Сиву нуҳ зиндонии сиёсии эронӣ хостори "густариши ҷунбиши эътирозӣ" шуданд

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 26 Январ соли 2012 - 09:39
Додгоҳи пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ

Зиндониёни имзокунанда интихоботи Маҷлиси нуҳумро "дурӯғину муҳандисишуда ва фармоишӣ" тавсиф кардаанд

Сиву нуҳ зиндонии сиёсии Эрон аз тайфҳои гуногун бо имзои баёнияе аз мардуми Эрон хостанд, ба "густариш ва таъмиқи ҷунбиши эътирозӣ" бипардозанд ва барои озодии "раҳбарони дар ҳаср (муҳосира) ва ҳабси худ" бикӯшанд.

Ин зиндониён дар баёнияе, ки чаҳоршанбе, 5 баҳман (25 январ) дар вебгоҳи "Калима" мунташир шуда, бо ишора ба гузашти ёздаҳ моҳ аз ҳабси раҳбарони муътаризон ба интихоботи раёсати ҷумҳурии даҳум, аз "тамомии озодихоҳони ҷаҳон ва ниҳодҳои мустақили мудофеъи ҳуқуқи башар" хостаанд, ки барои озодии онҳо иқдом кунанд.

Маҳдии Каррубӣ, Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Заҳро Раҳнавард аз 25 баҳмани гузашта дар зиндони хонагӣ ва таҳти назорати шадиди маъмурони амниятӣ қарор доранд.

Ин баёния як рӯз пас аз он содир мешавад, ки Заҳро Раббонии Амлашӣ, арӯси оятуллоҳ Мунтазирӣ, дар номае ба раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ба нигаронии шадиди фарзандони Мир-Ҳусейни Мӯсавӣ, ва Заҳро Раҳнавард аз вазъияти саломатии волидайни худ ишора кардааст.

Арӯси ин марҷаъи тақлиди мутаваффои шиъа дар номаи худ изҳор дошт, ки афроде ношинос дар тамосҳое ҷудогона бо фарзандони оқои Мӯсавӣ ба онҳо гуфтаанд, ки "падар ё модари шумо бисёр бемор ҳастанд" ва "бемории хатарноке доранд ва алъон дар ҳоли шимидармонӣ (химиотерапия) ҳастанд."

Тавсия ба "огоҳии бахше дар мавриди интихобот"

Дар барномаи ҷадиди зиндониёни сиёсӣ ба шаҳрвандони Эрон тавсия шудааст, ба "огоҳибахшӣ дар мавриди интихоботи дурӯғин ва муҳандисишуда ва фармоишии исфандмоҳ" (феврал-март) бипардозанд.

Имзокунандагони нома, бо ишора ба мавзеъгирии раҳбарон ва ташаккулҳои ислоҳталаб дар мавриди адами ширкат дар интихоботи оянда навиштаанд: "Ислоҳталабон ва озодихоҳони ҳақиқӣ ба арзёбии раҳбарони маҳбуси худ нидои мо аз даруни зиндон ва хости аксарияти эрониён ва ҷамъиятҳои сиёсии ватандӯст посухи мусбат доданд ва ҳозир ба гарм кардани танӯри интихоботи муҳандисишуда ва бозтавлиди истибдод нашудаанд."

Зиндониёни имзокунандаи баёния аз "тамомии озодихоҳони ҷаҳон ва ниҳодҳои мустақили мудофеъи ҳуқуқи башар" хостаанд, ки барои озодии Маҳдии Каррубӣ, Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Заҳро Раҳнавард иқдом кунанд."

Ин зиндониён беш аз як моҳ пеш низ бо интишори баёнияе сиву нуҳимзоӣ дар мавриди интихоботи маҷлиси нуҳум "Гарм кардани танӯри интихобот ба ҳар шакл"-ро "кумак ба истибдод ва дар тақобул бо таҳаққуқи демукросӣ ва тазмини ҳуқуқи башар" дар Эрон дониста буданд.

Дар баёнияи қаблии ин зиндониён номзад шудан дар интихобот "машрӯъият додан ба интихоботе расвову намоишӣ ва кумак ба тақвияту таҳкими пояҳои истибдоду худкомагӣ" тавсиф шуда буд.

Баҳман Аҳмадии Амуӣ, Муҳсини Аминзода, Алиризо Биҳиштии Шерозӣ, Сайид Мустафо Тоҷзода, Муҳсини Мирдомодӣ, Беҳзоди Набавӣ, Алиризо Раҷоӣ, Исои Саҳархез, Довуди Сулаймонӣ, Муҳаммади Сайфзода, Қосими Шуъласаъдӣ, Кайвони Самимӣ, Файзуллоҳи Арабсурхӣ, Абулфазли Қадаёнӣ ва Абуллоҳи Муъминӣ аз ҷумлаи имзокунандагони номаҳои ин зиндониёни сиёсӣ ҳастанд.

Ин номаҳо ҳамчунин тавассути Ҳасан Асадии Зайдободӣ, Ҷаводи Имом, Масъуди Бостонӣ, Имоди Баҳовар, Сайид Саъиди Ҷалолифар, Алии Ҷамолӣ, Амири Хуррам, Бобаки Дошоб, Муҳаммади Доварӣ, Маҷиди Дуррӣ, Амирхусрав Далери Сонӣ, Ҳусейни Зарринӣ, Фаредуни Сайдирод, Ҷалили Тоҳирӣ, Муҳаммадфарид Тоҳирии Қазвинӣ, Сиёмаки Қодирӣ, Фаршоди Қурбонпур, Саъиди Матинпур, Муҳсини Муҳаққиқӣ, Маҳдии Маҳмудиён, Муҳаммадризои Муътамидниё, Алии Малиҳӣ, Зиёи Набавӣ ва Абулфазли Обидинӣ имзо шудааст.

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.