bbc.co.uk navigation

Тарҳи эъзоми ҳуқуқдонҳо ба Русия барои дифоъ аз муҳоҷирони тоҷик

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 25 Январ соли 2012 - 11:56
муҳоҷирон

Ҳамасола то 1,5 милюн нафар аз атбоъи Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд

Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ба Русия гурӯҳҳое аз вукалои мудофеъро эъзом кунад.

Қарор аст нахустин гурӯҳи панҷнафарии вакилони мудофеъ дар зудтарин фурсат дар намояндагии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ба фаъъолият оғоз кунанд.

Дар бораи эъзоми вакилон ба Русия рӯзи чаҳоршанбеи 25 январ Сафиалло Девонаев, раиси Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, ва Фахриддин Зокиров, раиси Ҳайъати (Коллегияи) вукалои мудофеъи шаҳри Душанбе, тавофуқ кардаанд.

Қарор шудааст, ки вакилони мудофеъ дар чорчӯби намояндагиҳои Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳрҳои Русия фаъъолият мекунанд ва интизор меравад ироаи хадамоти ҳуқуқии онҳо дар ҳамаи манотиқи Русия роҳандозӣ мешавад.

Тибқи иттилоъи маркази матбуъотии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, ҳадафи аслии эъзоми гурӯҳи вукалои мудофеъ ба Русия ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аст.

Ин манбаъ афзуд, ки ифтитоҳи нахустин намояндагии вукалои мудофеъи тоҷик дар Русия баъд аз сабти асноди расмӣ дар ниҳодҳои марбутаи Русия имконпазир мешавад.

Бархе аз масъулони Ҳайъати вукалои мудофеъи шаҳри Душанбе барои ҳалли ин мавзӯъ дар зудтарин фурсат озими Маскав хоҳанд шуд.

Бархе аз соҳибназарон аз ин иқдоми Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон истиқбол кардаанд. Раҳмон Ӯлмасов, коршинос дар умури муҳоҷират, мегӯяд, ки чунин тарҳ бояд аз пуштибонии ҷомеъа бархурдор бошад.

Вай гуфт: “Тақрибан ҳар як муҳоҷири тоҷик дар Русия бо мушкилоти ҳуқуқӣ рубарӯ мешавад. Аз напардохтани маъош то таъқиби ғайриқонунии пулис. Муҳоҷирон имкон надоранд, ки вакилони мудофеъи русро кироя кунанд, зеро ҳаққи кори онҳо баланд аст.”

Аз сӯйи дигар, оқои Ӯлмасов мегӯяд, ки дар Русия созмонҳои ғайридавлтие низ ҳастанд, ки ба мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик расидагӣ мекунанд. Вале ба гуфтаи вай, имконот ва зарфияти ин созмонҳо маҳдуд аст.

Раҳмон Ӯлмасов пешниҳод кард, ки расонаҳои гурӯҳӣ бояд ҳамвора аз натоиҷи кори гурӯҳҳои вукалои мудофеъ гузоришҳо мунташир кунанд, зеро аз ин роҳ муассир будани кори ин вакилон мушаххас мешавад.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони “Перспектива+”, низ бо вуҷуди истиқбол аз ин тасмими Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, ки бовар надорад, ки ин ниҳод тавонад теъдоди зиёде аз вукалои мудофеъро ба Русия эъзом карда ва ба ҳамаи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик расидагӣ кунад.

Вай афзуд: “Фикр мекунам, ки хубтар мешуд агар Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон фаъъолияти бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар Русияро, ки ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик расидагӣ мекунанд, сармоягузорӣ кунад. Ин амр судмандтар хоҳад буд.”

Ба эътиқоди хонуми Бобоназарова, ҳарчанд вай ба сатҳи ҳирфаии вукалои тоҷик арҷ мегузорад, вале менталитети мақомоти рус чунин аст, ки ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик бо истифода аз вакилони мудофеъи рустабор содатар хоҳад буд.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ин ҳуқуқдони маҳаллӣ, ҳазинаи буду боши вукалои тоҷик дар Русия хеле зиёд хоҳад буд ва аз ин маблағ низ мумкин аст барои расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик истифода кард.

Зимнан, тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф, ҳамасола аз 800 ҳазор то 1,5 милюн нафар аз атбоъи тоҷик барои ҷустуҷӯи кор ба манотиқи мухталифи Русия сафар мекунанд.

Ин афрод дар соли гузашта барои пешбурди зиндагии хонаводаҳои худ ҳудуди 3 милёрд дулор аз Русия ба Тоҷикистон интиқол додаанд, ки беш аз панҷоҳ дарсади мизони тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар аст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.