Нигаронии Созмони Милал аз вазъияти боздоштгоҳҳои ғайримуҷоз дар Либӣ нигарон аст

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 26 Январ соли 2012 - 13:50
Иён Мортин

Иён Мортин идомаи фаъъолияти шибҳинизомиён ва фиқдони назорати давлати марказиро нигаронкунанда хондааст

Ба гуфтаи мақомҳои Созмони Милали Муттаҳид, шибҳинизомиёни либиёӣ аз кунтрул хориҷ шуда ва ҳазорон нафарро дар боздоштгоҳҳои сиррӣ маҳбус кардаанд.

Нигаронии Созмони Милал дар мавриди ноамнӣ дар Либӣ дар ҳоле иброз мешавад, ки давлати интиқолӣ, ки бо суқути ҳукумати Муъаммар Қаззофӣ идораи умурро дар даст гирфтааст, ба сахтӣ дар талош аст, то иқтидори худро бар кулияи умур ва ҳамаи манотиқи ин кишвар эъмол кунад.

Мақомоти Созмони Милал гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир беш аз ҳашт ҳазор тан аз тарафдорони Муъаммар Қаззофӣ дар асорати гурӯҳҳои шибҳинзомӣ ҳастанд ва бархе гузоришҳо ҳокӣ аз вуқӯъи шиканҷа дар ин боздоштгоҳҳост.

Иён Мортин, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Либӣ рӯзи гузашта дар гузорише ба Шӯрои Амният гуфт, ки даргирии ахир байни шаҳрвандони мусаллаҳи шаҳри Банӣ Валид ва нерӯҳои инқилобӣ ба ғалат бо унвони бозпасгирии ин шаҳр тавассути тарафдорони Қаззофӣ интишор ёфтааст.

Дар замони ҳукумати собиқи Либӣ шаҳри Банӣ Валид ба унвони яке аз марокизи тамркузи афроди вафодор ба Муъаммар Қаззофӣ шуҳрат дошт ва гуфта мешавад, ки дар даргириҳои рӯзи душанбеи ин ҳафта дар ин шаҳр дастикам чаҳор нафар кушта шудаанд.

Ба гуфтаи оқои Мортин, ҳаводиси шаҳри Банӣ Валид нишонае аз душвориҳои мавҷуд бар сари дастёбӣ ба тафоҳум байни тарафдорони раҳбари собиқи Либӣ ва шибҳинизомиёне аст, ки пас аз суқути ҳукумати Қаззофӣ инак бар авзоъ мусаллат шудаанд.

Ин мақоми Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, тайи моҳи ҷорӣ шибҳинизомиёне, ки дар сарнагунии ҳукумати собиқ мушорикат доштанд, масъули бархӯрдҳои хунин дар Таробулус, пойтахт, ва даргирӣ дар шаҳрҳои дигаре будаанд, ки талафоте ҳам бар ҷой гузоштааст.

Оқои Мортин гуфт: "Ҳарчанд режими қаблӣ соқит шуда, аммо воқеъияти талх ин аст, ки мардуми Либӣ ночоранд бо мероси амиқан решадори он режим зиндагӣ кунанд."

Тарафдорони зиндонии Қаззофӣ

Ба гуфтаи мақомоти Созмони Милал ҳудуди ҳашт ҳазор тан дар боздоштгоҳҳои вобаста ба шибҳинизомиён зиндонӣ ҳастанд

Намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури Либӣ заъф ва гоҳ ҳатто фиқдони созмонҳои давлатӣ, набуди аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеъаи маданиро бахше аз мероси ҳукумати собиқи Либӣ унвон кард ва афзуд, ки ин нуқоти заъф гузори сиёсӣ дар ин кишварро ҳатто душвортар кардааст.

Оқои Мортин дар айни ҳол гуфта, ки иқдомоте барои халъи силоҳи шибҳинизомиён сурат гирифтааст, аммо дастрасии озодона ба аслиҳа ва ҳузури "типҳои" (бригадаҳои) мухталифи муташаккил аз шибҳинизомиёни мусаллаҳ ҳудуди ихтиёрот ва маҳдудаи амали онҳо маълум нест, боъис шудааст, то давлати интиқолӣ дар эҳроз ва тасбити машрӯъияту иқтидори худ дар тамомии нуқот ва дар миёни тамомии шаҳрвандони Либӣ бо душворӣ мувоҷеҳ шавад.

Ин мақоми Созмони Милал гуфт, ки давлати интиқолӣ то кунун дар ҷилавгирӣ аз бурӯзи хушунат ва даргирии густурда муваффақ будааст, аммо дар мавриди хатари бурӯзи хушунат ва густариши он ҳушдор дод.

"Гузоришҳои музтарибукунанда"

Ҳамзамон Новӣ Пилой, кумисори олии ҳуқуқи башари Созмони Милал, нисбат ба вазъияти боздоштиёне, ки ҳамчунон дар ихтиёри нерӯҳои инқилобӣ ҳастанд, ибрози нигаронии амиқ кардааст.

Хонуми Пилой низ гуфтааст, ки бар асоси гузоришҳои расида, эҳтимолан то ҳашт ҳазор нафар дар ҳудуд шаст боздоштгоҳ дар саросари Либӣ зиндонӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи кумисори олии ҳуқуқи башари Созмони Милал, аксарияти боздоштшудагон аз нерӯҳои вафодор ба ҳукумати Қаззофӣ ҳастанд, ки тавассути шибҳинизомиён мухолиф дастгир шудаанд, аммо дар миёни боздоштшудагон, теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз шаҳрвандони кишварҳои офриқои сиёҳ низ вуҷуд дорад.

Нерӯҳои давлати интиқолӣ

Нерӯҳои шӯрои миллии интиқолӣ бо таҷҳизоти размӣ ба атрофи Банӣ Валид эъзом шудаанд

Хонуми Пилой гуфтааст, ки фиқдони кунтрули давлати марказӣ бар ин боздоштгоҳҳо ва вазъияти боздоштиён "ҷаверо эҷод карда, ки заминасози тавассул ба шиканҷа ва бадрафторӣ аст."

Кумисори олии ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфтааст: "Ҳамкорони мо аз вазъияти боздоштгоҳҳое, ки мавриди боздид қарор додаанд, гузоришҳои бисёр нигаронкунандаро таҳия кардаанд."

Новӣ Пилой аз мақомоти давлати интиқолии Либӣ хост, то идораи "ин зиндонҳои ғайрирасмӣ"-ро ҳар чӣ зудтар дар даст бигиранд ва ба зиндониён дар чорчӯбе қонунӣ рафтор кунанд.

Дар хабари дигаре дар мавриди Либӣ Усома ал-Ҷаволӣ, вазири дифоъи давлати интиқолии Либӣ, ки машғули музокира бо шибҳинизомиёни мусаллаҳ дар шаҳри Банӣ Валид аст, авзоъи шаҳрро "босабот" тавсиф кардааст.

Дар айни ҳол, ба гуфтаи шоҳидон, нерӯҳои эъзомӣ бо таҷҳизоти комили размӣ ба минтақа эъзом ва дар атрофи шаҳр мустақар шудаанд ва ба назар мерасад, ки дар сурати шикасти музокирот омодаи даст задан ба амлиёти низомӣ ҳастанд.

Бо ин ҳама, яке аз фармондеҳони ин нерӯҳо гуфт, ки нафароти таҳти амри ӯ барои "мусолиҳа" ба ин маъмурият эъзом шудаанд.

Бар асоси бархе гузоришҳо, афроди мусаллаҳи дохили Банӣ Валид тавонистаанд нерӯҳои вафодор ба шӯрои миллии интиқолиро аз шаҳр хориҷ ва ба ақибнишинӣ ба саҳрои ҳаволии Банӣ Валид водор кунанд.

Сокинони Бани Валид ба хабрнигори Би-би-сӣ гуфтаанд, ки 90 дарсади шаҳр дар ихтиёри шибҳинизомиён аст.

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.