Шодӣ Шарипов, падари Равшан Шарипов ва Ҳомид Маъмуров, вакили ӯ, аз ин иттиҳомоти ворида алайҳи муттаҳамони қатли Равшан розӣ набуда ва аз додгоҳ дархост кардаанд, ки парванда аз нав таҳия шавад ва муттаҳамон ба ҷойи моддаи қатл “дар натиҷаи беэҳтиётӣ”, бар асоси моддаи 110, яъне “лату кӯби огоҳона, ки ба марг мунҷар шудааст”, муҳокима шаванд.

Вале додгоҳ ин дархости тарафи шокиро (шикояткунандаро) рад карда, ки ба ибрози беэътимоди шокиён нисбат ба ҳайъати додгоҳ мунҷар шудааст.

Дархости шокиён барои тағйири ҳайъати додгоҳӣ низ аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нодида гирифта шуда ва ин ҳайъат ба муҳокимаи муттаҳамони парванда бар асоси иттиҳомоти пешниҳодшуда аз сӯйи додситонӣ идома медиҳад.

Дар посух ба ин савол, ки чаро пас аз ибрози беэътимодӣ тарафи шикоят ҳанӯз ҳам дар ҷаласоти додгоҳӣ ширкат мекунад, вакили мудофеъи Шодӣ Шарипов гуфт, ки дар бораи иқдоми баъдӣ пас аз судури ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ тасмим хоҳанд гирифт.

Ба гуфтаи оқои Маъмуров, ба бовари муваккили ӯ, ҳайъати додгоҳ таҳти фишори додситонӣ қарор гирифтааст, зеро яке аз муттаҳамони ин парванда "ба далоиле аз сӯйи додситонӣ пуштибонӣ мешавад."

Оқои Маъмуров шарҳ дод, ки агар моддаи 108 қонуни кайфарӣ, яъне "қатл дар натиҷаи беэҳтиётӣ" ҷазои то панҷ сол зиндонро пешбинӣ кунад, моддаи 110 ҳукми аз 12 то 20 сол маҳрумият аз озодиро дар назар доштааст.

"Писари ҷавонмаргам дар кори давлат ба ин рӯз расид, барои ҳамин, ман аз президент умед дорам..."

Модари пулиси кушташуда

Равшан Шарипов рӯзи 27 апрел ба ҳангоми ифои вазифа дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамлаи як ронанда ва ҳамроҳаш қарор гирифта ва баъд аз чанд рӯз дар бемористон даргузашт.

Шоҳидони айнии ин ҳодиса гуфта буданд, ки ин маъмури пулис як худрави Мерседесро дар хиёбони Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе барои риъоят накардани қавоъиди роҳ нигоҳ дошт ва мехост ронандаро ҷарима кунад. Аммо ронанда ва ҳамроҳи вай Равшанро мавриди лату кӯб қарор дода ва ӯро шадидан захмӣ кардаанд.

Яке аз ҳамлагарон Озодбек Одинаев, муштзани касбӣ будааст. Ба ин хотир вакили мудофеъи шокиёни парванда мегӯяд, ки зарбаҳои ӯ огоҳона буданд, на ин ки “аз рӯи беэҳтиётӣ”.

Падару модари Равшан Шарипов барои таъйиди ин иддаъо ба амре иҷоза додаанд, ки камтар аз сокинони Тоҷикистон дар чунин маворид ба далоили нобоварӣ ба додгоҳ ва ё боварҳои мазҳабӣ ба он розӣ мешаванд.

Онҳо иҷоза доданд, ки ҷасади Равшан Шарипов эксгуматсия (набши қабр ё аз гӯр баровардан) шуда ва дубора мавриди озмоиши пизишкӣ қарор бигирад, “то ин ки иддаъоҳо таъйид ва адолат барқарор шавад.”

Вале додгоҳ қабул накардааст, ки парванда дубора таҳқиқ ва иттиҳомот алайҳи муттаҳамон сахттар шавад.

Маряммоҳ, модари Равшан, қабл аз баргузории нахустин ҷаласаи додгоҳ ба Би-би-сӣ гуфт: “Инҳо фикр карданд, ки бачаи ман пушту паноҳ, падару модар надорад? Не. Иҷоза додем, экспертиза маълум кард, ки бачаамро хеле куфтаанд."

"Мағзи сар кафидагӣ, сутунмӯҳра шикастагӣ, забон ду пора шудагӣ. Бачаи ман барои давлат кор мекард ва ба ин рӯз расид, барои ҳамин, ман ҳоло ҳам аз ҳукумат умед дорам, ки аз гунаҳгор пурсанд. Ман аз президент умед дорам...”

Шодӣ Шарипов 11 сол дар ниҳодҳои умури дохилии Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло таъмини молии ҳамсари хонашин ва чаҳор фарзанди ӯро падару модари Шодӣ ба уҳда доранд.

Яке аз фарзандони ин пулиси роҳи кушташуда бемории қанд дошта ва хонаводааш ҳатто дар замони зинда будани Равшан Шарипов барои табобати фарзанди бемори худ пули кофӣ надоштаанд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.