
Баъд аз барканории пизишки тоҷик аз шуғлаш дар бемористони амрози равонии рустои Бужумӣ дар Қирғизистон беморон бидуни пизишк мондаанд
Созмони Беҳдошти равонӣ ва ҷомеъа дар Қирғизистон аз барканории як пизишки тоҷик аз шуғлаш дар бемористоне дар вилояти Ботканд ибрози норизоятӣ кардааст.
Ин созмон бо пахши баёнияе аз барканории Аҳмадҷон Исматов, равонпизишки тоҷик, аз шуғлаш дар бемористони амрози равонии вилояти Ботканд, дар ҷануби Қирғизистон, шадидан интиқод карда ва гуфтааст, ки ин амр мумкин аст ангезаи қавмӣ дошта бошад.
Дар баёния омадааст, ки оқои Исматов шаҳрванди Тоҷикистон аст ва тӯли чанд соли ахир ҳамарӯза ба ин қисмати Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, сафар карда, ба мудовои беморон машғул мешавад.
Муаллифони баёния навиштаанд: Дар вазорати тандурустии Қирғизистон ба мо иттилоъ доданд, ки барканории Аҳмадҷон Исматов таҳти фишори бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар вилояти Ботканд сурат гирифтааст. Ин ниҳод иддаъо кардааст, ки дар мадорики оқои Исматов нақзи қавонини муҳоҷират ошкор шудааст.
Созмони Беҳдошти равонӣ ва ҷомеъа иттилоъ додааст, ки оқои Исматов дар бахши бемористони равонии вилояти Ботканд дар рустои Бужумӣ машғули мудовои беморон будааст.
Тибқи иддаъои ин созмон, ин бемористон дар Қирғизистон беназир аст, зеро аз равиши дарҳои боз барои беморон истифода мекунад: Барканории оқои Исматов ҳаққи беморон ба мудоворо нақз кард. Зеро ҳамакнун ин беморон бидуни пизишки ҳирфаӣ мондаанд."
Созмони Беҳдошти равонӣ ва ҷомеъа навиштааст, ки оқои Исматов танҳо ба хотири тоҷик буданаш аз шуғли худ барканор шуда ва аз Вазорати тандурустии Қирғизистон, ки натавонистааст аз нақзи ҳуқуқи ин кодри пизишкӣ ҷилавгирӣ кунад, интиқод кардааст.
Гуфта мешавад, ки фаъъолони ҳуқуқи башар ба мақомоти Кумитаи амният ва додситони кулли Қирғизистон бо ирсоли номаҳо хостори барқарории ҳуқуқи ин пизишк ба шуғлаш шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Қирғизистон бо пахши баёнияе ангезаи қавмӣ ё миллӣ доштани қазияи барканории Аҳмадҷон Исматовро рад кардааст.
Дар баёнияи ин вазоратхона омадааст, ки оқои Исматов моҳи феврали соли 2003 барои кор ба бемористони рустои Бужумӣ истихдом шуда ва асноди зарурӣ, аз ҷумла муҷаввизи кор аз сӯйи ниҳодҳои муҳоҷирати Қирғизистонро бо худ доштааст.
Ин манбаъ хабар додааст, ки баъд аз бозрасии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон оқои Исматов муваққатан аз шуғли худ барканор шудааст.
Дар баёнияи вазорати беҳдошти Қирғизистон омадааст: Мо ба фаъъолияти Аҳмадҷон Исматов эроде надорем ва дар тӯли ин солҳо вай собит кард, ки пизишке ҳирфаӣ мебошад. Дар сурати ҳалли мушкилот мо ӯро дубора ба кор истихдом хоҳем кард."
Гуфта мешавад, ки ба далели камбуди пизишкон, даҳ сол қабл ин бемористон ду нафар пизишкро аз Тоҷикистон ба кор истихдом кардааст, ки ҳар ду ҳам пизишкони ҳирфаӣ ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки камбуди пизишкон дар Тоҷикистон, бавижа дар маноитқи дуруфтодаи ин кишвар, низ зиёд ба мушоҳида мерасад. Манобеъи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки камбуди маъош ё ҳуқуқ боъис мешавад, ки пизишкон аз кор дар манотиқи рустоӣ канораҷӯйӣ кунанд.
Аз сӯйи дигар, ҳазорон пизишки тоҷик ба далоили мушобеҳ Тоҷикистонро тарк карда, умдатан дар бемористонҳои кишварҳои арабӣ ва Русия машғули кор ҳастанд.
Ҳамчунин муҳоҷирати пизишкони тоҷик ба кишварҳои урупоӣ низ ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст.















