
Кукоинҳо ба дафтари пустии Созмони Милал рафта буданд
Пулиси Ню Юрк ба пайдо шудани як бастаи 16 килуграмии кукоин дар сохтмони Созмони Милал дар Ню Юркро таъйид кард.
Сухангӯйи пулиси Ню Юрк гуфт, ки ин бастаро дар бахши бастаҳои пустӣ пайдо карданд.
Ин маводд дар бастае сафед буд, ки рӯйи он орми (логои) Созмони Милал чоп шуда буд. Пулис мегӯяд, ки он орм тақаллубӣ будааст.
Пул Бровн, сухангӯйи пулиси Ню Юрк, мегӯяд, ки ба назари онҳо ин маводд иштибоҳӣ ба нишонии Созмони Милал омадааст.
Онҳо мегӯянд, ки рӯйи баст ҳеч ному нишоне набудааст. Баста аз Мекзик ба Синсинотӣ дар иёлати Уҳоюи Омрико рафта буд ва аз он ҷо ба Ню Юрк фиристода шуда буд.
Сухангӯйи Созмони Милал мегӯяд, ки рӯйи ин баста номи ҳеч кас, аз ҷумла касоне, ки дар Созмони Милал рафту омад доранд, набудааст.
Маъмурони Созмони Милал замоне, ки ин бастаро диданд, ба орми Созмони Милал, ки рӯйи он буд, шак карданд.
Ба гуфтаи як мақоми Созмони Милал, кукоинҳо дар чанд лаптоп ҷосозӣ шуда буданд.















