Талошҳои ҷавонон барои дастёбӣ ба “иқтисоди сабз” дар минтақа

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 26 Январ соли 2012 - 10:14
Ҳамоиш

Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши фаъъолони ҷавони муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Созмонҳои зистмуҳитии ҷавонон дар Осиёи Марказӣ мехоҳанд аз тариқи талошҳо барои ҳифзи муҳити зист, коҳиши фақр ва рушди пойдори иқтисоди кишварҳои худ ба тавсеъаи “иқтисоди сабз” даст ёбанд.

Ин матлаб рӯзи панҷшанбеи 26 январ дар ҳамоиши байналмилалии созмонҳои муҳити зисти ҷавонону наврасони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе иброз шуд.

Ба назари ширкаткунандагони ин ҳамоиш, “иқтисоди сабз” ба маънии ҷилавгирӣ аз олудагии ҳаво, об ва муҳити атроф, коҳиши мизони партоби гозҳои гулхонаӣ ба фазо ва истифодаи густарда аз энержии хуршедӣ, бодӣ ва нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ аст.

Дар ҷараёни мубоҳисот намояндагони созмонҳои ҷавонон дар умури муҳити зист таъкид доштанд, ки энержии ҳастаӣ ба ҳеч ваҷҳ шомили “иқтисоди сабз” намешавад, партовҳои родиюактив ва садамаҳое мисли Фукушиму нишонаи он аст, ки истифода аз ин навъи энержӣ авоқиби хатарноке дорад.

Зимнан, бархе аз коршиносони хориҷӣ энержии ҳастаиро, ки аз корбурди он гозҳои гулхонаӣ ба фазо партоб намешавад ва муҳити зистро олуда намесозад, дар радифи аносири “иқтисоди сабз” гузоштаанд.

Гуфта мешавад, вазъи муҳити зисти Осиёи Марказӣ чандон созгор набуда, ин минтақа дар маърази хатароти зистмуҳитие, монанди биёбоншавӣ, олудагии ҳавою об бо партовҳои санъатӣ, зуболаҳои родиюактив ва камбуди оби ошомиданӣ қарор дорад.

Кайша Атахонова, аз фаъъолони муҳити зист дар Қазоқистон, ки барои мамонеъаташ аз воридоти партовҳои родиюактив ба Қазоқистон ҷоизаи байналмилалии “Голдман”-ро дарёфт кардааст, гуфт, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ба партовгоҳ ё “қабристон”-и маводди родиюактиви нерӯгоҳҳои ҳастаии ин кишвар мубаддал шуда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Тоҷикистону Қирғизистон партовгоҳҳои бузурги маводди родиюактив мавҷуд аст, ки барои безиён сохтани ин мавод ҳазинаи ҳангуфте лозим аст.

Дмитрий

Оқои Терешкевич гуфт, ки мумкин аст, давлати Ӯзбакистон ба сафари эколокҳои ҷавони ӯзбак ба Тоҷикистон иҷоза надодааст

Масалан, бино ба иттилоъи манобеъи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, танҳо дар партовгоҳҳои родиюактив дар шимоли ин кишвар беш аз 240 милюн тун зуболаи родиюактив мавҷуд аст.

Бар асоси таҳқиқоти муқаддамотии коршиносони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, барои амнсозии ин маводди родиюактив дар Тоҷикистон ҳудуди 250 милюн дулори омрикоӣ лозим аст.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Терешкевич, дабири Шабакаи муҳити зисти Осиёи Марказӣ, як созмони минтақаии ҷавонон, рӯзи панҷшанбеи 26 январ дар ҳамоиши Душанбе гуфт, ки ҳадафи аслии ҷавонони мудофеъи муҳити зист дар Осиёи Марказӣ омӯзиши масоили зистмуҳитӣ, мутталеъ сохтани ҳамсолони худ аз хатароти ношӣ аз фаҷоеъи зистмуҳитӣ ва мусоъидат ба рушди ҷаҳонгардии зистмуҳтӣ маҳсуб мешавад.

Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш эъломияи бумшиносони (экологҳои) ҷавони Осиёи Марказӣ ба ҳамоиши сарони кишварҳои ҷаҳон дар Рио-де Жанейрои Бразил мавсум ба "Рио+20" дар моҳи июни соли ҷорӣ тасвиб шавад.

Ҳамзамон, оқои Терешкевич аз ширкат накардани ҳайъати Ӯзбакистон дар ҳамоиши шаҳри Душанбе ибрози таассуф карда ва гуфт, ки мумкин аст давлати ин кишвар сафари бумшиносони ҷавони ӯзбак ба Тоҷикистонро иҷоза надода бошад.

Ӯ гуфт, ки масъулони созмони бумшиносони ҷавони Ӯзбакистон даъват ба ҳамоиши 6-уми Шабакаи муҳити зисти Осиёи Марказиро пазируфта ва дар масъалаи дарёфти визои Тоҷикистон низ мушкиле надоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Дмитрий Терешкевич, фаъъолони муҳити зисти Тоҷикистону Ӯзбакистон дар бархе аз масоили зистмуҳитӣ ихтилофи назарҳо доранд ва ин масоил бояд дар атрофи мизҳои музокирот баррасӣ шавад.

Созмони муҳити зисти ҷавонону наврасони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2006 дар шаҳри Олмотии Қазоқистон таъсис шуда ва ҳамасола ҳамоишҳои ин ниҳод дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.