Артиши Омрико "кӯчактар ва чобуктар" мешавад

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 27 Январ соли 2012 - 06:49

Понето мегӯяд, кӯчак шудани артиш хатарҳои худашро ба ҳамроҳ дорад ва Омрико барои посухгӯйӣ ба он омодааст

Леун Понето, вазири дифоъи Омрико аз кӯчак шудани нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба мизони ҳудуди яксад ҳазор нафар хабар додааст.

Оқои Понето, ки дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтун дар бораи будҷеи низомии ҷадиди Омрико суҳбат мекард, гуфт, Иёлоти Муттаҳида қасд дорад артиши "кӯчактар ва чобуктар" дошта бошад.

Ба гуфтаи ӯ, артииши Омрико камокон тавони муқобила бо ҳамаи душманонро дар набардҳои заминӣ хоҳад дошт ва тавоноии нерӯҳои вижаи ин кишвар низ афзоиш хоҳад ёфт.

Будҷеи Вазорати дифоъи Омрико қарор аст дар тӯли соли оянда 487 милёрд дулор коҳиш ёбад.

Ба гуфтаи Леун Понето, дар 5 соли оянда 92 ҳазор нафар аз теъдоди сарбозони нерӯҳои заминӣ ва туфангдорони дарёӣ коста мешавад ва теъдоде аз подигонҳо (гарнизонҳо) ҳам таътил хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи оқои Понето, будҷеи ин вазоратхона дар соли молии 2013 525 милёрд дулор хоҳад буд, ки нисбат ба соли молии қабл аз он шаш милёрд дулор коҳиш нишон медиҳад.

Бар ин асос, будҷеи низомии Омрико дар Афғонистон дар соли оянда 88,4 милёрд дулор хоҳад буд, ки ҳудуди 26 милёрд дулор камтар аз соли молии ҷорӣ хоҳад буд.

Ин нахустин бор аз замони ҳамалоти ёздаҳуми сентябри 2001 аст, ки будҷеи низомии Омрико нисбат ба соли молии қабл аз он коҳиш меёбад.

Костан аз будҷеи дифоъии Омрико бахше аз тарҳи далати Борок Убомо барои муқобила касрии будҷеи бесобиқаи ин кишвар аст.

Оқои Понето гуфт: "Коре, ки кардаем ин аст, ки чобукӣ ва тавоноии нерӯҳои мусаллаҳро тавре дар назар гирифтаем, ки битавонем ба таҳдидҳои қарни бисту якум посух диҳем. Фикр мекунам, ин артиш барои оянда муносиб хоҳад буд. Оё ин кор бо хатароте ҳам ҳамроҳ аст? Ҳатман ҳамин тавр аст. Оё метавонем ба хатарот посух диҳем? Ҳатман ҳамин тавр хоҳад буд."

Оқои Понето гуфт, тамаркузи Омрико аз муноқишаҳои бузурги низомӣ монанди ҷанг дар Ироқ ва Афғонистон мутаваҷҷеҳи манотиқе монанди Осиё-Уқёнусия, Осиёи Миёна ва Ховари Миёна хоҳад шуд, ки барои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида авлавият дорад.

Ба гуфтаи вазири дифоъи Омрико, нерӯи ҳавоии ин кишвар ҷангандаҳои насли ҷадиди "Эф 35"-ро харидорӣ хоҳад кард, вале супориши сойири ҳавопаймоҳои родоргурез ба таъхир хоҳад уфтод.

Вале паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бидуни халабон) ҳамчунон аз ҷумлаи ақломе аст, ки дар садри феҳристи таҷҳизоти харидоришуда барои артиши Омрико қарор хоҳад дошт.

Омрико ҳамчунин новгони киштиҳои ҳавопаймобари худро қавӣ нигаҳ дошт, вале аз теъдоди размновҳояш хоҳад кост.

Теъдоде аз ҳавопаймоҳои таробарии (ҳамлу нақли) қадимии Омрико ҳам қарор аст аз новгони (флоти) ҳавоии ин кишвар хориҷ шавад ва супориши хариди зердарёиҳое ҷадид ҳам ба таъхир хоҳад уфтод.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, се ҳафта пеш дар вазорати дифоъи ин кишвар ҳозир шуд, то натиҷаи баррасии роҳбурдии будҷеи низомии Иёлоти Муттаҳидаро эълом кунад.

Ба гуфтаи оқои Убомо, ба рағми коҳиши будҷеи низомӣ, андозаи артиши Омрико ҳамчунон аз даврони пеш аз ҳамалоти ёздаҳуми сентябри 2001 бузургтар хоҳад буд.

Ҷумҳурихоҳон бо кӯчак шудани артиш ва костан аз будҷеи Вазорати дифоъ мухолифат кардаанд ва онро ба зарари амнияти миллии Омрико медонанд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.