"Ғарб қудратгирии исломгароён дар Ховари Миёнаро бипазирад"

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 23 Январ соли 2012 - 08:30
Дидабони Ҳуқуқи Башар

Дидабони Ҳуқуқи Башар аз Ғарб хост, то маҳбубияти исломгароён дар кишварҳои арабиро бипазирад

Бино ба гузориши солонаи дидабони ҳуқуқи башар, исломгароён маҳбубияти зиёде дар кишварҳои арабӣ доранд ва агар кишварҳои ғарбӣ маҳбубияти исломгароёнро нодида бигиранд, усули демукросиро нақз кардаанд.

Кенет Рот, мудири иҷроии созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ҷомеъаи байналмилалӣ бояд мардуми кишварҳои арабӣ дар ҳоли ҳаракат ба демукросиро бештар ҳимоят кунад.

Оқои Рот мегӯяд, ки то ба имрӯз мавзеъи ҷомеъаи байналмилал нисбат ба ҳуқуқи мардум ва эҳтиром ба демукросӣ дар ин минтақа "номаълум ва мутаноқиз" будааст.

Ӯ мегӯяд: "Дар ниҳоят ҷомеъаи байналмилал бояд мавзеъи худро мушаххас кунад. Оё барои ҳуқуқ ва ҳадафи мардуми ин ноҳия арзиш қоил аст ё мехоҳад аз ҳукуматҳои истибдодӣ ҳимоят кунад?"

Оқои Рот, бо ишора ба мухолифти кишварҳои ғарбӣ бо эъмоли хушунат алайҳи тазоҳуроти "сулҳомез"-и муътаризон дар кишварҳои арабӣ, онро кофӣ надониста ва мегӯяд, ки кишварҳои ғарбӣ "дар ҳақиқат тамоюле ба ҳимоят аз тазоҳуркунандагон нишон додаанд."

Дар ин гузориш Дидабони Ҳуқуқи Башар аз гурӯҳҳои исломгарое, ки дар Тунис ва Миср қудратро даст гирифтаанд, хостааст, ба ҳаққу ҳуқуқи занон ва аққалиятҳои мазҳабӣ эҳтиром бигзоранд.

Ин созмон гуфтааст, замоне ки суҳбат аз ҳуқуқи башар мешавад, исломгароён набояд байни афрод фарқ бигзоранд. Оқои Рот мегӯяд: "ташкили як давлати исломии сиёсӣ ба маънии он нест, ки давлатро ба як давлати тундрав табдил кунанд."

Оқои Рот гуфтааст, ки токунун исломгароён ҳарфҳои "дуруст ва баҷойӣ" задаанд, аммо озмоиши воқеъӣ замоне аст, ки ба қудрат бирасанд ва қавонини ҳуқуқи башарро риъоят кунанд.

"Барои мисол гурӯҳи Ихвонулмуслимин аз озодии сиёсӣ сухан мегӯяд, аммо агар ба ҳуқуқи аққалиятҳои мазҳабӣ ва занон эҳтиром нагузорад, истеҳком бахшидан ба озодии сиёсӣ ҳам кори душворе хоҳад шуд."

"Баҳори арабӣ" дар соли 2010 ва аз Тунис оғоз шуд ва сипас ба кишварҳои Миср, Либӣ, Яман ва Баҳрайн низ сироят кард.

Пас аз фурӯпошии давлатҳои Тунис ва Миср дар соли гузашта ва ба дунболи интихобот дар ин кишварҳо исломгароён қудратро дар ин ду кишвар ба даст гирифтанд.

Барои мисол, гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар интихоботи порлумонии Миср ширкат кард ва бештарин теъдоди курсиҳои маҷлисро аз они худ кард.

Гурӯҳи муҳофизакори салафӣ ҳам, ки таҳти ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии пешини Миср, ҳаққи ширкат дар саҳнаи сиёсиро надошт, беш аз 20 дарсади ороро ба даст овард.

Бино ба гузориши Дидабони Ҳуқуқи Башар пас аз сарнагунии раҳбарони ин кившарҳо давлатҳои ғарбӣ дар фишор овардан бар кишварҳои "мустабид"-и дигар дучори шак шуданд.

Чин ва Русия ҳам аз ҳаққи ветуи худ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид истифода карда ва хостори мутавафиқ шудани фишорҳои бештар бар Сурия шудаанд.

Дар ин гузориш аз кишварҳои Чин, Зимбобве, Куреи Шимолӣ, Этиупӣ, Виетном ва Узбакистон ҳам ба унвони кишварҳои саркӯбкунанда ном бурда шудааст.

Оқои Рот мегӯяд: "Чин саркӯбҳоро бештар кардааст," то аз тазоҳуроте шабеҳ ба он чӣ дар кишварҳои арабӣ рӯй дод ҷилавгирӣ кунад.

Тибқи ин гузориш, Арабистони Саъудӣ ҳам алайҳи шаҳрвандони худ ва ҳамин тавр касоне, ки барои кор ба ин кишвар мераванд, табъиз қоил мешавад.

Ба гуфтаи ин созмон, 9 милюн зан, 8 милюн коргари хориҷӣ ва 2 милюн шаҳрванди шиъа дар ин кишвар ҳуқуқашон риъоят намешвад.

Ин созмон ҳамчунин аз Эрон ва Тойланд барои ҷилавгирӣ аз озодии Интернет интиқод кардааст.

Дидабони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, фасоди молӣ, фақр ва саркӯб дар Гинеи Усутвоӣ дар соҳили ғарбии Офриқо, ҳанӯз дида мешавад.

Кулмбиё ҳам дар феҳристи кишварҳое аст, ки ҳуқуқи башар дар он нақз мешавад. То кунун ноамниҳои ношӣ аз даргириҳои мусаллаҳон ва гурӯҳҳои шибҳинизомии мусаллаҳ боъиси ҷобаҷоии милюнҳо шаҳрванди кулумбиёӣ шудаанд.

Дидабони Ҳуқуқи Башар гузориш медиҳад, "Кубо кишвари ҷануби Омрико аст, ки ҳар навъ ихтилофоти ақидатии сиёсиро саркӯб мекунад."

Дидабони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин гузориш медиҳад, ки ҳатто аъзои Иттиҳодияи Урупо ҳам ҳуқуқи башарро бо вазъи қавонини сахти паноҳандагӣ ва муҳоҷират нақз кардаанд.

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.