Муттаҳам ба "ҷосусӣ барои Эрон" дар Афғонистон ба шонздаҳ сол зиндон маҳкум шуд

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 24 Январ соли 2012 - 13:30

Қозии додгоҳи шаҳрӣ ва амнияти оммаи Ҳирот гуфта, ки фарди муттаҳам иттиҳомҳои матрӯҳаро пазируфта, аммо ин фард гуфта, ки ин эътирозот ба зӯр гирифта шудааст

Як додгоҳ дар шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон фардеро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон ба 16 сол зиндон маҳкум кардааст.

Қозӣ Сироҷиддини Наср, раиси додгоҳи шаҳрӣ ва амнияти оммаи Ҳирот, иттиҳомҳои матраҳшуда алайҳи ин фардро ҷосусӣ барои як кишвари бегона, хиёнат ба тамомияти арзӣ, истиқлол ва амнияти Афғонистон унвон кард.

Оқои Наср гуфт, ки муттаҳам аз маҳаллоти мамнӯъа ва ба вижа пойгоҳҳои нерӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар Ҳирот акс гирифта ва шумораҳои телефунҳои масъулони Вазорати иттилоъоти Эрон дар дафтари ёддошти ӯ сабт будааст.

Раиси додгоҳи шаҳрӣ ва амнияти оммаи Ҳирот афзуд, ки муколимоти телефунии ин фард бо манобеъи эронӣ аз сӯйи идораи амнияти миллии Ҳирот шунуд шуда ва ин муколамон ҳокӣ аст, ки ӯ ба ин манобеъ дар бораи ин пойгоҳҳо иттилоъот медодааст.

Додситони амнияти миллии Ҳирот дар додгоҳ гуфт, ки фарди муттаҳам бо худ баргаҳое аз Эрон оварда, ки баёнгари талоши ӯ барои ҷосусӣ будааст.

Мақомҳои қазоии додгоҳи Ҳирот гуфтаанд, ки ин фард дар "эътирофтот"-и худ иттиҳомҳои матраҳшуда алайҳи худро пазируфтааст.

Бо ин ҳама, муттаҳами парванда дар ҷаласаи додгоҳ эътирофоти қаблии худро фоқиди эътибор донист ва гуфт, ки зери "шиканҷа" ва "зарбу шатм" маҷбур ба эътироф шуда буд.

Ин шаҳрванди Афғонистон дар гузашта сокини устони Ҳирот буд, аммо солҳо дар Эрон зиндагӣ карда ва дар нахустин сафари худ ба зодгоҳаш ҳудуди ду моҳ пеш дастгир шуд.

Қозии додгоҳи шаҳрӣ ва амнияти оммаи Ҳирот гуфтааст, ки ҳукми содир шуда барои муттаҳм ниҳоӣ нест ва ӯ ҳаққи дархости таҷдиди назар ва фарҷомхоҳиро дорад.

Яке аз масъулони додгоҳи Ҳирот гуфтааст, ки ин нахустин бор нест, ки фарде ба иттиҳоми ҷосусӣ барои бегонагон муҳокима ва ба таҳаммул зиндон маҳкум мешавад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар солҳои гузашта ҳам мавориде аз парвандаҳои мушрбеҳ дар додгоҳи Ҳирот баррасӣ шуда ва муттаҳамони ин парваендаҳо ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон маҳкум ба зиндон шудаанд.

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.