
Бо вуҷуди талошҳои давлати Тоҷикистон барои эҷоди низоми иқтисодии озод, созмонҳои байналмилалӣ иқтисоди ин кишварро баста унвон мекунанд
Тоҷикистон дар феҳрасти тозае дар бораи озодии иқтисодӣ дар миёни 183 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи 129-ро касб кардаст. Соли гузашта Тоҷикистон дар радаи 128 қарор дошт.
Дар ин феҳраст, ки аз сӯйи созмони омрикоии мавсум ба Бунёди Мерос (The Heritage Foundation) таҳия шудааст, кишварҳо аз нигоҳи озодии иқтисодӣ, аз иқтисодҳои комилан озод то ба иқтисодҳои комилан маҳдуд, ба панҷ гурӯҳ тақсим шудаанд.
Гузоришгарон феҳрасти вазъи озодии иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳонро бо дарназардошти вазъи озодии тиҷорат, соҳибкорӣ, бонкдорӣ, сармоягузорӣ, шуғл, озодиҳои пулӣ ва молӣ, таъмини амнияти моликият, харҷи давлат ва озодӣ аз фасод таҳия мекунанд.
Тоҷикистон дар феҳрасти тоза ба гунаи соли гузашта дар гурӯҳи иқтисодҳои нисбатан ғайриозод боқӣ монда ва дар канори кишварҳое назири Озарбойҷон (91), Чин (138), Итолиё (92), Бразил (99) ва Ҳинд (123) ҷой гирифтааст. Зимнан, Русия низ дар ин гурӯҳи кишварҳо ҷойгоҳи 144-ро ба худ ихтисос додааст.
Ба гурӯҳи кишварҳои дорои низоми иқтисоди ғайриозод Ӯзбакистон (164) ва Туркманистон (168) шомил шудаанд. Қазоқистон (65) ва Қирғизистон (88) ба гурӯҳи иқтисодҳои нисбатан озод шомил ҳастанд. Гурҷистон, Арманистон ва Литвонӣ низ дар канори Фаронса, Уругвай ва Исроил дар ҳамин гурӯҳ қарор доранд.
Ба гурӯҳи иқтисодҳои нисбатан озод, ки аз 23 кишвар иборат аст, Бритониё (14), Суэд (21), Жопун (22), Олмон (26) ва аз ҷамоҳири собиқи шӯравӣ Эстунӣ (16) ва Летунӣ (23) ворид шудаанд.
Конодо ва Омрико, ки дар гузашта аз ҷумлаи кишварҳои дорои иқтисоди комилан озод маҳсуб мешуданд, дар феҳрасти соли ҷорӣ ҷойгоҳи пойинтареро ба худ ихтисос додаанд.

Дуктар Умаров мегӯяд, ки ширкатҳои вобаста ба мақомоти баландпоя имкони рақобат дар иқтисоди Тоҷикистонро аз байн бурдаанд
Панҷгонаи иқтисодҳои "комилан озод" аз Ҳунгкунг, Сангопур, Устролиё, Зелонди Нав ва Суис иборат аст.
Муаллифони ин феҳраст мегӯянд, ки дар соли гузашта дар бештари кишварҳои ҷаҳон мудохилаи давлат дар умури иқтисодӣ афзоиш ёфтааст, ки ин ба вазъи бӯҳрони иқтисоди кишварҳои пешрафта бастагӣ дорад.
Ба ин далел, Конодо ва Омрико, ки дар гузашта аз пешоҳангони иқтисоди озоди ҷаҳон буданд, шомили панҷгонаи аввали феҳрасти соли ҷорӣ нашудаанд.
Ба гуфтаи раиси Бунёди Мерос, Эдвин Фулнер, ҳукуматҳои ин кишварҳо ин амрро ба талошҳо барои эҳёи иқтисодӣ марбут донистаанд: "Вале ин амр муассир нест. Мо бар ин назарем, ки ҳоло фурсате расидааст, ки бо бозор маҷол дода шавад, то ки низоми иқтисодии роиҷ зарфиятҳои худро нишон диҳад."
Вале ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон дар Тоҷикистон, пойин рафтани ҷойгоҳи ин кишвар дар феҳрасти озодии иқтисодӣ ба мушкилоти вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ рабте надорад.
Дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон, мегӯяд, ки мушкили аслии иқтисоди Тоҷикистон фасод аст. Вай гуфт: Ҳарчанд мақомот роҳандозии равзанаи воҳид–ро дастоварде дар роҳи озодии иқтисод медонад, вале ин амр мушкилоти аслиро ҳал накардааст.
Ба эътиқоди оқои Умаров, агар дар солҳои нахусти истиқлол дар иқтисоди Тоҷикистон монополияҳои (инҳисорҳои) соҳавӣ монеъи рушди иқтисод шуда бошанд, пас ҳоло монополияҳои хусусӣ ё дастаҷамъона аз тавсеъаи иқтисодӣ ҷилавгирӣ мекунанд.

Раҳбари демукротҳои тоҷик бар ин назар аст, ки барномаи иқтисодии давлати Тоҷикистон муассир набудааст
Дуктур Умаров зери мафҳуми монополияҳои (инҳисорҳои) хусусӣ ё дастҷамъона ширкатҳоеро дар назар дорад, ки аз сӯйи мақомоти баландпояи давлатӣ пуштибонӣ мешаванд ва иҷоза намедиҳанд, ки дар бозор рақобати солим вуҷуд дошта бошад.
Ба эътиқоди вай, маҳз ба иллати вуҷуди ин мушкил дар Тоҷикистон қимати маводди сӯхтӣ ва ғизо дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя бамаротиб гаронтар аст.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров афзуд, ки дар Тоҷикистон дар ду-се соли ахир чанд қонун тасвиб шудааст, ки рушди иқтисоди бозорро бояд таъмин кунад, вале иҷрои ин қонунҳо аз сӯйи мақомоти манфиъатдор муассир нест.
Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар солҳои пеш давлати Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ гузориш дода буд, ки ин кишвар барои таъмини озодиҳои иқтисодӣ иқдомотеро дар пеш гирифтааст.
Вай гуфт: Вале бо гузашти чанд сол собит шуд, ки ин барномаҳои давлатӣ натиҷае надоданд.
Зимнан, ду сол пеш Тоҷикистон дар феҳрасти солиёнаи Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷумлаи 10 кишвар хонда шуд, ки барои таъмини низоми иқтисодии озод талошҳои бештаре ба харҷ медиҳанд.
Аммо Масъуд Собиров мегӯяд, ки ҳарчанд давлати Тоҷикистон аз пешрафтҳои иқтисодӣ дар кишвар гузориш медиҳад, вале дар асл вазъият комилан дигар аст.
Вай гуфт: Дар пайи коҳиши ҷойи кор мизони фақр дар ҳоли афзоиш аст. Сабаби кам шудани ҷойи кор душвор шудани фаъъолияти ширкатҳои хусусӣ ва фишорҳои ниҳодҳои давлатӣ аст.
Ба унвони мисол, оқои Собиров гуфт, ки то як сол пеш худи ӯ низ соҳиби ширкати хусусие будааст, ки чандон фаъъолияти густардае надоштааст. Вале дар пайи бозрасиҳои пайдарпайи ниҳодҳои молиётӣ ва ғайра ночор шудааст, ки фаъъолияти ин ширкатро мутаваққиф созад.















