Бараҳнагӣ ва сиёсат: Гулшефта ва киштии Тойтоники низом

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 27 Январ соли 2012 - 10:23

Ин тасовир бахше аз хотираи ҷамъии мо хоҳанд буд ва бояд талош кунем, онҳоро дар матн ва сиёқи худ бифаҳмем

Интишори тасовири нимабараҳнаи Гулшефта Фароҳонӣ, ҳунарпешаи эронӣ, ба баҳсҳои доғе дар афкори умумӣ ва шабакаҳои иҷтимоъии форсизабон доман задааст.

Хонуми Фароҳонӣ аз ҳунарпешагони маъруфи синемои Эрон аст, ки соли 1387 (2008) аз кишвар берун рафта ва ба фаъъолияти худ дар Урупову Омрико идома додааст. Дар мақолаи зер ҷомеъашинос Маҷиди Маҷидӣ абъоди иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ин иқдомро ба баррасӣ гирифтааст.

Иқдоми Гулшефтаи Фароҳонӣ дар интишори акс ва филме нимаъурён ба гунаҳои мутафовите таъбир шудааст: ҷалби таваҷҷуҳ, худнамоӣ ва тарвиҷи худ барои гирифтани нақш дар филмҳои ҳоливудӣ, хилофи уффат, сӯиистифода аз бадани худ барои ҷаҳонӣ шудан, муқобила бо тобуҳои ройиҷ, хаттшикании яке аз занҷиршудагон дар муқобила бо саркӯби занон, аксуламале дар баробари ҷавру ҷафое, ки бар вай ва ҳамнаслонаш дар Ҷумҳурии Исломӣ рафта, адами масъулият дар баробари ҳамкорони собиқ дар синемои Эрон ва...

Бисёре иқдоми ӯро сутуда ва бисёре низ мазаммат кардаанд. Аммо пурсиши аслӣ ҳамон аст, ки падараш, Беҳзоди Фароҳонӣ, мепурсад: "Чаро духтари ман бояд даст ба чунин коре бизанад?"

Ин ҳаракат дар шароити мавҷуд фаротар аз маъное, ки худи Гулшефта дар зеҳн дошта ва фаротар аз аксуламалҳои мусбату манфӣ ва инкорҳо дар ин замон ҳувияте мустақил ёфта ва ҳеч чиз наметавонад маънои интишори ин тасовирро дар ҳавзаи умумӣ аз онҳо ихзо кунад. Ҳатто бардоштани ин тасовир аз сойтҳо замонро ба ақаб барнамегардонад.

Ин тасовир низ ҳамонанди тасовири ҷон додани Нидо, суханронии Хумайнӣ дар Биҳишти Заҳро [қабристони Теҳрон], гули Худододи Азизӣ ба тими Устролиё ва озод шудани Хуррамшаҳр [тавассути артишиш Эрон дар замони ҷанги Эрону Ироқ] бахше аз хотираи ҷамъии мо хоҳанд буд ва бояд талош кунем, онҳоро дар матн ва сиёқи худ бифаҳмем.

Тағйири равиши мубориза

Пеш аз инқилоби соли 57 (79-и мелодӣ) бархе аз ҷавонони эронӣ (росту чап, мазҳабиву морксист) барои мубориза бо истибдод рӯза мегирифтанд, бар тани хеш шаллоқ мезаданд, бо чанд хурмо барои рӯзҳо ба кӯҳ мерафтанд, аз иртиботи васвасаангез бо ҷинси мухолиф парҳез мекарданд ва ҳатто писарон ба сурати зебои духатрон наменигаристанд ва ба таври хулоса худро аз бисёре лозизи зиндагӣ маҳрум мекарданд, то худро барои мубориза бо режими истибдодӣ омода кунанд.

Баъд ҳамин ҷавонон фавҷ-фавҷ ва садҳову ҳазорон худро дар кӯчаву хиёбон ва сипас ҷабҳаҳои ҷангӣ дар баробари тири мустақим қарор доданд, то хулусу садоқату истиқомати худро дар расидан ба ҳадаф ба намоиш бигзоранд. Онҳо бо кишвар ва мардуми худ карданд он чӣ карданд ва маргбовариву зиддият бо ишқу шодиву зебоиву рангу мусиқиро ба мерос гузоштанд.

Акнун пас аз "баҳори араб" бисёре аз худ мепурсанд, чаро муътаризони эронӣ пас аз камтар аз сад кушта дар соли 88 (09-и мелодӣ) ба хонаҳои худ баргаштанд ва дар ҳоле, ки муътаризони сурӣ то кунун беш аз панҷ ҳазор кушта дода ва ҳунӯз аз мубориза даст накашидаанд.

Гулшефта Фароҳонӣ барои бозӣ дар филми "Дар бораи Элӣ" дар чанд ҷашнвораи синемоӣ тақдир шудааст

Посух дар навъи нигариши насли имрӯз аст. Онҳо мехоҳанд, ҳукумати мавҷуд соқит шавад, то аз зиндагӣ ва ҳамаи зебоиҳояш лаззат бибаранд ва касе дар хонаву хиёбон ва муҳити кор онҳоро кунтрул накунад. Аммо барои ин ҳадаф касе намехоҳад аз лазоизи кӯчаки худ, ҳатто сафари ду-се рӯза ба канори Хазар, бигзарад, чӣ бирасад ба он ки худро ба куштан диҳад.

Ин насл равишҳои худро барои мубориза халқ кардааст: мусиқии зерзаминӣ, гирифтани филм аз худ ҳангоми рақсидан бар рӯйи сақфи утумубил ё канори дарё ё подигон [гарнизон]; боз кардани сафҳаи Фейсбук ва пур кардани он бо анвоъи хӯрокиҳо ва нӯшиданиҳои иштиҳобарангез ва аксҳои беҳиҷоби хеш; ирсоли тасовири зебои муделҳои либос ба дӯстон ва намоиши зебоиҳои зиндагӣ, ки яке аз онҳо пайкари зебои Гулшефта аст.

Чӣ касе се даҳа пеш фикр мекард, яке аз маҳбубтарин барномаҳои телевизиюнии моҳвораӣ (аз шабакаи Ману Ту) як барномаи ошпазӣ бошад ва телевизиюни давлатӣ низ ҳамонро нусхабардорӣ кунад? Ин насл бо ҳамин зиндагибовари ва бо рақсу мусиқӣ ва нӯшиданиҳову либосҳояш камари ҳукумати диниро хоҳад шикаст.

Карбосчӣ [шаҳрдори Теҳрон дар солҳои 1368-1377 (1989-1998) ва дабири кулли ҳизби Коргарони созандагӣ, аз аҳзоби ислоҳталаб дар Эрон] бо коштани гул дар хиёбонҳои Теҳрон ва задани рангҳои рӯшан бар сиёҳиҳои даврони ҷанг, Хотамӣ бо лабханд, Мӯсавӣ бо гирифтани дасти ҳамсари худ дар ҷарёни муборизоти интихоботӣ, Фоиза [Рафсанҷонӣ, духтари Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва аз фаъъолони сиёсии Эрон,] бо шиъори озодсозии дучархасавории бонувон ва нашриёти нимамустақил бо ранг кардани бисёре аз сафаҳоти худ талош карданд, ба ин ниёз ба зиндагӣ посух диҳанд, аммо ҳама як ба як ба тири хашми дастгоҳи раҳбарӣ гирифтор омаданд.

Ҳаракати Гулшефта дунболи мантиқии ҳаракат ва ҷунбише аст, ки аз авоили даҳаи ҳафтод дар Эрон оғоз гардид.

Ҷомеъаи оддӣ - ҷомеъаи ғайриъоддӣ

Дар як ҷомеъаи оддӣ, ки писарон ва духтарон бо ҳам ба мадраса мераванд ва одамҳо метавонанд ҷинси мухолифро аз кӯдакӣ дар ҳама вуҷӯҳи ҷомеъа, аз ҷумла канори дарё ва рӯдхонаву порки наздики хонаи худ мушоҳида кунанд, дигар тасовири Гулшефта рагҳои гардани касеро шалу сифт намекунад.

Гулшефта бо аксу филми худ ба "ҷомеъаи ғайриъоддӣ"-и Эрон нишон медиҳад, ки куҷои корашон ишкол дорад ва онҳоро ба тааммул во медорад, ки дар кадом ҷомеъае зиндагӣ мекунанд: нурмол ё онурмол [оддӣ ё ғарйриъоддӣ]. Ин акс ва филм на барои шинохти Гулшефта, балки барои шинохти ҷомеъаи имрӯзи Эрон беҳтарин корбурдро дорад.

Дар як ҷомеъаи оддӣ ин акс ва филм мумкин буд аксулъамали гурӯҳе бисёр кӯчакро, он ҳам на аз сари доварии ахлоқӣ ва динӣ, балки доварии зебоишиносона барангезад.

Чашмҳои баста ва чашмҳои боз

Гулшефта Фароҳонӣ пас аз хуруҷ аз Эрон ба фаъъолияти бозигарии худ идома дод

Касоне, ки намехоҳанд аксҳои бараҳнаи Гулшефтаро бибинанд ва интишори онҳоро хуш намедоранд (дурустиву нодурустии интишори онҳоро дар паронтез [қавсайн] бигзорем) намехоҳанд ҷомеъаи дар ҳоли таҳаввули Эронро бибинанд.

Онҳо намехоҳанд бибинанд, ки духтарон ва писароне дар Эрон имрӯз бидуни издивоҷ бо ҳам зиндагӣ мекунанд, теъдоди ҳамҷинсгароёни Эрон (зану мард) тафовути зиёде бо теъдоди онҳо дар ҷавомеъи дигар надорад; мақомоти давлатӣ ба Тойланду Туркия ва Урупо мераванд ва дур аз чашми Байту Шӯрои Нигаҳбон ва мароҷеъи тақлид хуш мегузаронанд (мисли ҳамаи мардуми оддии олам), аксари духтарон ва писарони шаҳрнишини эронӣ дӯстписару дӯстдухтар доранд (дар қолаби равобити телефунӣ то анвоъи дигари равобити самимӣ) ва аз дунёи таҳти кунтрули Басиҷ ва рӯҳоният, ки бигзарем, эрониён низ мисли ҳамаи мардумони дигар нуқоти олам зиндагӣ мекунанд.

Ҷомеъаи эронӣ аз мавзӯъоти фавқ ба унвони "исмашу [исмаша/исмашро] набар" гузар кардааст. Хонаводаҳо, ҳатто суннатитарини онҳо, бо ин мавзӯъот роҳаттару бозтар аз гузашта бархӯрдор мекунанд ва талош мекунанд, роҳе барои мусолиҳа ва ҳамзистӣ пайдо кунанд.

Аммо ҳукумат ва бархӯрдорон аз қудрату сарвати он баъд аз иртикоби ҳар амали ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқии мумкин дар се даҳаи гузашта танҳо тазоҳур ба ахлоқи ҷинсиро роҳи наҷот медонанд.

Тасовири Гулшефта танҳо нӯки кӯҳи яхеро нишон медиҳанд, ки чашмони баста дар Эрон аз он мегурезанд. Киштии Тойтоники низом бо ин кӯҳи ях, ки ҳар рӯз бузургтар низ мешавад, бархӯрд карда, аммо мақомоти киштӣ намехоҳанд вазъияти дар ҳоли ғарқ шудани онро бипазиранд.

Таноқузе намебинанд

Ду даҳа аст, ки идеулужии исломгароӣ дар матни ҷомеъаи Эрон табхир [бухор] шудааст. Ин бадин маънӣ нест, ки мардум мусалмониро раҳо кардаанд: аксарияти мардуми Эрон мусалмонанд ва дар айни азодорӣ барои Имом Ҳусейн обҷав ё шаробашонро низ менӯшанд ё дар айни рӯза гирифтан дар моҳи рамазон ё намоз хондан дар Шаби қадр дар савоҳили Онтолиё бо бикинӣ ба дарё ҳам мераванд.

Ҳамин корҳоро бисёре аз мардумони мазҳабӣ дар дигар ҷоҳои дунё низ мекунанд ва таноқузе намебинанд. Гуноҳи Гулшефта фақат ин аст, ки дар муқобили дурбин ин корро кардааст.

Ҳатто мақомоти ҳукуматӣ низ ин таноқузҳоро дарк мекунанд. Танҳо дулорҳои нафтӣ ва қувваи қоҳираи [ғолиби] сипоҳанд, ки ҳанӯз аз дарки таҳаввулоти иҷтимоъӣ оҷизанд ва бо эъмоли шариъат ҳукумати диниро сарпо нигаҳ доштаанд.

Агар дар даврони Хотамӣ мардум мехостанд бо ин идеулужӣ мумошот [мудоро] кунанд, то таҳи мондаҳои он худ ба худ ва ба тадриҷ даст аз сари мардум бардорад, дар даврони Аҳмадинажод тасмим ба талоқ гирифтаанд.

Кофӣ аст чанд моҳ будҷеҳои даҳҳо милёрд дулории давлатӣ ва ҳукуматӣ барои ҳавзаҳои илмия [мадрасаҳои динӣ] ва ниҳодҳои динӣ қатъ шавад ва сипоҳиён фақат ҳуқуқи давлтии хешро дарёфт кунанд: он гоҳ хоҳем дид, чӣ қадр рагҳои гардан баро пайкари нимаъурёни як зан сифт хоҳад шуд.

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.