
Фаридун Умаров, масъули бахши мубориза бо маводди мухаддир дар пулиси ноҳияи Фархор, ба занни даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир боздошт шудааст
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон як мақоми пулисро дар ноҳияи Фархор ба занни ҳамдастӣ дар қочоқи маводди мухаддир боздошт кардааст.
Ба гуфтаи раиси ин ожонс, Фаридун Умаров, фарди боздоштшуда, бародари муъовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст.
Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 24 январ зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки бародари Мансур Умаров, муъовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба занни мушорикат дар қочоқи маводди мухаддир боздошт шудааст.
Аммо оқои Саидов афзудааст, ки "бародар масъули корҳои бародар нест" ва таҳқиқи парвандаи Фаридун Умаров идома дорад.
Зимнан, хабари боздошти чанд мақоми пулиси Тоҷикистон ба занни мушорикат дар қочоқи маводди мухаддир ҳафтаи гузашта пахш шуда буд.
Тибқи ин хабар, як масъули Раёсати мубориза бо қочоқи маводди мухаддири вазорати умури дохила, раиси бахши мушобеҳ дар пулиси шаҳри Душанбе ва пулиси ноҳияи Фархор боздошт шудаанд.
Гузориш шуда буд, ки боздошти ин афрод зимни амалиёти хунсосозии як гурӯҳи байналмилалии кочоқчиён сурат гирифтааст, ки дар пайи он 42 килуграм маводди мухаддир кашф ва мусодира шудааст.
Вале он замон дар бораи ин ки Фаридун Умаров, раиси бахши мубориза бо маводди мухаддири ноҳияи Фархор, бародари муъовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст, иттилоъе дар даст набуд.
Мансур Умаров соли 2010 муъовини аввали раиси ин ниҳод таъйин шуда ва қабл аз он тӯли солҳои зиёде раҳбарии ҳайъати муҳофизони Президент Раҳмонро бар ӯҳда дошт.
Дар як соли ахир, ин дувумин мавридест, ки дар бораи эҳтимоли даст доштани пайвандони мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар қочоқи маводди мухаддир гузориш мешавад.
Дар авохири соли гузашта, дар пайи қазияи халабонҳои русу эстуниёӣ дар Тоҷикистон, аз боздошт ва зиндонӣ шудани Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукум, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва аз пайвандони Президент Раҳмон, гузориш шуда буд.
Бархе аз коршиносон боздошт ва зиндонӣ шудани хабалабонҳоро ба қазияи боздошти Рустам Ҳукумов дар Русия муртабит дониста буданд. Оқои Ҳукумов бо ҳукми додгоҳи вилояти Маскав ба иттиҳоми қочоқи ҳудуди даҳ килуграм ҳеруин барои 9,5 сол равонаи зиндон шуда буд.
Дар авохири моҳи декабр додгоҳи истинофии вилояти Маскав Рустам Ҳукумовро табраа кард, ҳарчанд дар гузашта ин додгоҳ ҷароими ӯро таъйид карда буд.
Ин дар ҳолест, ки иддаъоҳои даст доштани маъмурони интизомӣ, амниятӣ ва марзбонӣ дар қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шудааст.
Фаттоҳ Саидов гуфтааст, ки ҳеч яке аз гурӯҳҳои созмонёфтаи қочобари маводди мухаддир "бидуни ҳимояти мақомот фаъъолият намекунанд."
Тибқи гузоришҳои расида, ахиран муъовини раиси яке аз воҳидҳои низомии Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон дар шимоли кишвар низ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки зимни боздошт аз ин мақоми умури изтирорӣ 4,5 килуграм маводди мухаддир кашф ва мусодира шудааст.
Раоснаҳои хориҷӣ тӯли солҳои ахир аз даст доштани бархе аз мақомоти Тоҷикистон дар қочоқи маводди мухаддир матолибе интишор дода ва давлатро барои ҷилавгирӣ аз ин амр ташвиқ мекарданд.
Президент Раҳмон низ дар гузашта борҳо аз даст доштани бархе аз маъмурони интизомӣ, амниятӣ ва марзбонӣ дар қочоқи маводди мухаддир изҳори нигаронӣ карда ва поксозии суфуфи ин нерӯҳоро тақозо карда буд.















