
Оқои Зоҳидов гуфт, ки Виктор Радивиловский барои дарёфти ришваи зиёд аз ҷавонони тоҷик равонаи зиндон шудааст
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иддаъои бо айбномаҳои бофтаю сохта маҳкум ба зиндон шудани Виктор Радивиловский, донишанди русро, такзиб кард.
Низомиддин Зоҳидов, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 27 январ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки Виктор Радивиловский, ки қаблан раёсати Сандуқи байналмилалии ҳимоят аз ҳамватанони бурунмарзии Русия мавсум ба Рус-ро ба уҳда дорад, ба иттиҳоми тақаллуб ба ҳадди бузург дар Тоҷикистон муҳокима ва равонаи зиндон шудааст.
Оқои Зоҳидов гуфт, ки ин донишманди рус ба ивази гирифтани ришваи зиёд ба ҷавонони тоҷик ваъда дода буд, ки ба таҳсили онҳо дар донишгоҳҳои Русия мусоъидат хоҳад кард. Аммо бо вуҷуди дарёфти маболиғ ваъдаи худро иҷро накардааст.
Ба гуфтаи ӯ, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Виктор Радивиловский бар асоси шикояти хонаводаҳои ин ҷавонон боз шуда буд. Вай дар соли 2009 дар пайи шикояте дастаҷамъӣ аз 17 сокини шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Шокиён муддаъӣ шудаанд, ки вай аз ҳар ҷавон барои вуруд ба донишгоҳҳои Русия маблағи 2,5 то се ҳазор дулор гирифта буд, вале ваъдаҳои худро иҷро накарду пулҳоро низ барнагардонд.
Дар моҳи январи соли 2010 додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Дар соли 2011 гуруӯҳе аз сокинони вилояти Суғд низ алайҳи ӯ ба мамқомот шикоят бурданд ва парвандаи дигаре алайҳи ӯ боз шуд.
Низомиддин Зоҳидов таъкид кард: Агар мо қонунро эҳтиром мекунем, ин бояд дар чорчӯби қонун ҳал шавад. Шахсе, ки қонуншиканӣ кардааст, сарфи назар аз рус, тоҷик ё омрикоӣ буданаш бояд ҳатман муҷозот шавад.
Зимнан, Владимир Овсянников, намояндаи Ҳизби Либерол-Демукроти Русия дар Думои давлатии ин кишвар дар иҷлоси порлумон се рӯ қабл хостори озодии сареъи Виктор Радивиловский шуд.
Ба гуфтаи оқои Овсянников, ин муаррихи рус ба иттиҳоми бофта ва барои дар ихтиёри Тоҷикистон нагузоштани коллексия ё маҷмӯъи сангҳои нодир, ки падару модараш, донишмандони рус, ҷамъоварӣ карда буданд, дар муддати ду сол дар зиндон ба сар мебарад.
Ин намояндаи Думои давлатӣ ҳамчунин аз озод шудани ду ҳавонаварди русу эстунӣ аз зиндони Тоҷикистон ёдовар шуд.
Дар моҳи ноябри соли гузашта додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа, дар ҷануби Тоҷикистон, Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстуниро ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва риъоят накардани меъёрҳои байналмилалии ҳавонавардӣ ба 8,5 сол зиндон маҳкум карда буд.
Бар асоси қавонини Тоҷикистон, ин ду ҳавопаймои бории АН-72 ба далели интиқоли маводди қочоқӣ мусодира гардиданд.
Ба дунболи эъломи ҳукм дар Русия ҳамалоти лафзӣ алайҳи Тоҷикистон ва таҳдидот аз ҷониби мақомоти расмии он кишвар шурӯъ шуд ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурӣ, низ аз имкони андешидани чораҳо дар қиболи Тоҷикистон ҳушдор дода буд.
Ҳамчунин, пешниҳодҳо дар мавриди ҷорӣ кардани муқаррароти визо бо Тоҷикистон ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия садо доданд.
Дар пайи фишорҳои Русия додгоҳи вилояти Хатлони Тоҷикистон Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро бар асоси Қонуни афви ин кишвар аз зиндон озод кард.
Низомиддин Зоҳидов, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки ахиран Владимир Садовничий ва Алексей Руденко тбарои табрааи комили худ ва ширкати Ролкан Инвестмент ЛТД-и Русия барои бозгардондани ду ҳавопаймои худ ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон муроҷиъа кардаанд.
Оқои Зоҳидов гуфт, дар назар аст додгоҳи вилояти Хатлони Тоҷикистон ин шикоётро баррасӣ кунад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки равобити Тоҷикистону Русия дар солҳои ахир нисбатан тира шудааст. Ду кишвар бар сари масоиле монанди кунтрули фурудгоҳи низомии Айнӣ дар ҷануби ғарби Душанбе, ҳузури пойгоҳи Русия ва имкони бозгашти марзбонони рус ба марзи Тоҷикистон ихтилофти ҷиддие доранд.
Ба гуфтаи Низомиддин Зоҳидов, кумисиюнҳои вижаи коршиносии ду кишвар ба музокироти худ дар бораи ояндаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва тақозои Русия барои истифода аз фурудгоҳи "Айнӣ" идома медиҳанд.
Ба гуфтаи муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон, мақомҳои ду кишвар дар мавриди воридоти маводди нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон низ музокира мекунанд. Русия дар соли гузашта барои нафти содиротии худ ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ эъмол кард, ки мунҷар ба афзоиши қиматҳо дар Тоҷикистон шуд.
Оқои Зоҳидов гуфт: "Русия ваъда кард, ки 170 ҳазор тун маводди нафтиро дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон бидуни ахзи аворизи гумрукӣ содир хоҳад кард. Аммо ин барои кишвари мо кофӣ нест."















