Салмон Рушдӣ аз ширкат дар ҷашнвораи адабии Ҳинд инсироф дод

Ба рӯз шуда:  Шанбе, 21 Январ соли 2012 - 08:24
Салмон Рушдӣ

Салмон Рушдӣ аз ин ки натавонистааст ба ҷашнвораи адабии Ҳинд биравад, ибрози таассуф кардааст

Салмон Рушдӣ, нависандаи саршинос, аз ширкат дар ҷашнвораи адабии Ҷайпур инсироф додааст.

Ӯ гуфтааст, ки бо паёме видиюӣ бо мухотабони ин ҷашнвора сухан хоҳад гуфт.

Оқои Рушдӣ гуфтааст, ки пас аз эътирози теъдоде аз рӯҳониёни бонуфузи мусалмон ба ҳузури ӯ дар Ҳинд, аз ин ки ҳадафи суиқасд қарор бигирад, метарсад.

Ӯ қарор буд дар ҷашнвораи адабии Ҷайпур, ки рӯзи ҷумъаи 20 январ шурӯъ шуд, суханронӣ кунад.

Оқои Рушдӣ гуфт, ки "манобеъе" ба ӯ хабар додаанд, ки "теруркунандагон мумкин аст дар роҳи Ҷайпур бошанд, то ӯро бикушанд."

Салмон Рушдӣ солҳо пеш бо навиштани румони "Оёти шайтонӣ", ки соли 1988 мунташир шуд, мӯҷиби хашми дунёи мусалмон шуд. Бисёре аз мусалмонҳо ин китобро мӯҳин (тавҳиномез) қаламдод карданд.

Ӯ пас аз судури фатвои қатлаш аз сӯйи Оятуллоҳ Хумайнӣ, раҳбари вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар моҳи феврали соли 1989 солҳо ба сурати махфиёна зиндагӣ мекард.

Оқои Рушдӣ қарор буд дар рӯзи ифтитоҳияи ҷашнвораи адабии Ҷайпур суханронӣ кунад.

Баргузоркунандагон чанд рӯз пеш эълом карданд, ки тағйире дар барнома эҷод шудааст ва номи ӯро аз феҳристи суханронон ҳазф карданд (андохтанд).

Салмон Рушдӣ дар баёнияе, ки дар ин ҷашнвора қироат шуд, навиштааст: "Манобеъи иттилоъотӣ дар иёлатҳои Моҳороштро ва Роҷистон ба ман иттилоъ доданд, ки теруристҳое аз дунёи зерзаминии Мумбой (Бумбеӣ) пул гирифтаанд ва дар роҳи Ҷайпуранд, то маро аз байн бибаранд."

Оқои Рушдӣ гуфтааст: "Бо вуҷуди ин ки дар бораи диққати ин иттилоъот каме тардид дорам, вале агар дар чунин шароите ба ҷашнвора биёям, масъулиятнопазирӣ дар қиболи худам, хонаводаам, мухотабони ҷашнвора ва ҳамкорони нависандаам аст. Бино бар ин, ба Ҷайпур сафар нахоҳам кард."

Салмон Рушдӣ

Салмон Рушдӣ бо навиштани румони "Оёти шайтонӣ" хашми мусалмононро барангехт

Ин нависанда баъдан дар твиттери худ навишт аз ин ки дар Ҷайпур нест, хеле нороҳат аст ва ба сурати видиюӣ дар ҷашнвора сухан хоҳад гуфт.

Оқои Рушдӣ гуфта буд, ки ӯ барои дидор аз Ҳинд, зодгоҳаш, ниёз ба иҷоза надорад.

Дар ҳафтаҳои ахир дар миёни гурӯҳҳои мусалмони ҳиндӣ эътирозоти зидди Салмон Рушдӣ ба по шудааст.

Вилём Долримпел, нависанда ва аз баргузоркунандагони ин ҷашнвора, гуфтааст, ки тасмими оқои Рушдӣ барои парҳез аз ҳузур дар ҷашнвора "трожедии (мусибати) бузургест."

Ҳорӣ Кунзру, нависандаи саршинос, дар твиттери худ навишт, ки ғайбати Салмон Рушдӣ аз ин ҷашнвора "лаккаест (доғест) бар эътибори байналмилалии Ҳинд."

Салмон Рушдӣ дар соли 1947 дар Ҳинд ба дунё омада, аммо шаҳрванди Бритониёст ва бештари умри худро дар ин кишвар ба сар бурдааст. Дар солҳои ахир ӯ чанд бор ба сурати махфиёна ба Ҳинд сафар карда ва дар соли 2007 низ дар ҷашнвораи адабии Ҷайпур ширкат дошт.

Хабарнигорон мегӯянд, ки эътирозот дар бораи сафари Салмон Рушдӣ ба Ҳинд беиртибот бо интихоботи иёлатӣ дар Уттор Продеш нест.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳеч ҳизби сиёсӣ намехоҳад, ки ҷомеъаи мусалмонро нороҳат кунад. Мусалмонон 18 дарсад аз раъйдиҳандагон дар ин иёлатро ташкил медиҳанд.

Рӯзи 10 январ як мадрасаи улуми динӣ дар иёлати Уттор Продеши Ҳинд аз давлат хост, ки Салмон Рушдиро ба Ҳинд роҳ надиҳад, чаро ки "эҳсосоти мазҳабии мусалмононро дар гузашта хадшадор (харошида) кардааст."

Ҷашнвораи адабии Ҷайпур рӯзи ҷумъа бо ҳузури беш аз 250 нависанда ва шахсияти ҳунарӣ ва таҳти тадобири амниятии шадид оғоз шудааст.

Баровард мешавад, ки даҳҳо ҳазор нафар дар ин ҷашнвораи адабӣ ширкат кунанд.

Мойкл Ундотйе, Том Иступорд, ҳарду нависанда, Дейвид Ремник, рӯзноманигор ва Упроҳ Винфрӣ, аз чеҳраҳои саршиноси телевизиюнӣ дар Омрико, аз ҷумлаи меҳмонони ин ҷашнвораанд.

Дар ҳамин замина

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.