
Ҳафтаи ҷорӣ дар истгоҳҳои қатори шаҳри Маскав амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ идома дорад
Владимир Путин, нахуствазир ва аз номзадҳои асосии интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия пешниҳод кардааст афроде ки қонунҳои муҳоҷирати Русияро нақз мекунанд, барои муддати то 10 сол ва ҳатто бештар аз ҳаққи ворид шудан ба ин кишвар маҳрум шаванд.
Оқои Путин ҳамчунин пешниҳод кардааст соҳибони манзиле, ки муҳоҷирон дар он ба сурати ғайриқонунӣ сабт мешавад, низ мавриди пайгарди қонун қарор бигиранд.
Нахуствазири Русия ин суханонро дар ҷаласаи Хадамоти федроли муҳоҷирати ин кишвар эрод кардааст.
Ӯ афзудааст: "Масъулони сабт ва соҳибони манозиле, ки садҳо нафар дар онҳо сабт мешаванд, бояд таҳти пайгарди қонун қарор бигиранд."
Дар пуштибонӣ аз ин пешниҳоди оқои Путин Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федероли муоҷирати Русия пешниҳод кардааст, ки афроде ки ба сурати ғайриқонунӣ аз марзи Русия убур мекунанд, барои муддати 2 сол зиндон шаванд ва агар убури ғайриқонунии марз ба сурати гурӯҳӣ анҷом шуда бошад, аъзои ин гурӯҳ барои муддати панҷ сол равонаи зиндон шаванд.
Қонуни ҷазои Русия ҳамакнун барои убури ғайриқонунии марз чунин муҷозотро муқаррар кардааст, аммо ба гуфтаи оқои Ромодановский ҳоло танҳо бо ҷаримаи мутахаллифон иктифо мешавад.
Муҷозоти ҳам масъулин ва ҳам соҳибони манзил
Аммо ин моддаи қонун ба атбоъи хориҷӣ тааллуқ мегирад.
Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия мушаххас накардааст, ки дар мавриди соҳибони ин манозил, ки аксари онон манозили рустоӣ ҳастанд, ки даҳҳо нафар муҳоҷирон дар онҳо сабти ном мешаванд, чи муҷозоте пешбинӣ хоҳад шуд.
Хабарнигорон мегӯянд дар бархе маворид дар як манзил то сад муҳоҷир сабти ном шудааст.
Дар ҳамин ҳол дар асноди тақаллубии сабти муҳоҷирон дар бисёре аз маворид одраси манозиле зикр мешавад, ки соҳибони онҳо дар бораи ин тақаллуб хабар надоранд.
Телевизиюни давлатии Русия ҳафтаи ҷорӣ барномаеро намоиш дода, ки аз таҳияи асноди тақаллубии сабти номи муҳоҷирон ҳикоят мекунад.
Оқои Путин тақозо кардааст кормандони давлат, ки аз "роҳи чунин тақаллуб сарват меандӯзанд" низ муҷозот шаванд.
Нахуствазир ва аз номзадҳои асосии интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия пешниҳод кардааст афроде ки қонунҳои муҳоҷирати Русияро нақз мекунанд, барои муддати то 10 сол ва ҳатто бештар аз ҳаққи ворид шудан ба ин кишвар маҳрум шаванд.
Оқои Путин рӯзи душанбе дар нашрияи "Независимая газета" мақолаеро дар робита ба масоили муҳоҷирон ва равобити қавмӣ дар Русяи мунташир карда буд, ки гуфта мешавад дувумин бахш аз силсилаи мақолоте аст, ки шомили барномаи қабл аз интихоботи ӯ ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 4 март мешавад.
Бисёре аз коршиносон дар Русия суханони ахири оқои Путин дар бораи масоили муҳоҷират ва нақши муҳоҷирон дар ҷомеъаи ин кишварро бештар марбут ба монуврҳои сиёсии ӯ дар ҷараёни рақобат бо соири номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ медонанд, то бо тасомими қобили иҷро дар ояндаи наздик.















