bbc.co.uk navigation

Иттиҳодияи Урупо таваққуфи хариди нафт аз Эронро тасвиб кард

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 23 Январ соли 2012 - 17:55

Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Урупо рӯзи душанбе, 23 январ (севвуми баҳман) дар нишасте дар Бруксел расман бар сари тавқифи харид ва воридоти нафт аз Эрон ба тавофуқ расиданд.

Таҳримҳои ҷадиди Иттиҳодияи Урупо ба манзури афзоиши фишорҳо барои таваққуфи фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон эъмол мешавад.

Ин таҳримҳо, ки ба тасвиби намояндагони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Урупо расидааст, шомили таваққуфи фаврии қарордодҳои ҷадид бо Эрон барои хариду фурӯши нафти хом ва фаровардаҳои (маҳсулоти) нафтӣ мешавад.

Хабаргузории Руйтез гузориш додааст, ки интизор меравад давлатҳои Иттиҳодият Урупо инъиқоди қарордодҳои ҷадиди нефтӣ бо Эронро аз лаҳзаи иҷроӣ шудани ин мамнуъияти ҷадид, ки метаваонад аз ҳамин ҳафта бошад, мутаваққиф кунад.

Дар айни ҳол, дар ин мусавваба иҷоза дода шудааст, то қарордодҳои кунунии нафтӣ бо Эрон то моҳи июл (шаш моҳи оянда) ҳамчунон иҷроӣ бошанд.

Осушейтед Прес ба нақл аз Вилём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, ин тасмими Иттиҳодияи Урупоро бахше аз "як маҷмӯъа таҳримҳои бесобиқа" хонд. Оқои Ҳейг гуфт, ки Бритониё ба дунболи эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Эрон аст, чун фаъолиятҳои ҳастаии Эрон барои Бритониё тавҷеҳпазир нест.

Ба асоси гузоришҳо, Иттиҳодияи Урупо дороиҳои Бонки марказии Эронро ҳам масдуд хоҳад кард.

Дар қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон хоста шуда то замоне ки ҷомеъаи байналмилалӣ аз ғайринизомӣ будани фаъолиятҳои атумии ин кишвар итминон ҳосил накардааст, бахше аз фаъолиятҳои атумии худ ба хусус ғанисозии урониюмро мутаваққиф созад ва зимни ҳамкории наздиктар бо Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ иттилоъоти комил ва шаффоферо дар мавриди фаъолиятҳои ҳастаии худ дар ихтиёри ин ниҳод қарор диҳад.

Амир Пойвар, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Бруксел мегӯяд, ки эҳтимол дорад, ки дар сурати афзоиши баҳои нафт дар пайи таҳрими нафти Эрон Иттиҳодияи Урупо дар моҳҳои оянда дар хусуси ин таҳримҳо таҷдиди назар кунад.

Дар пайи эъломи таҳрими нафти Эрон аз суи Иттиҳодияи Урупо баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ афзоиш ёфтааст. Дар муъомилоти рӯзи душанбе, қимати ҳар бушка нафти хоми бренти дарёи Шимол барои таҳвил дар моҳи март ба 11 дулору 63 сент расид. Қимати ҳар бушка нафти хоми Вест Тегзос Интермедиейт ҳам ба 99 дулору 31 сент эълом шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Руйтерз Русия дар вокуниш ба ба тасмими Иттиҳодияи Урупо гуфтааст, ки иқдомоти якҷониба алайҳи Эрон роҳкори муносибе барои ҳалли ихтилофоти Эрон бо Ғарб нест ва Русия ҳамчунон аз идомаи музокирот ҳимоят мекунад.

Русия ибрози умедворӣ карда, ки гуфтугӯҳо миёни Эрон ва кишварҳои ғарбӣ идома пайдо кунад.

Ҳанӯз давлати Эрон вокунише расмӣ ба тасмими Иттиҳодияи Урупо нишон надодааст. Бо ин ҳол бархе аз мақомоти эронӣ тасмими Иттиҳодияи Урупоро маҳкум кардаанд.

Аз ҷумла Муҳаммад Кавсарӣ, ноиби раиси Кумисюни Амнияти Миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс гуфтааст, ки дар сурати таҳрими нафти Эрон нафт ба муштариёни ғайриурупоӣ фурӯхта хоҳад шуд ва агар ихлоле дар фурӯши нафти Эрон анҷом шавад, "қатъан тангаи Ҳурмуз баста хоҳад шуд."

Ӯ афзуд агар Омрико баъд аз баста шудани тангаи Ҳурмуз ба дунболи "моҷароҷӯӣ" бошад, Эрон "дар камтарин замони мумкин дунёро барои омрикоиҳо ноамн хоҳад кард." Пештар низ мақомоти Эрон таҳдид карда буданд, ки дар сурати ҳар таҳдиде алайҳи Эрон тангаи Ҳурмуз баста хоҳад шуд.

Меҳдии Меҳдизода, сухангӯи дигари Кумисюни Амнияти Миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлис ба хабаргузории донишҷӯёни Эрон, ИСНО гуфтааст, ки ин таҳрими тадриҷӣ аст ва хеле амалӣ нест, банобар ин асари чандоне надорад.

Ӯ гуфт: "Таҳрими нафтии Эрон шояд то ҳудуде ба зарари кишвар шуда ва боъис шавад, ки маҳсулоти худро арзон бифурӯшем, аммо мо низ дар дунё ба андозаи кофӣ барои нафти худ муштарӣ дорем."

Дар вокунише дигар Алии Фаллоҳиён, вазири пешини иттилоъоти Эрон ба хабаргузории Форс гуфт: "Беҳтарин роҳ ин аст ки мо қабл аз поёни 6 моҳ ва иҷроӣ шудани тарҳи таҳримҳои нафтӣ худамон содироти нафтро мутаваққиф кунем, то қимати нафт боло биравад ва барномаҳои урупоиҳо, ки бо тавофуқи Омрико тасмим ба таҳрими нафтии кишварамон гирифтанд, ба ҳам бирезад."

Эрон бо таъкид бар ғайринизомӣ будани барномаҳои атумии худ ин қатъномаҳоро ғайриқонунӣ хонда ва аз пазириши онҳо худдорӣ кардааст.

Иттиҳодияи Урупо наздик ба 20 дарсади нафти содиротии Эронро ворид мекунад.

Нафти содиротии Эрон бахши қобили таваҷҷуҳе аз воридоти нафтии Итлолиё ва Юнонро ташкил медиҳад ва гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир Эрон барои харидорони нафтӣ имтиёзот ва тасҳилоти беҳтареро нисбат ба соири содиркунандагони нафти хом манзур медорад.

Ҳусайн ибни Юсуф, таҳлилгари масоили нафтӣ ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки дар сурати таҳрими нафти Эрон эҳтимол дорад, ки Русия нафти мавриди ниёзи Иттиҳодияи Урупоро таъмин кунад, ки дар ин сурат вобастагии нафтии Урупо ба Русия бештар мешавад, чизе ки Омрико чандон аз он хушнуд нахоҳад шуд.

Дар айни ҳол бо интишори хабарҳои марбут ба таҳрими эҳтимолии хариди нафти Эрон мақомоти расмии Арабистони Саъудӣ ва Либӣ эълом карданд, ки дар сурати камбуди ношӣ аз қатъи содироти нафти хоми Эрон ҳозиранд тавлид ва арзаи нафти хоми худро афзоиш диҳанд.

Бар асоси гузоришҳо Юнон, ки барои таъмини ниёзҳои худ ба хариди нафти хом аз Эрон вобаста аст. Пеш аз ин хоста буд то мусаввабаи Иттиҳодияи Урупо дар қатъи нафти воридотӣ аз Эронро зарфи як сол ба иҷро бигзорад, вале саранҷом мувофиқат кардааст то дар панҷ моҳи оянда, яъне то аввали моҳи январ воридоти нафт аз Ҷумҳурии Исломиро комилан қатъ кунад.

Ҳамчунин гузориш шудааст, ки чун қатъи иртиботи бонкӣ бо Эрон душвориҳоеро барои бозпардохти мутолиботи Эрон ба Итолиё ба дунбол дорад, ба Итолиё иҷоза дода мешавад, то ҳамчунон дар қиболи мутолиботи молии худ аз Эрон нафти хом дарёфт кунад, ки бидуни афзудан ба авоиди молии Ҷумҳурии Исломӣ мизони нафти қобили судури он кишварро низ коҳиш медиҳад.

Дар айни ҳол давлати Олмон гуфтааст, ки дар сурати қатъи муровидоти бонкӣ бо Эрон нисбат ба дарёфти мутолиботи молии худ аз ин кишвар нигарон аст.

Бо тасвиби таҳримҳои ҷадид иртиботи тиҷории ширкатҳо ва шаҳрвандони узви Иттиҳодияи Урупо бо Эрон ба далели таҳрими мубодилот бо бонки марказии ин кишвар душвортар мешавад ва таҳрими содироти тало, филизот ва сангҳои қиматӣ ба Эрон эҳтимолан бар бозори талои ин кишвар таъсир мегзорад.

Таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо дар шароите алайҳи Эрон эъмол мешавад, ки Омрико камтар аз ду моҳ пеш таҳримҳои якҷонибаеро алайҳи Эрон ба иҷро гузошт.

Дар чорчӯби маҳдудиятҳои ҷадиди давлати Омрико иртбототи бонкии шаҳрвандон ва муассисоти тиҷории омрикоӣ бо Юонки марказии Эрон мамнуъ шудааст ва муассисоти хориҷӣ ҳам агар бо ин бонк иртибот барқарор кунанд, ҳадафи маҳдудиятҳое дар заминаи дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ ва тасҳилоти молии Омрико қарор мегиранд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.