Тавофуқномаи роҳбурдии Афғонистон ва Иттиҳодияи Урупо ниҳоӣ мешавад

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 24 Январ соли 2012 - 06:07

Фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Урупо дар Кобул гуфт, ки кумакҳои молии ин иттиҳодия ба Афғонистон як милёрд дулор дар сол хоҳад буд

Вигоудос Юшокос, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Урупо дар Афғонистон, гуфтааст, ки матни пешнависи паймони ҳамкориҳои роҳбурдӣ (истротежик) миёни Иттиҳодияи Урупо ва Афғонистон дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст ва моҳи оянда дар ихтиёри Вазорати хориҷаи Афғонистон қарор хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, ин тавофуқнома ҳовии мавзӯъоте монанди ҳуқуқи башар, ҳуқуқи занон, омӯзиш, тиҷорат ва масоили муҳити зистӣ хоҳад буд.

Оқои Юшокос гуфт: "Тавофуқномае, ки мо ба ҳукумати Афғонистон пешниҳод мекунем, ҳамаҷониба аст ва масоли зиёде дар он гунҷонда шудааст. Пешшарт барои тавофуқ ва ҳамкорӣ миёни Афғонистон ва Иттиҳодияи Урупо эҷоди ҳукуматдории беҳтар аст."

Дар сурате, ки тавофуқномаи мавриди назари миёни Афғонистон ва Иттиҳодияи Урупо ба имзо бирасад, ин нахустин тавофуқномае хоҳад буд, ки миёни Иттиҳодияи Урупо ва Афғонистон имзо мешавад.

Қарор аст Афғонистон тавофуқномаҳои мушобеҳи дигареро ба сурати ҷудогона бо Итилиё, Бритониё ва Фаронса ҳам имзо кунад.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, ҳафтаи оянда барои имзои ин тавофуқномаҳо ба ин се кишвари урупоӣ сафар хоҳад кард.

Идомаи кумакҳо баъд аз 2014

Фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Урупо ба Афғонистон ҳамчунин гуфт, ки кумакҳои ин иттиҳодия ба Афғонистон баъд аз соли 2014 коҳиш нахоҳад ёфт.

Иттиҳодияи Урупо соле як милёрд юру ба Афғонистон кумак мекунад.

Бештар кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо бо буҳрони иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунад ва ахиран ин нигаронӣ вуҷуд дошт, ки эҳтимолан кумакҳои ин иттиҳодия ба Афғонистон дар солҳои оянда коҳиш хоҳад ёфт.

Аммо ба рағми ин чолишҳо ва нигарониҳо, оқои Юшокос бар идомаи кумакҳои Иттиҳодияи Урупо ба Афғонистон таъкид кард ва гуфт: "Ман бисёр хушҳолам, ки таъаҳҳудоти Иттиҳодияи Урупо ба Афғонистонро як бори дигар таҷдид мекунам. Ин иттиҳодия пас аз соли 2014 ҳам ба кумакҳояш ба Афғонистон идома хоҳад дод."

Фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Урупо дар Кобул гуфт, ки кумакҳои ин иттиҳодия умдатан дар заминаи тақвияти ниҳодҳои давлатӣ ва омӯзишу парвариш дар Афғонистон ба масраф хоҳад расид.

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.