Омрико се фаъъоли ҶИУ-ро шомили феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ кард

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 27 Январ соли 2012 - 14:06
Толибон

Афроди вобаста ба ҶИУ ва Алқоъида дар марзи Афғонистону Покистон фаъъолият доранд

Вазорати хориҷаи Омрико се пайкорҷӯйи вобаста ба Ҷунбиши Исломии Узбакистонро шомили феҳристи афрод, созмонҳо ва гурӯҳҳои теруристӣ дар ҷаҳон кардааст.

Ду тан аз ин афрод, бародарон, Ёсин ва Мунир Чуко ном доранд, ки табаъияташон эълом нашуда, вале ба иддаъои Вазорати хориҷаи Омрико, онҳо аз ҷумлаи размандагон, нуфузиён, миёнҷиён ва мубаллиғони Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон маҳсуб мешаванд.

Фарди дигар Мавлуд Кар ба унвони миёнҷӣ ва нуфузии Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ, як гурӯҳи дигари исломгарои муттаҳам ба терурисм, шинохта шудааст.

Бо шомил шудани ин афрод дар феҳристи афрод ва гурӯҳҳои теруристӣ, давлати Омрико ҳама гуна муъолима бо онҳоро мамнӯъ ва дороиҳояшон дар бонкҳои Омрикоро масдуд кардааст.

Ин се нафар дар соли 1989 дар феҳристи СММ дар бораи гурӯҳҳо ва афроди теруристӣ низ шомил шуда буданд.

Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати хориҷаи Омрико, Мунир Чуко, мулаққаб ба Абу Одам ва Ёсин Чуко, мулаққаб ба Абу Иброҳим, аз аъзои Ҷунбиши Исломии Узбакистон буда ва дар манотиқи марзии байни Афғонистону Покистон амалиёти теруристӣ анҷом медиҳанд.

Ин ду бародар ҳамчунин аз аъзои аршади Ҷудуллоҳ Медиё ё шӯъбаи тавлидоти расонаии гурӯҳи Ҷундуллоҳ маҳсуб мешаванд.

Дар моҳи октябри соли 2011 Мунир Чуко масъулияти яке аз ҳамалоти Ҷунбиши Исломии Узбакистонро ба уҳда гирифта буд. Дар ин ҳамла панҷ табаъаи омрикоӣ, як шаҳрванди Конодо, ҳашт корманди ғайринизомии ОЙСОФ ё нерӯҳои ёрии амниятӣ дар Афғонистон, се ғайринизомии афғон ва як маъмури пулис кушта шуданд.

Мунир ҳамчунин иддаъо кардааст, ки Ҷунбиши Исломии Узбакистон масъули ҳамлаи интиҳорӣ дар Багром дар 19 майи соли 2010 аст, ки дар он як корманди омрикоӣ кушта ва нуҳ неруи НОТУ захмӣ шуданд.

Мавлуд Каст. Вай дар ғиёбаш ба ҷурми талош бароои таъсиси шабакаи Алқоъида дар Лубнон ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.

Мавлуд Кар ҳамчунин дар тарроҳии бумбгузорӣ алайҳи таъсисот ва шаҳрвандони омрикоӣ дар Олмон дар соли 2007 низ мазнун аст.

Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд, ки шомил кардани ин афрод ба феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ барои мубориза бо терурисм ва муқобала бо пуштибонии гурӯҳҳои мухталиф аз теруристон ва барои водоштани ин гурӯҳҳо ба қатъи ҳимоят аз терурисм муфид аст.

Ҷанг алайҳи терурисм ба раҳбарии Омрико дар Афғонистон соли 2001, пас аз ҳамалот ба ду бурҷи Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат оғоз шуда ва то ҳол идома дорад.

Омрико қаблан аз қатли Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Алқоъида, хабар дод, ки дар тарроҳии чандин амалиёти теруристӣ алайҳи давлати Омрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ мазнун буд.

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.