bbc.co.uk navigation

Бадахшон: Афзоиши эътиёд ба маводди мухаддир дар минтақа

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 23 Январ соли 2012 - 11:40

Афзоиши гирифторӣ ба маводи мухаддир дар ҳолест, ки сокинони шаҳри Хоруғ аз густариши зиёди муходирот дар мантақа изҳори нигаронӣ мекунанд

Шумори муътодон ба маводди мухаддир дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2011 мелодӣ нисбат ба соли 2010 беш аз се дарсад афзоиш пайдо кардааст.

Дар ин бора ба Би-би-сӣ Маҳрам Азизмаҳмадов масъули “Волонтёр”, як созмони иҷтимоъии мубориза алайҳи маводди мухаддир дар мантақа иттилоъ дод.

Ӯ гуфт агар дар соли 2010 мелодӣ дар сартосари вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 864 нафар сабти ном шудаанд, дар соли 2011 мелодӣ ин шумор ба 892 нафар расид.

Оқои Азизмаҳмадов мегӯяд барои бори аввал дар соли гузаштаи мелодӣ афзоиши шумори занҳои муътод дар мантақа низ ба чашм мехӯрд. Ба гуфтаи вай аз ҷумлаи 892 нафар муътод 7 нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки қаблан теъдодашон ба маротиб камтар будааст.

Аз сӯйи дигар, Мӯсо Мардонов, равонпизишк ва масъули маркази мудовои муътодон дар Кӯҳистони Бадахшон ҳам афзоиши теъдоди афроди муътод дар мантақаро таъйид карда гуфт, ки шумори афроди муътоди сабтшуда дар марказ дар соли 2011 нисбат ба соле пеш чаҳордаҳ адад болотар аст.

Бино ба гуфтаи Маҳрам Азизмаҳмадов синну соли миёнаи муътодоне, ки нав ошкор ё сабтином шудаанд аслан аз 30 сол боло аст ва дар миёни онҳо ҷавонони наврас мушоҳида намешаванд.

Афзоиши гирифторӣ ба маводи мухаддир дар ҳолест, ки сокинони шаҳри Хоруғ маркази вилоят ва навоҳии бо Афғонистон ҳаммарз аз густариши зиёди муходирот дар минтақа изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ахиран теъдоди фурӯшгоҳҳои махфии маводди мухаддир дар минтақа хеле зиёд шудааст.

Муслима (номи мустаъор) сокини шаҳри Хоруғ, маркази вилоят, мегӯяд, ки аслан бештари аҳолӣ аз вуҷуд ва нишонии фурӯшгоҳҳои махфӣ бохабаранд, вале мақомоти марбутаи мубориза алайҳи маводди мухаддир барои ифшои чунин нуқот талош намекунанд.

Аммо ба гуфтаи сарҳанг Оризӣ Худододов, як масъули раёсати Ожонсии мубориза бо маводди мухаддир, вазъи густариши маводди мухаддир дар дохили вилоят куллан зери назорати ин ниҳод қарор дорад ва дар соли гузаштаи мелодӣ бо ҷаҳди ин муасссиса ду нуқтаи фурӯш дар шаҳри Хоруғ фош ва дар дохили вилоят беш аз 46 килуграм маводди мухаддир мусодира шудааст.

Бино ба гуфтаи оқои Худододов, дар ҳар ду маврид ҳам иттиҳом алайҳи фурӯшандагони маводди мухаддир собит шуда, онҳо ба зиндон маҳкум шуданд. Вале Муслима мегӯяд интиқолдиҳандаҳои аслии ҳеруин ва дигар анвоъи маводди мухаддир, манбаъҳои аслии паҳнкунии он дар Бадахшон ҳанӯз ифшо нашудаанд ва боздошти ду нафар “фарди кӯчаки ҷузъфурӯш дар ин бозор” дар миёни анбӯҳи куллифурӯшон натиҷае мусмир нест”.

Тавре Маҳрам Азизмаҳмадов, раиси созмони “Волонтер” гуфт фурӯшандагони аслии маводди мухаддир дар Бадахшон фурӯши ин маводдро тавре ба роҳ мондаанд, ки худашон ҳамеша пушти парда ва номаълум мемонанд.

Ба гуфтаи вай, умдафурӯшони маводди мухаддир ба унвони “барыга” ё паҳнкунанда ва фурӯшандагони аслии ин маводд дар қаламрави Бадахшон аз афроди муътод ба маводди мухаддир истифода мекунанд. Онҳо барои як рӯз ба чунин паҳнкунанда миқдори на он қадар зиёдро барои фурӯш ва барои худи ӯ “грамме чанд ҳадя” мекунанд.

Бино ба иттилоъи оқои Азизмаҳмадов, фурӯши ин маводд ҳамакнун ба як низоми муъайян даромадасст ва фурӯшандагон онро ба тарзи шоҳмот, яъне як рӯз дар як ҷой ва рӯзи дигар дар ҷойи дигар, паҳн карда ва ба ин тариқ аз чашми мақомоти пулис дур мемонанд ва боздошти онҳо мушкилтар мешавад.

Аммо Муслима, сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд “шаҳри мо хеле кӯчак аст ва афроди машғул ба фурӯши маводди мухаддирро тақрибан ҳама мешиносанд” ва боздошташон низ дар сари ҷиноят шояд кори душворе набошад, вале бо сабабҳои номаълум ин кор тӯл мекашад ва маводди мухаддир беш аз пеш дар минтақа паҳн мешавад”.

Бино ба маълумоти созмони “Волонтёр”, ки ҳадафи он мубориза бо паҳншавии маводди мухаддир дар минтақа ва муъолиҷаи муътодон аст, муътодони ин минтақа усулан аз ҳеруин истифода мекунанд, ки он ба қаламрави Бадахшони Тоҷикистон аслан аз Афғонистони ҳаммарз интиқол дода мешавад.

Афзоиши теъдоди муътодон ба маводди мухаддир дар ҳолест, ки ба гуфтаи манобеъи огоҳ ахиран қимати 1 покет ҳеруин (0,2 грам) барои як миқдори истифода (доза) дар Хоруғ сад дарсад боло рафтааст. Ду се моҳе қабл қимати як покет 5 сомонӣ буд, ҳамакнун баҳои он то 10 сомонӣ ё ҳудуди 2 дулори Омрикоро ташкил мекунад.

Тибқи маълумоти пулиси шаҳр, дар се моҳи ахир дуздӣ дар қаламрави ин шаҳр ба маротиб афзоиш ёфтааст. Ин мақомот афзоиши дуздиро ба боло рафтани қимати ҳеруин дар мантақа марбут медонад, зеро бино ба маълумоти ин манбаъ, тақрибан куллияи муътодон бидуни кору шуғл ва манбаъи даромад буда ва дуздӣ барояшон василаи аслии пулёбист.

Ним соле қабл, бемористони дармони муътодон дар шаҳри Хоруғ роҳандозии методун, як навъи маводи шимиёии ҷойгузини ҳеруин, барои муъолиҷаи муътодони маводи мухадирро шурўъ кард.

Қарор буд бо ин роҳ тавсеъаи истифода ва фурӯши ҳеруин дар мантақа боздошта шавад. Вале ба гуфтаи бархе аз коршиносон, дар ҳоли ҳозир таъсир ва самари ин дору ҳанӯз комилан эҳсос намешавад ва бисёре аз муътодон баъд аз дарёфти методун низ аз кори худ даст накашидаанд ё ба қавли маъруф, даст ба тавба назадаанд.

Тибқи иттилоъи маркази дармони муътодон дар Кӯҳистони Бадахшон, дар соли 2011 танҳо дар шаҳри Хоруғ даҳ нафар марди ҷавон дар асари эътиёд ба маводди мухаддир ҷони худро аз даст додаанд. Аммо Муслима, як сокини ин шаҳр, мегӯяд шумори онҳо бамаротиб бештар аст, зеро на ҳамаи муътодон дар ин марказ номнавис шудаанд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.