Раиси ҷумуҳрии Афғонистон сафари урупоии худро оғоз кард

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 25 Январ соли 2012 - 12:50
Ҳомид Карзай

Оқои Карзай барои имзом паймони ҳамкории роҳбурдӣ ба Урупо меравад

Ҳомид Карзай, раис ҷумҳурии Афғонистон, сафари панҷрӯзаи худро ба Туркманистон ва бархе аз кишварҳои урупоӣ оғоз кардааст.

Ҳадафи сафари оқои Карзай ба кишварҳои Итолиё, Фаронса ва Бритониё имзои паймонҳои ҳамкории роҳбурдӣ бо ин кишварҳо хонда шудааст.

Аммо ӯ қабл аз сафар ба Урупо қарор аст бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, дар мавриди "ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар арсаҳои мухталиф" дидор кунад.

Ба дунболи ин дидор раиси ҷумҳур Карзай раҳсипори Урупо хоҳад шуд, то аз пойтахтҳои Итолиё, Фаронса ва Бритониё дидан кунад.

Дар барномаи ин сафар пас аз дидор бо мақомоти итолиёӣ дар Рум, пойтахти Итолиё, дидор бо Никуло Соркузӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса, низ шомил аст, ки ахиран дар пайи кушта шудани сарбозони кишвараш дар шимоли шарқи Кобул маъмурияти омӯзишии нерӯҳои худро дар Афғонистон ба ҳолати таълиқ дароварад.

Дар ин ҳодиса, ки рӯзи ҷумъа, 30 дай (20 январ) дар устони Кописо иттифоқ уфтод, чаҳор сарбози фаронсавӣ аз сӯйи як сарбози афғон кушта шуданд.

Мақомҳои фаронсавӣ гуфтаанд, ки маъмурияти омӯзиши нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ба василаи нерӯҳои фаронсавӣ ба ҳолати таъвиқ дар меояд ва анҷоми амалиёти муштарак бо нерӯҳои афғон ҳам мутаваққиф мешавад.

Дар як эъломияе, ки аз сӯйи дафтари раиси ҷумҳур Карзай мунташир шуда, омадааст, ки оқои Карзай дар сафараш ба фаронса, илова ба дидор бо Никуло Соркузӣ ва имзои паймони ҳамкориҳои роҳбурдӣ дар Порис дар як пазироии расмӣ ширкат карда ва ҳамчунин аз номишгоҳи "Муносиботи Афғонистон ва Фаронса" дидан хоҳад кард.

Қарор аст, оқои Карзай дар охирин барномаи сафари худ бо Дейвид Комерун, нахуствазири Бритониё дар шаҳри Ландан дидор карда ва пас аз имзои паймони роҳбурдӣ дар як нишасти хабарӣ ҳузур пайдо кунад.

Имзои паймонҳои ҳамкорӣ миёни Афғонистон ва муттҳидони байналмилалиаш бахше аз омодагиҳо барои хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014-и мелодӣ аст.

Давлати Афғонистон гуфтааст, ки пас аз соли 2014 низ ба ҳимояти давомдори ҷаҳонӣ ниёз дорад, то дар баробари таҳдидҳои минтақа ва ҳамчунин хатари гурӯҳҳои шӯришии фаъъол дар ин кишвар истодагӣ кунад.

Имзои тавофуқномаҳои ҷудогона бо Иттиҳодияи Урупо ва паймони НОТУ низ бахше аз ин барнома хоҳад буд.

Аммо муҳимтарин паймоне, ки Афғонистон дар пайи имозои он аст, ҳамкории роҳбурдӣ бо Омрико аст, ки ҳанӯз рӯшан нест, кор рӯйи таҳияи матни ин санади ҳамкорӣ то куҷо ба пеш рафтааст.

Агарчӣ пеш аз ин мақомот гуфта буданд, ки ин паймон миёни Афғонистон ва Омрико ба зудӣ имзо хоҳад шуд, аммо ихтилофоте миёни ҳукумати Афғонистон ва Омрико, ба вижа бар сари иҷрои амалиётҳои шабонаи низомӣ дар Афғонистон боъиси таъхир дар имзои ин паймон шуд.

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.