Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вазири иқтисод шуд

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 24 Январ соли 2012 - 13:18
Шариф Раҳимзода

Оқои Раҳимзода вазири иқтисод шуд

Шариф Раҳимзода аз раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барканор ва ба вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ин кишвар мансуб шудааст.

Ба навиштаи сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 24 январ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, фармонҳое дар ин бора содир кардааст.

Бар асоси ин фармонҳо, Фаррух Ҳамралиев аз вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон барканор ва мушовири давлатии раиси ҷумҳур дар умури иқтисод таъйин шудааст.

Абдуҷаббор Ширинов, ки қаблан сафири Тоҷикистон дар Омрико буд, ба раёсати Бонки миллии Тоҷикистон интисоб шудааст. Тӯрақул Ҳақназаров низ аз муъовинати раиси Бонки миллии Тоҷикистон барканор ва Абдукарим Неъматов дар ин симат ҷойгузини ӯ шудааст.

Оқои Раҳимзода аз соли 2008, пас аз ифшои гузоришҳои "ғайрисаҳеҳи" Бонки миллии Тоҷикистон ба Сандуқи Байналмилалии Пул, ки ҳокӣ аз тахаллуфоти густарда дар низоми бонкии ин кишвар дар замони раёсати Муродалӣ Алимардон буд, раёсати Бонки миллиро ба уҳда дошт.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки оқои Раҳимзода аз иқтисоддонҳои варзида аст ва тайи фаъъолияташ дар Бонки миллӣ тавонистааст ба беназмиҳои густарда дар арсаи бонкдории Тоҷикистон поён бидиҳад.

Фаррух Ҳамралиев аз кодрҳои ҷавон дар кобинаи давлати Тоҷикистон аст, ки дар гузашта муддате раёсати Кумитаи сармоягузорӣ ва аз соли 2009 вазорати рушди иқтисод ва тиҷоратро ба уҳда дошт.

Оқоён Раҳимзода ва Ҳамралиев аз ҷумлаи мансабдороне ба шумор меоянд, ки бар хилофи бисёре аз соҳибмансабони солхӯрда дар кобинаи давлати Тоҷикистон аз дониши забони инглисӣ ва назарияҳои иқтисоди муъосир бархурдоранд.

Интисобҳои тоза бахше аз тағйироти густарда дар кобинаи давлати Тоҷикистон аз оғози соли милодии ҷадид аст. Президент Раҳмон рӯзи 5 январ бо судури фармоне Матлубхон Давлатов, дойии худро, ки қаблан раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ буд, ба симати муъовини аввали нахуствазир мансуб кард.

Қабл аз ин, Абдураҳим Қаҳҳоров, ки вазири умури дохилӣ буд, аз вазорат барканор ва ба дабирии Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон мансуб шуд. Ба ҷойи ӯ, Рамазон Раҳимов, ки муъовини аввали оқои Қаҳҳоров буд, ба вазорати умури дохилӣ мансуб шуд.

Рӯзи 10 январ Абдуҷаббор Раҳмонов низ аз вазорати омӯзишу парвариш барканор ва Нуриддин Саидов, раиси собиқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба ин симат таъйин шуд.

Зимнан, Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 24 январ дар нишасте матбуъотӣ гуфтааст, ки оқои Раҳмонов бо пешниҳоди ӯ аз вазифа барканор шудааст.

Оқои Саидов афзудааст: "Зимни тафтише, ки аз ҷониби кормандони ожонс дар мактаб-интернати махсус барои кару гунгҳои шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ анҷом шуд, сирқати маблағ ба миқдори 380 ҳазор сомонӣ ошкор шуд. Дар ин кор раёсати парваришгоҳ даст дошт."

Мунтақидони Президент Раҳмон мегӯянд, ки тағйироти кодрӣ дар кобинаи давлат, ки ҳамасола дар оғози соли нави милодӣ сурат мегирад, як навъ "фиреби назар" ва "тазоҳур ба тағйир" аст, ки ҳеч таҳаввулоти чашмгире аз он наметавон таваққуъ дошт.

Ба гуфтаи онҳо, оқои Раҳмон барои ҷилавгирӣ аз норизоятиҳои густарда ва ончи "инқилоби рангин" номида мешавад, ҳамасола тағйироте дар ҳайъати кобинаи худ анҷом медиҳад, дар ҳоле ки ин тағйирот ҳеч таъсири мусбате дар вазъияти зиндагии мардум надоштааст.

Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар оқои Раҳмонро ба тамаркузи қудрат муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ барои ҳифзи қудрати худ пустҳои калидиро дар ихтиёри наздикон ва ҳамшаҳриёнаш гузошта ва намояндагони манотиқи дигарро ба ҳошия рондааст.

Зимнан, бархе аз мақомҳои давлатӣ, назири Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Сафаралӣ Наҷмидинов, вазири дороӣ ё молия, ки ҳамагӣ зодаи вилояти Хатлон ва аз афроди содиқ ба раиси ҷумҳур маҳсуб мешаванд, солҳои зиёде симатҳои кунунии худро дар ихтиёр доранд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.