bbc.co.uk navigation

Беш аз як милёрд сомонӣ барои Роғун

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 24 Январ соли 2012 - 06:45

Бино ба иттилоъи вазорати молияи Тоҷикистон қарор аст, дар соли 2012 давлати ин кишвар барои таъмири нерӯгоҳи Роғун 1.1 милёрд сомонӣ тахсис бидиҳад.

Дар ин бора Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти хабрии солонаи ин вазорат хабар дод.

Оқои Наҷмиддинов ҳамчунин хабар дод, маболиғе, ки ба ҳисоби Роғун ворид шудаанд, 25 милюн сомонӣ даромад овардааст.

Вай гуфт, бахше аз ин маболиғ бояд барои таъмир нерӯгоҳи Роғун масраф шавад.

Зимнан бахше аз маболиғе, ки мардум бо онҳо саҳҳоми Роғун харидорӣ кардаанд, аз моҳи августи соли 2010 ба ин сӯ дар панҷ бонки тиҷоратии кишвар - “Амонатбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк”, “Фонобонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” нигаҳдорӣ мешавад.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.