
Таҷлил аз Рӯзи Волентойн дар ҷамоҳири собиқи шӯравӣ дар солҳои ахир роиҷ шудааст
Расонаҳои гурӯҳӣ аз тасмими мақомоти Узбакистон ба "манъи таҷлил" аз Рӯзи Волентойн ё Рӯзи ошиқон дар ин кишвар хабар додаанд.
Хабаргузории CA-News навиштааст, ки мақомоти узбак "ба таври шифоҳӣ" баргузории ҳар гуна маросим ва барномаҳои кунсертӣ ба муносибати Рӯзи Волентойнро, ки бо 14 феврал мусодиф аст, мамнӯъ кардаанд.
Дастандаркорони чунин барномаҳо ҳушдор гирифтаанд, ки дар солҳои оянда низ дар ин рӯз аз баргузории ҳама гуна маросим ва барномаҳо ба муносибати Рӯзи Волентойн худдорӣ кунанд.
Ба ҷойи ин ҷашн, ки дар солҳои ахир дар миёни ҷавонон дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар муд шуда, мақомот дастур додаанд, ки 14 феврал зодрӯзи Заҳуриддин Муҳаммад Бобур, шоъир ва бунёнгузори сусолаи Бобуриёни Ҳинд дар қарни 16 ҷашн гирифта шавад.
Муҳаммад Бобур зодаи шаҳри Самарқанд ва аз наберагони Темури Ланг буд, ки пас аз ҷанг бо Шайбонихон ба Ҳинд фирор кард ва дар он ҷо давлати Бобуриёнро таъсис дод. Ба ҳамин далел, мақомоти Ӯзбакистон монанди Темур ӯро низ аз бузургони қавми узбак хонда ва ба ӯ ифтихор меварзанд.
Ба ин тартиб, интизор меравад дар Рӯзи Волентойн дар кохи Истиқлол–и шаҳри Тошканд ҳамоише дар робита бо зодрӯзи Бобур, ки низ мутаваллиди 14 феврал аст, доир шавад.
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки мақомоти ӯзбак таҷлил аз Рӯзи Волентойнро бархоста аз дину фарҳанги масеҳӣ ва муғойир бо арзишҳои миллӣ ва исломии сокинони ин кишвар медонанд.
Дар гузашта, мақомоти Таркманистон, як кишвари дигари Осиёи Марказӣ, низ таҷлил аз ин рӯзро дар қаламрави кишвари худ мамнуъ карда буданд. Дар Туркманистон, дар даврони раёсати ҷумҳурии Сафармурод Ниёзов уперо ва болле низ ба унвони "ҳунарҳои бегона" мамнуъ шуд.
Вале дар кившарҳои дигари ин минтақа, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳамсола теъдоде аз сокинон, бавижа ҷавонони таҳсилкарда дар Ғарб, бо пешниҳоди ҳадоё ба дӯстдоронашон аз Рӯзи Волентойни муқаддас дар шаҳрҳо таҷлил мекунанд.
Маъмулан, дар фурӯшгоҳҳои Душанбе ва шаҳрҳои дигари бузурги Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи Волентойн таҷаммуъи ҷавонон барои харидории кодуҳо ё ҳадоё барои дӯстдоштаҳояшон мушоҳида мешавад.
Бештари ҷавонон мегӯянд, ки дар бораи шахсияти Волентойн ва таърихи пайдоиши Рӯзи Ошиқон иттилоъи дақиқе надоранд, вале аз ин ки чунин як рӯзи ошиқон вуҷуд дорад ва онҳо фурсате барои додани ҳадя ба дӯстдоштаҳояшон меёбанд, ҳушҳоланд.
Дар гузашта теъдоди андаке аз сокинони ҷамоҳири собиқи шӯравӣ аз вуҷуди Рӯзи Волентойн иттилоъ доштанд. Вале дар солҳои ахир бо таваҷҷуҳ ба густариши интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ теъдоди афроде, ки аз ин рӯз таҷлил мекунанд, афзоиш меёбад.
Дар бораи пайдоиши рӯзи Волентойн ривоёти мухталифе мавҷуд аст. Тибқи баъзе ривоятҳо ҷашнигирии рӯзи Волентойн дар давраи пеш аз Милоди Масеҳ низ вуҷуд доштааст.
Вале роиҷтарин ривоят ин аст, ки дар қарни севуми мелодӣ, яке аз фармонравоёни Руми бостон барои муддате издивоҷро миёни ҷавонон мамнӯъ кард. Вай фикр мекард ҳамон сарбозе беҳтар меҷангад, ки муҷаррад бошад ва барои онҳое, ки издивоҷ мекунанд, муҷозоти сангине муқаррар кард.
Дар он замон, кашише масеҳӣ бо номи Волентойн буд, ки ба таври пинҳонӣ ҷавононро ба ақди никоҳи ҳам медаровард. Барои ин кор Волентойн ба зиндон уфтод ва дар он ҷо ошиқи духтари зиндонбон шуд.
Аммо пеш аз он, ки Волентойн эъдом (қатл) шавад, ба духтари зиндонбон номае ошиқона дод, ки дар поёни он навишта буд: "Волентойни ту". Аз он ба баъд, исми Волентойн мутародиф бо фидойии ишқ шуд ва ҷашни "Рӯзи Волентойн" аз он ҷо марсум шудааст.















